Хиёнат ва хиёнаткоронро миллат фаромӯш намекунад

Ваҳдати миллӣ ва оштиву дар ҷавори он зиндагонӣ кардан орзӯи ҳамешаги ҳар узви башарият бояд бошад.

Таркишу куштор, даҳшатафканию хунрезӣ, ки имрӯзҳо дар аксари кишварҳои мусалмоннишин ба назар мерасад, маҳз натиҷаи ихтилофи байниҳамдигарии мардум аст ва фикр мекунад яке аз сабабҳои ба сулҳу ваҳдат расидани Тоҷикистони азизи мо ин ақлу заковат ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам эмомалӣ Раҳмон аст, ки тавонистанд ба кишвар сулҳ оваранд ва мардуми тоҷик аз ин ҳиммат ва ҷоннисориҳо як умр бояд мадюн бошанд.

Аммо ба назар мерасад, ки ҳоло ҳам як гуруҳаке мехоҳанд ормонҳои зиддимилии хешро таҳти ниқоби дини Ислом амалӣ созанд. Онҳо аз ҷиноятҳои кардаи хеш таҳти пайгард қарор гирифта, имрӯз дар дигар гушаи олам суи ватани мо сангандозӣ мекунанд.

Пас аз тамошои филми ҳуҷҷати «Хиёнат» кас ангушти ҳайрат мегазад. Наход мусалмон ин қадар бераҳм бошад?

Роҳбарияти ҳизби собиқ наҳзати исломӣ дар як муддати кутоҳ чандин кушку манзилҳои барҳаво бунёд кардаву, боре ҳам андеша накарданд, ки онҳо ҳамчун як сокини ин Ватан барои ин миллат чӣ хизмат кардаанд? Фикр мекунам барои ин қабил мардум мақсад танҳо ҷамъ намудани боигарӣ ва ғорати руирости мардум будааст.

Хушбахтона мардум ба ҳақиқат даст ёфт ва бовар дорам дигар ҳеҳ нафаре суи ин диндорони бедин даст дароз нахоҳад кард.

Воқеан дуруст гуфтаанд, шахсеро, ки иштибоҳ кардааст, бахшидан мумкин, аммо хиёнаткорро бахшидан мумкин нест!

Усмонов Н.-омӯзгор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *