ХИСЛАТИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ ДОШТАНИ ҲНИ

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти  террористи дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои  террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳиби истиқлолият шуданаш дар тадбирҳои муштараки мубориза зидди ҷинояткории трансмиллӣ фаъолона ширкат меварзид. Терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷиноякории муташаккилона аст. Тоҷикистон ба истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ комёб шудааст, амалиёти террористӣ ба сулҳу оромии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ки ин ҷараёни бонизоми ислоҳотро халалдор месозад. Таҳлили сабабу шароити содир шудани амалиёти терроризм дар мамлакати мо нишон медиҳад, ки аксарияти онҳо дар заминаи экстремизми динӣ, ҳамчунин ба хотири расидан ба мақсадҳои муайяни сиёсӣ содир шудаанд. Терроризми ҳозира хусусияти байналхалқӣ касб кардааст. Ба ин баробар авҷ гирифтани амалиёти террористӣ дар минтақаҳои гуногуни кураи замин шаҳодат медиҳад. Вақтҳои охир ҷаҳон шоҳиди он гардид, ки террористони байналхалқӣ зери ливои экстремизми сиёсӣ ва таассуби динӣ таҷовузкорона ва фаъолона амал мекунанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давраи ҳозираи инкишофи равандҳои гуногуни иҷтимоии ҳаёти инсоният баробари тараққиёти илму техника афзудани шумораи бекорон ва вусъати ҷаҳонишавӣ ба давлатҳои олами муосир яке аз хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда ин зуҳуроти экстремизм ва терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ин вабои аср бошад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намемонад ва кишвари офтобии мо аз он дар канор намондааст.

Дар асоси муқаррароти моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷиноятӣ дорои хусусияти ҷаҳонӣ буда, мубориза зидди он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд.

Таҳдиди терроризм ва экстремизм дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла бо истифодаи яроқи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ, инчунин нисбати объектҳое, ки террористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зўроварӣ интихоб мекунанд, имрўзҳо на танҳо чун ҷинояти дохили  давлатӣ, ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад, балки чун ҷинояте дониста мешавад, ки дар маҷмўъ метавонад ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ зарар оварад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ва арсаи байналмилалӣ обрў ва мақоми махсус дорад. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлоли дар тамоми самтҳои хоҷагии мамлакат пешравӣ ва комёбиҳои назаррас ба миён омаданд. Аммо бархе аз душманони миллат ободӣ пешравии мамлакатамонро  сарфи назар намуда, дар ҷамъомаду ҳамоишҳои байналмилалӣ беасос ва бо суханҳои бардурўғ баромад менамоянд. Аз ҷумла дар саммити ҳарсолаи Женевагӣ барои ҳуқуқи инсон ва демократия, ки санаи 20 феврали соли 2018 баргузор гардид аъзоёни Анҷумани озодандешони тоҷик – Темур Варқӣ ва роҳбари ҳизби Наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон санаи 29 сентябри соли 2015 бо қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф гардидааст ва фаъолияти он дар ҶТ манъ карда шуд.

Вақтҳои охир аъзоёни Анҷумани озодандешони тоҷик тавассути сомонаҳои интернетӣ бо ҳаргуна навиштаҳои хоинона баромад намуда истодаанд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “…дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзўи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст. Таҳлили вазъи имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмилалӣ дурустии роҳи интихобкардаи моро бар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар собит месозад».

Ҷавонони имрўза бояд сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намоем ва дар ин раванд, тамоми таҷриба ва малакаи худро истифода бурда, алайҳи тарғиботи ғояҳои ифротӣ ва террористӣ мубориза барем.

Муаллимаи калони
кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ
Набиева Муқадас

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *