ХОИН ВАТАН НАДОРАД.

Дар фосилаи ками таърихӣ дар давраи 30 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.

Ҳадафҳои асосии кишвар ҳифзи манфиатҳои олии кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини амнияти миллӣ, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳо, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони кишвар, таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилали мебошад. Тоҷикистонз байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷабҳаи аввали мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад.

Имрузҳо бояд шукронаи сулҳу ваҳдатамонро кунем, ки дар фазои орому озод зиндагӣ ба сар бурда истодаем. Нагузорем, ки гурӯҳҳои ифротгаро ба сулҳу суботи  сарзамини биҳиштосои Тоҷикистони мо халал ворид созанд. Дар ин замони ҳассос ҳушёрию зиракии ҳар ҷавони кишвари соҳибистиқлоламон метавонад барои ҳимояи якпорчагии ватани азизамон хизмат кунад.

Ҷавонони даврони истиқлолият ояндасози кишваранд ва барои тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву, ватанпарастӣ тамоми шароитҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар муҳайё карда шудааст. Нафаре, ки ба қадри ин ғамхориҳо намерасад ва онро бо ҷавоби ғаразнок ифода менамояд, нохалаф, кӯрнамак аст. Агар ӯ ватандӯст мебуд, барои пешбурди кишвар саҳм мегузошт. Ба ин зумра гуфтаниам: Аз дастат ояд, саҳматро гузор, агар не, беҳтараш зарари худро нарасон.

Чуноне аз намоиши телевизионии қисматҳои алоҳидаи филми мустанади «Хиёнат», бармеояд, гузаштаи моро ба таърихи начандон дур, солҳои навадуми асри гузашта мебарад. Ноадолатию нооромиҳое, ки оғози солҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо дасти бархе ба амал оварда шуд, бо намоиши филм чеҳраҳои манфури бархе аз ватанфурӯшонро ошкор намуд.

Қисми 7-уми филми мазкур бо номи «Бешарафӣ», ки тариқи оинаи нилгун ба намоиш гузошта шуд, аз ҳаёту зиндагиномаи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки худ фирефташуда ва бозичаи дасти хориҷиён асту дур аз ватан истода, табли «ватанпарастӣ» мезанад ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ туҳмату буҳтонҳои сохтаро паҳн менамояд, нақл мекунад. Далелҳои раднопазири филми мазкур, суханони шоҳидон ва мулоҳизаҳои мутахассисон бинандаро ба андеша водор мекунад, ки бори дигар ба гузаштаи хеш нигариста, ободию созандагиҳои мамлакатро бинад ва бо гузаштаи начандон дур қиёс намояд.

Мардуми тоҷик аз азал инсондӯсту меҳанпарвар ва сулҳхоҳу меҳнатдӯст буд, ҳаст ва чунин хоҳад монд. Сабабгори то ин андоза тундраву якрав, нотавонбин ва фиребгару бешараф ба камол расидани як шаҳрванд дар чист? Ҷавоби ин суоли нигаронкунандаро баъди тамошои филми мустанади «Бешарафӣ» дарёфтем. Маълум гардид, ки Муҳаммадиқболи Садриддин бо суханпардозиҳои «мусулмонӣ» ба фиреби мардум низ машғул шуда, ба ғайр аз ҷоҳилу ифротӣ буданаш, аз наздиконаш, бахусус онҳое, ки ӯро мешинохтанду бовар доштанд, маблағҳои муайян меситонд. Агар чунин намебуд, пас чаро баъди ба Афғонистон баргаштан оилаи Муҳаммадиқбол ба якборагӣ бою бадавлат ва соҳиби манзилҳои зиёди истиқоматӣ гаштааст? Магар мардуми тоҷик қудрату тавоноие дорад, ки фарзанди 12 – 13 солаашро бовар карда, ба шаҳрванди афғон супорад? Танҳо ин рафтори Муҳаммадиқбол кӣ будани ӯро бароямон ошкор месозад.

Тамошои ин филми мустанад ҷомеаи кишварро аз ҳақиқати зиндагонии як нафар бешараф бохабар сохт. Чеҳраи нафареро ошкор намуд, ки худро инсони содиқ ба ормонҳои Исломӣ гирифта, аз минбари хориҷиён ба сӯи ҳамватанони худ санг меандозад. Даст задан ба амалҳои номатлуб ва иснод овардан на танҳо ба номи инсонӣ, балки ба мусулмонӣ гуноҳи бузургест назди Офаридгор.

Дида тавонистан, қадр кардани ободиву осудагӣ, сулҳу салоҳ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дар замири худ парваридани пиндори неку рафтори неку гуфтори нек моро ҳидоятгар ба фатҳи қуллаҳои илму маърифат хоҳад буд

 

                            Саидзода Х., устоди кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *