ХИЁНАТКОР НАБОЯД АЗ МИНБАРҲО САДО БАЛАНД КУНАД!

Мардуми сарбаланди тоҷик аз азал башардӯсту фидокор ва меҳанпарасту ватандӯст буд ва ин оини нек то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Имрӯз тамоми мардуми Тоҷикистон дар атрофи Пешвои муаззами хеш сарҷамъ омада, баҳри пойдор намудани сулҳу субот, ва тинҷиву оромии кишвар талоши беш аз пештара намуда истодаанд. Вале хиёнаткор, аз қабили Кабирию Муҳаммадиқбол имрўзҳо аз ҳар минбарҳо нисбати кишвари мо садо баланд намуда, бо ин роҳ мардумро бори дигар ба гирдоби фоҷиа ва нобасомониҳо кашидан кўшиш доранд Имрӯз, ки Кабирӣ ва пайравонаш пас аз носипосӣ ба халқу миллат ва хиёнат ба Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои Аврупо ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ сукунат дорад. Наҳзатиёни нотавонбин, ки худ дар ҳаққи Ватан ҷиноят содир намуда, ҳазорон ҳамватанонро гумроҳ, аз хонаву дар муҳоҷир, сарсону саргардон намудаанд, имрўз дар хориҷи кишвар низ оромӣ надоранд. Бо ҳар роҳу восита фитна ангехта, осудагии амнияти халқу Ватанро халалдор месозанд, пешрафти Тоҷикистони азизро нодида мегиранд. Чунин шахсиятхо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Воқеан Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ, ки айни ҳол намаки маҳбусиро мечашанд, мазҳаби худро бар ивази маблағҳои муайян фурӯхта, маҳз бо дастгирии молиявии хоҷагонашон имрўз барои амалӣ намудани мақсади ғаразнокашон даст накашидаанд. Кўшишҳои навбатии носипосони миллат бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Бахусус ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандўстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгароро фаҳманд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *