Санҷиши омодагии ҷангии «Марз-2021»

Соати 4-и субҳи имрӯз, 22 июли соли 2021, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар саросари мамлакат санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» оғоз гардид.
Меҳрвари баргузории санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» дар толори Қасри варзиши Хуҷанд муайян гардида, комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд подполковник Қурбоналӣ Сулмонзода чорабиниро оғоз намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон табдил ёфта, имрўз қодиранд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд. Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани ҷараёни корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рўз аз рўз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд.
Дар ҷамъомади санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» директори ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд Ҳомид Ҳошимзода баромад намуда, зикр дошт, ки бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем. Зеро ҳимояи амнияти давлат ва ҳифзи оромии ҷомеа барои мо вазифаи муқаддастарин, муҳимтарин ва афзалиятноктарин буда, мо ин корро бо кадом қимате, ки бошад, анҷом медиҳем.Вазифаи аввалиндараҷаи мо дар вазъияти мураккаби баамаломада, пеш аз ҳама, таъмин кардани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва сафарбар намудани тамоми имкониятҳо ба ин самт мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *