Хатари мудҳиш бар зидди инсоният!!!

Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли имрўз яке аз масъалаҳои доғи ин зуҳури терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад, ки он дар шароити ҷомеаи муосир  як қатор кишварҳои оламро фаро гирифтааст, ки натиҷаи он шаҳру деҳоти зиёдро, ки ободу шукуфон буданд, ба харобазору вайрона табдил додааст. Аҳолии зиёд хонавайрон гардидани мулки ғарибӣ гардидаанд, ки дар оворагиву саргардонӣ умр ба сар мебурданд. Ҳазорон тифлакони бегуноҳ дар гирдоби амалҳои терроистиву ифротгароӣ фавтида истодаанд.

        Таҳлили матолиби нашрнамудаи расонаҳои хабарии дохилию хориҷӣ нишон медиҳад, ки ин зуҳуроти номатлуб натиҷаи манфиатҳои кишварҳои абарқудрати  ҷаҳон мебошад. Вале дар навбати дуюм ҳамон кишварҳо худро ҳамчун мубориз барои аз байн бурдани терроризм нишон медиҳанд, ки ин албатта сару кор гирифтан аз стандарти духура мебошад, ки кишвари моро маҳкум менамоянд. Мутаасифона, тайи чандин соли охир терроризму ифратгароӣ дар ҷомеа башарӣ рушд намуда кишварҳоеро ба монандӣ Ироқу Сурия ба гирдоби ҳалокатбори худ дохил намуд, ки акнун ба ҷойи шаҳру деҳоти обод харобазору вайронаҳо боқӣ мондаанду халос.

           Бадбахтона баъзе аз шаҳрвандон дар анҷом додани амалҳои терорристии кишварҳои Ироқу Сурия иштирок намудану бархе аз онҳо қурбони чунин саҳнаҳо гардидаанд, ки боиси таасуф аст. Дар Ватан модарону пайвандони онҳо бо ғаму дарди зиёд зиндагӣ доранд. Қисмати дар ҷаҳон боқимонда бошад аз рўйи бемаърифатии мо бедорӣ ба сўйи  модар ва ҷони худ санг мезананд, ки камоли ҷавонмардӣ нест. Аз ин рў аз ҷавонон даъват ба амал  меорам, ки зиракии  сиёсиро аз даст надиҳанд ва  худро қурбони ин гуна ҳарактҳо насозанд. Зеро оқибатҳои терроризм моро аз модар, аз ёру бародар ва аз ҳама муҳим аз ватан маҳрум месозад. Шукронаи ободию озодии ин давлати маҳбуб карда барои боз ҳам ободу зебо гаштани он камари ҳиммат бояд бубандем.

Коршиносон терроризмро ба се намуд ҷудо намуданд: 1 сиёси, 2 милли, 3 динӣ. Мудҳиштарин ва фоҷиабортарин намуди онро терроризми динӣ ташкил медиҳад. Ин амалиёти марговарест, ки дар зери ниқоби дин пинҳон шуда, зери ливои он мубориза мебарад. Намунаи барҷастаи онро муборизаи Фаластинҳо алайҳи Исроилиҳо арзёби карданд. Дар ин шакли терроризм тарафи «ҷабрдида» пайравони як дин ва тарафи муқобил пайравони динӣ дигар мебошанд, ки аксаран ин амалҳои нангин зери мафҳуми «Ҷиҳод» ба анҷом мерасад, аз ин рў фирефташудагон ва фирефтамешудагонро огаҳи медиҳем, ки худро аз ин амалҳои хатарнок дур гиранд, чунки аз ин манфиате ба даст намеоранд. Бояд донист, ки он аз ғаразу манфиати ташкилот ва шахсони алоҳида иборат мебошад. Онҳо зери ниқоби дини мубини ислом даромада, гўё дар натиҷаи ваҳшиёна ба қатл расонидани «Кофирон» инсон биҳишти мешавад, ғаразҳои барои хеш манфиатоварро амали мекунанд.  Имрўз тамоми ҷомеаи ҷаҳони амалу ҳаракатҳои ғайри инсониву экстремистии ин гуруҳҳоро сахт маҳкум мекунанд.

 Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ чандин маротиба аз минбарҳои баланд амалиётҳои ҷангиёни ДИИШ-ро сахт маҳкум намуда, ҳушдор доданд, ки бадбахтона дар ин амалиётҳои террористии гуруҳҳои экстремистї аз кишвари мо-Тоҷикистон низ чандин ҷавонони ноогоҳу раҳгумзада иштирок намуда истодаанд. Роҳбари давлат ба тамоми мақомотҳои қудратии кишвар, мақомотҳои маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мардуми мамлакат супориш доданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода тамоми кушишу ғайрати худро ба он равона созанд, ки ҷавонони мо ба фиреби бегонагон наафтода ба чунин гурўҳҳои ифротгаро шомил нагарданд. Имрўз мо мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки баҳри ҳифзу музаффариятҳои истиқлолият, дастоварду комёбиҳои кишвар, ки маҳз бо кушишу талошҳои сарвари давлат ба амал омадааст, қарзи шаҳрвандии худро иҷро намоем.

    Президент дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки имрўз тамоми сокинони Тоҷикистон, хусусан ҷавонон шукронаи ин даврони ободу зебо, шукронаи давлату ҳукумат ва тинҷию амнияти кишварро баҷо оранд. Ва маҳз танҳо бо меҳнати ҳалоли созандаву бунёдкорона, нигоҳи нек ва дили пок ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва муҳаббат ба ин сарзамину хоку диёр, мо метавонем меҳру садоқати хешро нисбат ба Ватан нишон диҳем ва баҳри ояндаи нек шабу рўз талош варзем. Дар ин ҷода тамоми устодону олимон ва зиёиёни мамлакатро лозим аст, ки баҳри таълиму тарбияи насли солиму наврас ва ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандустӣ ҳақиқи тамоми донишу маҳорат ва қобилияту таҷрибаи хешро истифода баранд ва баҳри пешгирии пеши роҳи шомил шудани ҷавонони кишварро ба ин гуруҳҳои ифротгаро гиранд. Вақти он расидааст, ки падару модарон фарзандонро доимо зери назорати қатъи гиранд, аз ҳаргуна ҳизбҳои сиёсӣ-динӣ, гуруҳҳои иғвоангезу мазҳабҳои тафриқаангез эҳтиёт намоянд. Моҳияти динӣ мубини исломро дуруст дарк карда тавонистанро ба фарзандон омузонанд. Ислом динӣ дустию рафоқат аст на дини ҷангу ҷидолу хунрезӣ!

Раҷабова Н.Р.
кафедраи забонҳои хориҷӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *