Дар вактхои охир ашхоси дурӯя, хоин ва онҳое, ки бо андешахои бад нисбат ба давлат ва миллат доранд, бо анҷумане яке бо ном “озодандешон” ва дигар Гуруҳи 24 таъсис дода, пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезанд. Баҳсу мунозираҳо намуда, амалҳои бемазмуну бемавридро баен менамоянд. Ин гурух одамон, мехоханд мардумро ҷалб суи терроризм ва экстремизм намоянд.
Шахсони бо ном “озодандешон” ва дигар ифротгароён намедонад, ки шахси солимақл, соҳибистеъдод, ифтихори оила ва саодатмандии кишвар аст, аммо баръакси ҳол, яъне шахси фитнаангез доғи дили падару модар, дарди ҷомеа, омили низоъ ва фитнаҳои навбатӣ мебошад. Хуб мешуд, ки ба ҷойи ин корҳои иғвоангезона, корҳои хайр ба мисли пешниҳод кардани ғояҳои созанда барои инкишофи мамлакат ва ғайра машғул шуда, ба дигарон, хусусан ба ҷавонон ҳамчун намунаи ибрат мешуданд.
Ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки шахси солимақл, ки барои муттаҳидию ваҳдатофарӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқӣ ва инкишофи давлат кушиш менамояд, байни ҷомеа нуфуру эътибори хосса пайдо мекунад, вале баръаксии ин хислатҳо бадбахтии роҳгумзада мебошад. Бо ин ду-се нодону ҷоҳил, ки худро “озодандеш” меноманд ва ҳар кӣ ба монанди онҳо хару худфурухта нест, ба қавли Сино “кофираш мехонанд” мегӯям, ки ба хотири ваъдаи ночизи бегонагон амал накарда, худро шарманда насозанд!
Пулотова М. Г