Хидмат ба давлату миллат – рисолати асосии Пешвои муаззами миллат!

 

Мардуми сарбаланди кишвари офтобии мо маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карда, ба ояндаи неки ватан ва ободкорию созандагиҳо боварию эътимоди комил пайдо карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунӣ таъкид доштанд, ки “ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус рӯҳу нерӯи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам мегузоштам. Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд. Ин муҳаббату самимияти халқи азизам маро водор месозад, ки ба хотири ободии Тоҷикистон, оромии Ватан ва осоиши ҳар як хонадони кишвар даҳчанд заҳмат кашам».

Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи мантиқии талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсоз ва бонангу шарафманди тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонии худ мебошад. Ҳамаи мо аз таърихи пурифтихори халқамон хуб медонем, ки андешаи истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, талоши расидан ба давлатдории мустақили миллӣ ва орзуву ормони озодандешӣ дар зеҳни миллати истиқлолхоҳи мо ва фарзандони некному хирадманди он дар тӯли садсолаҳо зинда буд.

Маросими савгандёдкунии Президенти Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо хати заррин навишта хоҳад шуд, зеро бо савганд ёд кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти аз навтихобшудаи кишвари азизи мо ба марҳилаи нави рушду тараққиёти Тоҷикистон тавассути барномаҳои дурнигарона асос гузошта шуд.

Дар навбати аввал, бояд изҳор дошт, ки барҳақ дигарбора ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Пешвои муаззами миллат ин пеш аз ҳама ҳосили ирода, ихлос ва садоқату муҳаббати халқи шарифи Тоҷикистон ва мардуми ватандӯсти он мебошад, ки самараи он ба ҷонибдории ин абармарди таърихи тоҷикон овоз додани беш аз 90 фоизи интихобкунандагон ба шумор меравад. Ин буд, ки Пешвои муаззами миллат ҳам бо камоли ихлосу муҳаббат ва самимияте, ки нисбат ба халқи азизи хеш, ба мардуми Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон доранд, баробари сипосгузори ҳамаи онҳо назди мардуми азизи хеш сари таъзим фуру оварда, садоқати олии хешро ба халқи тоҷик ва тамоми тоҷикони олам нишон доданд.  Ин садоқатест, ки кайҳо пешорӯи мардуми кишвари мо ва тамоми тоҷикони олам собитшудааст ва тоҷикони саросари ҷаҳон ва халқи шарифи Тоҷикистон низ ба камоли ихлосу иродат ҳар ҳарфу сухани Пешвои муаззами хешро истиқбол ва барои ба меҳвари амал қарор додани он пайваста талош меварзанд.

Албатта, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол зери роҳбарии Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело зиёданд ва яке аз комёбиҳои муҳим устуворсозии давлатдории тоҷикон ва ба арсаи ҷаҳон баровардани обрӯю нуфузи давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик буд. Маҳз ҳамин дастовард аҳамияти бисёр муҳим дорад, зеро ин масъалаи муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихии муосири мост, вагарна бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва кулли ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои ҳастии худро аз даст медод.

Роҳи тай намудаи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ хело пурпечутоб ва ҳалокатбор буд. Аммо бояд бо сарбаланди эътироф намуд, ки  роҳе, ки тоҷикон дар давоми 30-соли Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади эҳёи давлати миллии бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тай намуданд, ба садсолаҳо баробар аст. Афсӯс, ки баъзе душманони миллат, ватанфурӯшони зархарид ин комёбиҳоро нодида мегиранд ва кӯшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳу васила садди роҳи пешравиҳо гарданд. Аз ин рӯ, то ҳол мисли дирӯза вазифаи ҳифзи истиқлолият, сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, таъмини рушди устувор ва муназзами ҷомеа ва давлат аз ҷумлаи вазифаҳои  аввалиндараҷа мебошад.

Онҳо дарк намекунанд ё умуман фаҳмидан намехоҳанд, ки дар тули  30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон мардуми мо зери роҳбарии сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба музаффариятҳои шоиста ва дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатӣ ноил гардидааст. Истиқлолу ваҳдат нақши азим дар татбиқи ормонҳо ва пешрафтҳо дорад. Маҳз истиқлолу ваҳдат ҳамбастагиро миёни ҷомеа осоиш ва густариш медиҳад. Имрӯз, ваҳдату ҳамбастагии миллати мо амали бузурги пешрафт аст. Бо таври қотеъ яке аз омили пешрафти миллат дар масири таърихи навинамон муттаҳидии ҳамаи нерӯҳо дар роҳи ормони истиқлол аст.

Мирпочоев Д,

Камолов Ф,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *