Хурофот зиёновар аст

Ҷомеаи башариро даҳсолаҳост, ки дар баробари задухӯрдҳои байни  абарқудратҳо мавҷи ақоиду амалҳои ифротгаронаи дар чодари афкори дин печида фаро гирифтааст. Дар ин росто ҷангҳои сарди иттилоотӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ авҷ гирифта, ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ  барои ҳифзи манфиатҳои хеш аз тамоми роҳу василаҳо истифода мекунанд.

Ҳама динҳои олам, хоса, дини ислом эътиқоди сидқ аст ва он барои инсонҳои эътиқодманд олитарин арзиш ба ҳисоб меравад. Вале ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бо истифода аз манфиатҳои динӣ ба амалҳои террористиву ифротгароӣ даст мезананд, ки боиси куштору маҳрумиятҳо гардидааст.

Мардуми эътиқод ба диндошта, зери таъсири эҳсосот ҳар чизи аз номи дин иброзшударо ба зудӣ қабул мекунанд. Ин нуктаро дастак карда, машинаҳои зудамали тарғиботии ташкилотҳои динӣ вожаҳои “ислом”, “ҷиҳод”, “шаҳид”, “кофар” ва амсоли инро нодуруст шарҳу тавзеҳ дода, бо хурофоти динӣ мардумро ба роҳгумӣ меандозанд, онҳоро аз асл ва ҷавҳари инсондӯстонаи дин дур карда, дар ақидаву тафаккури ҷавонон ниятҳои хатарзоро эҷод мекунанд. Бадбахтона, марказҳои таблиғотӣ чанд соли охир мақсадҳои муғризонаи худро амалӣ карда, мусулмононро бо ҳам ба оташи ҷанг андохтанд ва бо ин кирдорҳои манфур ба ҷаҳони ислом иснод оварданд. Ақидаҳои хурофотӣ инсонро аз ташаккули маънавӣ дар роҳи омӯзиши илмҳои дақиқ, технологияи муосири компютерӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, рушди ҷаҳонбинии солим, расидан ба кашфиёти нодири техникӣ ва муҳайё кардани зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу оянда бозмедорад. Хурофот, ки аслан, ба ақли солим ва мантиқи воқеии зиндагӣ мувофиқ нест, садди инкишофи ҷомеа мегардад.  Ақидаҳои хурофотӣ, ки на ба чорчӯбаи қонунҳои исломӣ ва на ба воқеияти зиндагӣ меғунҷанд, инсонро ба роҳҳои каҷ бурда, ҳисси ноумедиҳо ба зиндагии воқеиро дар замири ӯ ҷо мекунад…

Муҳимтарин василаи пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуб тавсеаи корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳист, ки ин масъулият ба дӯши  оила, мактаб, коргоҳ ва муҳити ҷомеа вогузор аст. Вусъат бахшидан ба раванди тарбияи худшниносиву ояндасозии миллӣ дар доираи як консепсияи мукаммали рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад бақои давлату давлатдорӣ бошад. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат роҳи яқинан дурусту ояндасози Ватан буда, аз ҳар фарди ҷомеа тақозо дорад, ки бо формулаи ягонаи “ваҳдати миллӣ, сидқан дӯст доштани Ватан ва бунёдкориву созандагиҳои барои ояндаи накутари Ватан” кору зиндагӣ намоем.

Зуҳуроти ақидаву амалҳои хурофотӣ, хусусан, ба наврасону ҷавонон зуд таъсиркунанда аст. Аз ин рӯ, дар ин айём вазифаи оила ва мактаб бештар мегардад. Зеро кӯдакону наврасон, ки одати пайравӣ ё тақлид доранд, аз ҳар амали калонсолон меомӯзанду аз рӯи он амал мекунанд. Омӯзгорон, ки шогирдон ба ҳарфу амали онҳо бештар бовар доранд, бояд дар навбати аввал худ аз чигунагии хурофот воқиф бошанд ва зарару зиёни амалҳои хурофотиро бо далелу мисолҳои амиқ ба шогирдон  фаҳмонанд. Гузаронидани соатҳои тарбиявӣ дар мавзӯъҳои  “Аз хурофот эҳтиёт шавед”, “Хурофот ва зиёни он”, “Решаҳои хурофот аз куҷо сарчашма мегирад” ва амсоли инҳо низ муфид аст.

Тозакориҳо дар олами маънавии аҳли ҷомеа аз ҳама ақидаҳои номатлуби хурофотӣ ба нафъи мардум ва бунёди ҷомеаи ҳақиқатан солим хеле зарур буда, рисолати инсониву шаҳрвандии кулли мардуми солимфикру бомаърифат ба ҳисоб меравад.

 

Муҳаммад ОРИФЗОДА

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *