

Пӯшида нест, ки хоинони фирории миллат, аз ҷумла раҳбарияту ҳаммаслакони собиқ ҲНИ, ки алҳол Паймони миллӣ…”ном дорад, имрӯзҳо дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, бахусус тавассути шабакаи иҷтимоӣ баромадҳо намуда, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ менамоянд. Вобаста ба фаъолияти қаблии мухолифин ёдовар шуда, қайд менамоем, ки Сарвари давлатамон аз гуноҳи онҳо гузашт карда, ҳатто то 30 фоизи ҳайати Ҳукумат аз ҳисоби намояндаҳои мухолифин таъин карда шуд. Ба ҳамаи ин аҳду паймон таҳаммулпазирии ҳукумату давлат нигоҳ накарда, роҳбарону аъзоёни собиқ ҲНИ оқибат ба намакдон туф карданд. Ин тӯдаи хоинон то ҳол ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, ба иғвогарию тўҳмат овора буда, барояшон хостаҳои хоҷаҳои хориҷӣ болотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад. Суол ба миён меояд! Чаро мо, маҳз номи “Паймони миллӣ”-ро ба забон овардем? Чунки таърихи башар исбот кардааст, ки ҳама абарқудратҳо маҳз бо таъсису ташкил намудани ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломиву характери динӣ дошта ва бо маблағгузориҳои ҳангуфт, дар ин ё он давлатҳои рушдкунанда ва маҳз ба давлатҳои бо ном исломӣ, ҳадафҳои ниҳоии худро роҳандозиву амалӣ менамоянд. Воқеан, раҳбарияту хамммаслакони “Паймони миллӣ” бевосита бо маблағгузоргузорӣ хоҷаҳои хориҷиашон ба пешравию тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон халал ворид намудан кўшиш доранду боз чандин солҳо рушди кишварро ба ақиб андозанд. Барои тасдиқ мисол меорем, ки дар давоми моҳи октябри соли равон, яке узви фаъоли наҳзатиҳо Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҷалби ҳамммаслакону шогирдони ифротиаш бо баҳонае оид ба масоили маҳдудияти барқ баромадҳои иғвоангезӣ намуда, ҳамагонро санаи 1 ноябри соли равон ба тазоҳурот даъват кард. Ин навбат низ нақшаи хиёнаткоррии наҳзатиҳо амалӣ нагашт. Хулоса, ба хоинони миллат хотиррасон намуда, гуфтанием, ки мо ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлол ҳастем, фикру андешаи солим дорем ва аз таърихи навини кишвари хеш бохабар ҳастем. Умуман, мардуми шарифи Тоҷикистон, якдилу яктанем, рўҳи шикастнопазир дорем. Барои мо беҳтарин неъмат сулҳу субот аст ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.
А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ