ХАТАРИ ВОҚЕИИ ИФРОТГАРОӢ БА ҶОМЕАИ МУОСИР

Ба ақидаи коршиносони соҳаи низошиносӣ гуруҳҳои ифротгаро бо идеологияҳо радикалӣ ба монанди “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ал-қоида”, “ДИИШ”, “Гурӯҳи исломии Туркистони шарқӣ”, ТТЭ ҲНИ дар маҷмӯан бештар аз 65 гурӯҳву ҳаракатҳои террористӣ экстремистӣ дар ҳудуди дунё амал менамоянд. Аз ин гурӯҳҳои ифротгаро яке аз ҳизби хиёнаткор мисол оварда, оид ба фаъолияти ТТЭ ҲНИ ибрози ақида менамоем. Пас аз фош ва тасдиқ шудани ҷиноятҳои содирнамудаи наҳзатиён, аксарияти собиқ аъзоёни ҲНИ фирорӣ гашта, алҳол дар Аврупо истиқомат намуда, боз тибқи дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷиашон нисбати кишвари мо бо коштани тухми кинаву адоват машғул мебошанд.  Дар ҳоли ҳозир раиси собиқ ҲНИ М.Кабирӣ дар хориҷи кишвар умр ба сар мебарад ва 13 аъзоёни раёсати собиқ ҲНИ бо иттиҳоми даст доштан дар таъсиси гурӯҳи мусаллаҳонаи Назарзода дастгир гардида буд. Бо баробари ин бояд қайд кард, ки то ҳол низ мутаассифона, баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби касбу ихтисос шудан кӯшиш ба харҷ намедиҳанд, бе шуғл мемонанд, аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд, ки оқибат баъзе аз онҳо ба бемории нашъамандӣ мубтало мегарданд,  ки ин омилҳо низ боиси шомил гардидани онҳо ба равияҳои бегона мегардад. Масалан дар соли сипаригардида аз ҷониби сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1091 ҷиноятҳои хусусиятҳои террористӣ-эксремистидошта ошкор ва беш аз 271 нафар аъзо ва тарафдорони равияву гурӯҳҳо дастгир шуданд. Аз ин шумора “Ҳизби наҳзати ислом”- 17 нафар ,”Бародарони мусулмон”-148, “Давлати исломӣ”-39,”Гуруҳи 24”-8, “Ал –Қоида”-3 нафар дастгир шуданд”

Бинобар ин ҷавонону наврасон доир ба масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намоянд ва набояд фирефтаи дасисаҳои гурӯҳҳои ифротгаро шуда, ҳаёти худро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо гардонанд. Вақти он фаро расидааст, ки масъулиятро дар назди миллату Ватан ҷиддан эҳсос намуда, андешаю суханҳои баланди инсонпарваронаи худро дар амал татбиқ намоем.

Абдусамадова Х.Ғ.,

муаллимаи калони кафедраи

назарияи иқтисод

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *