Хоинии наҳзатихо ошкор шуд!

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо кормандони соҳаи прокуратура ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат борҳо таъкид намуданд: «Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар масъулияти дучанд тақозо мегардад.

Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд, пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад».

Ба мо маълум аст, ки барои чи Сарвари мамлакат оид ба вазъи гоеополитикии ҷаҳони муосир  бохавотирӣ ва огаҳона сухан меронанд, ки вазъияти баамаломада дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад, на танҳо ба оромию осоиштагии рӯзгори мардуми мо, балки ба аксари мамолики тараққиёбанда ва ё ақибмонда, таъсири басо калон расонад. Ифротгароии миллию мазҳабӣ ва ривоx ёфтани терроризму экстремизм дар даҳсолаи охир тамоми аксари сиёсатмадорони ҷаҳон ва инсонҳои ба сиёсатшиносию ҷомеашиносӣ машғулро низ ба таҳлука овардааст. Ин падидаи номатлуб аз аҳди қадим вуҷуд дошт ва дар шакл ва бо тарзҳои гуногун амал мекард, аммо таърихнигорону сиёсатшиносони муосир ҳатто санаю санадҳои аниқу амиқи пайдоиш ва ташаккулу паҳншавии ифротгароӣ, экстремизм ва терроризмро дар замони муосир бозгӯ кардаанд.

Худи ифротгароӣ ё худ экстремизм дар марҳилаи нави пайдоиш ва инкишофи сохти капиталистии ҷамъият аввалин маротиба солҳои 1798-1820- бо мақсади сарнагун намудани сохти давлатдорӣ дар  Фаронса, Ирландия, Македония, Сербия, Италия, Испания ва як катор давлатҳои дигар ба вуҷуд омадааст. Раванди дуюми хурӯҷи терроризм ба охирҳои асри 19 рост меояд. (Барои исбот ва таҳлилу таҳқиқи ин гуфтаҳо далелу мисолҳои зиёде овардан мумкин аст, аммо мо худдорӣ мекунем, зеро ҳадафи мо бозгӯи таърихи гузаштаи ин раванди номатлуб нест).

Марҳилаи нави терроризм аз солҳои 1960-1970 сар шуда, дар қарни ХХ, ки дар таърихи ҷаҳон чун асри тараққиёти басо босуръати тамоми соҳаҳои хоҷагии халқу техникаю технология ва тафаккуру шинохти ҷаҳон маҳсуб мешавад, «терроризми сиёсӣ» ном гирифтааст. Ин террор асосан баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон дар давлатҳое, ки иқтисодиёташон босуръат тараққӣ мекард  ва  сохторҳои иҷтимоии давлатдорӣ аз раванди иқтисодӣ қафо мемонданд, чун Итолиё, Олмон ва Япония пайдо шудааст.

Ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон низ  солҳои 90-уми асри гузашта сар шуда баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ бӯҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вуҷуд овард. Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз ҷониби фишангҳои ҳокимияти иҷроия ва давлатӣ ғайриимкон гардид, ба он боис шуд, ки зуҳуроти таҳдид ва зӯроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кушояд.

Аз ин истифода бурда намояндагони ташкилотҳои террористию экстремистӣ ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намуданд. Онҳо, пеш аз ҳама, ба торҳои эҳсоси мазҳабию динӣ нохун зада, аҳолиро ба масчидҳо ва тавассути онҳо ба фикри амалӣ намудани мақсаду мароми худ ҷалб намуданд. Аз ин лиҳоз муассисони чанде аз ҳизбу ҳаракатҳои навтасъсиси ҳамонвақта бо баҳонаи ҳифз кардани дин ва аҳли тақво ба баъзе аз ташкилоту созмонҳои ба ном хайриявии мамолики дигар, аз ҷумла давлатҳои исломӣ муроҷиат намуданд.

Дар чунин вазъият давлатҳои исломӣ ин равандро истифода бурда, бо тезӣ ва мақсаднок онҳоро маблағгузорӣ карданд. Аз тарафи дигар, вуҷуд надоштани назорати қатъӣ, бемасъулиятӣ дар қисмҳои ҳарбие, ки аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ монда буданд, ба он оварда расонид, ки онҳо ба фурӯхтани яроқу аслиҳа ба гурӯҳҳои гуногун ва созгор кардани муҳимоти ҷангӣ оғоз намуданд. Бар замми ин, сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон бе назорати қатъӣ монд, ки дар ҳудуди он гурӯҳҳои зиёди террористӣ арзи вуҷуд мекарданд.

Ҳамаи ин ба он оварда расониданд, ки дар ҷумҳурӣ яку якбора гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистии яроқнок пайдо шуда, бо мақсади ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва дигар кардани сохти давлатдорӣ  фаъолияти худро оғоз намоянд

Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд.  Тибқи ин қонун, терроризм – яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан  ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад.

Терроризм бевосита ба амнияти Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад.

Аз ҷониби роҳбарияти мамлакат ба масъалаи мазкур диққати басо ҷиддӣ дода шуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар» дар тарбияи фарзанд яке аз сарчашмаҳои ғофил мондани наврасону ҷавонон аз ҳодисаву воқеаҳои таъсиркунанда ба оромии кишвар мебошад.

Яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ пеш аз ҳама ташкили мактабу гурӯҳҳои ғайрирасмии динӣ аз тарафи руҳониёни алоҳида мебошад, ки омӯзиши ғайриқонунии рукнҳои исломро барои наврасон  ва ҷавонон ба роҳ мондаанд.

Мубориза алайҳи падидаҳои нохалаф натанҳо вазифаи равшанфикрон,балки вазифаи ҳар фарди Ватандусту гумманист, ҳар шахси комилҳуқуқӣ ҷомеъа аст. Имрӯзҳо, ки ҳизби наҳзати ислом дар тамоми дунё ҳамчун хоин ҳисоб меёбад, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ин ҳизб лаънат мехонанд.

 

Абдузуҳурова З. Б.,

УСТОДИ КАФЕДРАИ

НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *