Вақтҳои охир хоинони давлату миллат, бахусус Кабирию Муҳаммадиқбол тариқи барномаи ифротиашон дар шабакаҳои иљтимоӣ баромад намуда, дастоварду пешравиҳои кишварамонро нодида гирифта, суханҳои беасоси иѓвогаронаи худро нисбати давлату ҳукумат беасос баён менамоянд. Хоинони миллат бо ин роҳ боз ба оромиву суботи кишварамон халал ворид сохта, намехоҳанд, ки дар кишвари мо оромӣ ва осудагӣ бошад. Муҳиддин Кабирӣ, номи ҳизбро “Паймони миллӣ” (ПМ) ном гузошта, бо ҷонибдорони ангуштшумораш дар Аврупо паноҳ ёфта, намояндагӣ дорад ва худро “мусичаи бегуноҳ” – и бозиҳои сиёсӣ вонамуд карда, тан мегирад, ки аз ин ташаббуси пури адовату кина танҳо аз “баъзе шиносҳо” бохабар шудаасту ягон ҳизби сиёсӣ ё чеҳраи “маъруф” – и сиёсии тавоное нест, ки чунин тазоҳуротро ташкилу барпо намояд. Бояд ёдовар шуд,ки амали хиёнат дар арзишҳои ахлоқии инсоният бадтарин амал аст, зеро хиёнат ҳамаи арзишҳои инсониро ботил месозад ва нафари хоин сифати инсониро аз даст медиҳад. Ватан нишон медиҳад ки дар асл иҷрокунандаи дастури роҳбарияти ТТЭ ҲНИ-ПМ ва сарпарастони хориҷӣ ин ҳодисаҳоро собит сохт. Хоинони давлату миллат қоил мешаванд, ки ҳокимияти қонунии кишвар мавқеи тавоною устувори ҳамбастагӣ бо халқ ва ҳам дар миқёси ҷаҳонӣ дораду ҳеҷ гоҳ кӯшиши табаддулоти давлатӣ муваффақи ниятҳои нопокаш намешавад. Ба хориҷа гурехтани Кабирӣ ва аз дасти хориҷиҳо дастгири ёфтани он ҳам ба ҳамин омилҳо ишорат мекунад, ки Кабирӣ дастнишондаи дасти террористони байналмилалист. Бо боварии комил метвон қайд кард, ки љавонони даврони соҳибистиқлол ба иғвою тӯҳматҳо, ғайбату дасисаҳо ва фиребу найрангҳои бадхоҳони дохилию хориҷӣ амсоли ТТЭ ҲНИ – ПМ ва пайравонаш фирефта нашуда, суханҳои иѓвоангезашонро шадидан маҳкум мекунанд. Баробари ин дар фарљоми андешаи хеш бо тфтихор қайд мекунем,ки ммрӯз, мамлакати соҳибистиқлоламон бо баракати сулҳу Ваҳдати миллӣ ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, пайваста рушд мекунад. Воқеан рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварамон, таљлили љашни 30- умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон дар роҳи интихобкардаи худ устуворона қадам гузошта, ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расидааст ва дар ин роҳ ба душманону хоинони миллат ҷой нест. Хоинони миллат пурра сифати инсониро аз даст додаанд!
Р.АНВАРӢ, ассистенти
кафедраи молия ва қарз