Бо як силсила амалҳои пурниёзу тахрибгаронааш ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнуи наҳзатӣ собит намуд, ки воқеан ҳам, идомадиҳандаи барномаи гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.
Зеро ин гурӯҳҳо оламро ба ду қисм ҷудо менамоянд – дорулислом ва дорулкуфр, ки ин ақидаи ғалат боиси марги садҳо нафар одами бегуноҳ дар ҷаҳон гардидааст. Аз ин рӯ, наҳзатиён ҳам ба террористону экстремистон пайравӣ намуда, фаъолияти худро густариш медиҳанд.
Ташкилоти террористии наҳзатӣ аъмолашро бо чандин созмонҳои террористӣ ҳамоҳанг кард, ки хиёнати бузург назди миллати тоҷик аст. Чунки онҳо мардумро гумроҳ намуда, ба манфиати шахсии худ истифода мекунанд. Наҳзатиён фаромӯш кардаанд, ки рӯзе парда аз асрори ниҳонии онҳо бардошта мешавад.
Наҳзатиён барои гумроҳ намудани қишри ҷавон ва пурзӯр намудани неруи худ матолиби бардурӯғ ва иғвоангезро дар сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода, бо ҳамин роҳ мехоҳанд, оташи кинаву адоватро барангезанд. Ташкилоти террористии наҳзатӣ ва пайравонаш на танҳо барои миллати тоҷик, балки барои тамоми башарият хатари бузурге ҳастанд, ки бояд ба зудӣ ҷаҳонро аз ин тоифаи бадхӯ пок сохт. Наҳзатиёни ифротӣ доғи бузурге буда, тухми низоъ ва кинаву адоватро миёни ҷомеа ва миллатҳои гуногун бармеангезанд. Саркардаи фирорӣ ва аъзои ташкилоти террористии наҳзатӣ барои амалӣ намудани фармони хоҷагони хориҷияш китобу маҷаллаҳои махсус ба табъ мерасонанд. Онҳо аз дин ҳарф зада, миёни мардум тухми кинаву адоватро бармеангезанд, ки ин амал комилан дар дини ислом маҳкум карда шудааст.
Мардуми тоҷик ба амалҳои хиёнаткорона, ватанфурӯшиву дурӯягӣ ва дурӯғу фитнаангезиҳои ин гурӯҳи ҷинояткорону хоинони Ватан лаънат мефиристанд. Бо асноди дақиқ амалҳои паст ва оқибатҳои нохуши ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнуи наҳзатӣ, ки бо истифодаи зӯроварӣ кӯшиши тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ собит шудааст.
Парвиз БАҲРИДДИНЗОДА