ХИЁНАТИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ ДАР АВРУПО

Имрузҳо собиқ аъзоёни ҲНИ ва созмони наҳзатиҳо бо номи Паймони миллӣ дар кишвари Аврупо қарор гирифта, бо роҳҳои гуногун боз мехоҳанд мафкураи ҷавононро вайрон намоянд ва онҳоро ба роҳгумӣ баранд, ки ин хиёнати бузурги хоинони бадкеш бар миллат аст. Масалан дар сомонаи ифротиаш Муҳаммадиқболи Садриддин  бо суханони пур аз фитнаву дурӯғ, кинаву адоват нисбати давлату ҳукумати кишварамон  сафсаттагӯӣ намуда, худро намоиш дода истодааст. Воқеан хоҷагони хориҷии М. Садриддин ҳамон хоҷагони наҳзатиён аст ва бо супориши онҳо ба паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ машғул аст. Дар вокеъ вақт довар аст, ки нафаре, ки даст ба хиёнат мезанад, бешараф, нопок, беномус ва бадсиришт мебошад. Ҳамин холатро дар мисоли М. Садриддин дидан мумкин аст. Зеро ҳамаи наҳзатиён ба хотири молу сарват, ақли худро бохтаанду, аз бешарафиву бадсириштӣ бар миллати хеш хиёнат мекунанд.

Ба М.Садриддини бешараф таъкидан ёдовар мекунем, ки имрӯзҳо, мунтазам кишвари мо рушд ёфта истодааст, якчанд маротиба тамоюли истеҳсолӣ баланд шуда истодааст, сохтмони роҳҳо ва хонаҳо сохта шуда истодааст, ҳар сол даҳҳо корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани даромадноки  Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда истодааст. Бо баробари ин ҷавонони худогоҳу худшинос ватандӯсту ватанпарвари мо дар ҳамаи ҷабҳаву самтҳо ташаббус нишон дода, дар арсаи байналмиллалӣ нуфузу обрӯи Ватани маҳбубамонро баланд мебардоранд. Боварии мо аз он аст, ки минбаъд дар мамлакат сафи ҷавонони фаъолу ташаббускор боз ҳам бештар мегардад ва саҳми онҳо дар роҳи беҳбуд бахшидани ҳаёти ҷомеаа ва рушди устувори мамлакат бамаротиб меафзояд.

   Файзиева  Д.-муаллимаи калони кафедраи

                                                                     забонҳои тоҷикӣ ва рӯсӣ

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *