ХИЁНАТ БА ВАТАН – ХИЁНАТ БА МИЛЛАТ, ХИЁНАТ БА ОРМОНҲОИ ОЛИИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН!

Дар ин давраи ҳассосӣ ҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд.Мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқиммати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардиданд.

Мову шумо аз фарози қарни XXI бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарварии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони сарсупурда навишта шудаанд. Аз ин лиҳоз, истиқлолияти мо дар умқи таърихи куҳанбунёдамон решаҳои амиқи иҷтимоиву фарҳангиро дорост.

Қаҳрамониҳои Спитамен, Абӯмуслим, ватанхоҳиву муборизаҳои Темурмалику Шерак, исёни адолатхоҳонаю озодихоҳонаи Восеъ ва даҳҳо дигар мисоли равшани муборизаи аҷдодони мо баҳри истиқлолият  мебошад. Вобаста ба ин, баъзе андешаҳои хешро доир ба таносуби дунявият ва диният дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон баён намоем. Дар назари аввал чунин менамояд, ки дар ҷомеаи имрӯзаамон, ки ғояйи ваҳдати миллӣ ва ризоият барқарор аст, барои муборизаи мафкуравӣ ҷой нест. Вале тавре дар боло ишора рафт аксарияти мардуми мо эътиқодманди дини мубини исломанд ва ашхосе аз ин ҳолат истифода бурда мехоҳанд  мардумро гумроҳ намоянд. Яке аз ин ҳизбҳои зиддидавлати ТТЭ ҲНИ мебошад. Амали хиёнат дар арзишҳои ахлоқии инсоният бадтарин амал аст, зеро хиёнат ҳамаи арзишҳои инсониро ботил месозад ва нафари хоин сифати инсониро аз даст медиҳад. Ватан нишон медиҳад ки дар асл иҷрокунандаи дастури роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва сарпарастони хориҷӣ ин ҳодисаҳоро собит сохт.

Хиёнат амали бешарафи ва нобахшиданист, дар мисоли аъзои наҳзатиёни хиёнатпеша М. Садриддин. Дар вокеъ рузгор нишон медихад, ки нафаре, ки даст ба хиёнат мезанад, бешараф, нопок, беномус  ва бадсиришт мебошад. Хамин холатро дар мисоли аъзоёни ТТЭ ХНИ бахусус Муҳаммадиқболи Садриддин дидан мумкин аст. Зеро хамаи нахзатиён ба хотири молу сарват, ақли худро бохтаанду, аз бешарафиву бадсириштӣ бар миллати хеш хиёнат мекунанд  ва аз ин боз нороҳат ҳам нестанд, ки ин гувоҳ аз хамон гуфтахои болост.

 

Савриев Қ. Ҷ.-ассистенти кафедраи

                                                      иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *