Хоини давлату миллат роҳбари ҲНИ ва ҳаммаслакони ӯ!

 

             Имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ аз ҷониби хоинони давлату миллат бо баҳонаи сиёҳ намудани симои кишвар ҳар гуна матолибро ба нашр мерасонанд, ки албатта боиси нигаронист. Яке аз чунин матолиб роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ аст, ки бо супориши хоҷагонашон кӯшиши халалдор намудани амнияту сулҳ ва суботу оромии ҷомеаро доранд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳиллаю найранги ин хоинон тасодуфӣ ва ғайричашмдошт нест. Мардуми кишвар аз амалҳои ноҷавонмардонаи онҳо хуб воқиф ҳастанд.  Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ симои ҳақиқии ҲНИ-ро мардуми тоҷик бо чашми сар диданд ва аз он хулосаи лозимӣ бардоштанд. Яке аз ҳадафҳои аслии ҷараёни тундрави террористӣ расму оинҳои миллии моро ба муҳтавои дини мубини Ислом мухолиф нишон додан аст. Ҳадафи дигари ин ҷараёни экстремистӣ дур намудани мардум аз арзишҳои аслии миллӣ ва динӣ мебошад, ки онҳо мехоҳанд эҳтиром ба бузургон, падару модар, идҳои миллӣ, фарҳангӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллиро байни мардум заиф намуда, аз байн баранд.

Хиёнати  ҲНИ ба хотири манфиатҳои молиявии хоҷагони хориҷиашон мебошад, ки зидди миллату Ватани худ душманӣ доранд.

Дар тӯли таърих халқу миллат хиёнат ба Ватан-Модар, давлат ва мардумро набахшидааст. Дар урфият хуб гуфтаанд, ки хиёнаткор Ватан надорад. Муҳиддин Кабирӣ ҳам бо тамоми маънояш хоини Ватан аст.

ҲНИ аз замони зуҳури хеш то имрӯз ҳеҷ гоҳ бо роҳи ором ва осоишта муборизаи сиёсиро дар миён нагузоштааст. Ҳамеша ё бо роҳи террори ақидатӣ ё аз роҳи ҷангу хунрезӣ барои расидан ба ҳадафи хеш кӯшиш намудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз Тоҷикистон дар роҳи ободониву созандагӣ, бунёдкориву офарандагӣ устуворона қадам ниҳода, дар таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як сокини кишвар кўшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст. Ободшавии мунтазам дар кишвар, сохтмонҳои бонуфузи нақбу нерўгоҳҳо, роҳҳову марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, корхонаву муассисаҳо дар дили шаҳрвандони Тоҷикистон муҳаббатро ба сарвари хирадманду ҳалимаш афзун гардонида, ризоияти онҳоро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дучанд месозад.

 Нест бод хоинони Ватан!

 

   Дотсенти кафедра 

Қобилов Нарзулло

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *