Хаӣари ТТЭ ҲНИ ва дастгирии он аз ҷониби кишварҳои Ғарб

Дар зимни шинохти фаъолияти ҲНИ асосан бархе кишвару ташкилотҳо ҳамчун пуштибону сарпарасти ин ҳизби фаъолияташ мамнуъ эътироф мешаванд. Ин бесабаб ҳам нест. То замоне ки ҲНИ фаъолияти расмӣ дошт, ҳама гуна воридаҳои моливу пулиро аз ин ташкилотҳо ё кишварҳои алоҳида зери пӯшиши кумаку грант дарёфт мекард. Масалан, дар доираи кумак ба оилаҳои камбизоат, ки тавассути як ташкилоти хориҷӣ расонида мешуд, ҳамасола накамтар аз 70 дарсадикумакҳоро маҳз ҲНИ ва аъзову пайравонаш дарёфт мекарданд. Феҳристи ин кумакгирандагон тавассути Зарафо Раҳмонӣ шахсан ба Муҳиддин Кабирӣ мувофиқа карда мешуд. Барои гирифтани ин кумакҳо бояд нафари ниёзманд ба кумак ба буҷаи ҲНИ як микдор мабалағ (то 300 сомонӣ) мепардохт. Барои мисол, феҳристҳо дар солҳои 2006 то 2008 ҳадди ақал, ду бор гардонида шудаву баъдан барои тасдиқ ба Раёсати Олии ҲНИ пешниҳод шудаанд.
Ба ғайр аз ин, ҲНИ аз ташкилоти мазкур тариқи имтиёз кумакҳои пулӣ дарёфт мекард, то фаъолияти худро густариш диҳад. Дар феҳрист дар сутуни “мақсади кумакрасонӣ” ё “мақсади дарёфти кумак” навишта мешуд, ки “аксари оилаҳои деҳот аз назорати хукумат дур мондаанд, кумакҳо ба онҳо расонида мешаванд”.
Чун гап сари кишвару ташкилотҳои сарпарасти терроризм рафт, як нуктаро набояд фаромӯш кард, ки ҳанӯз 33 сол қабл аз ин аввалин бор феҳристи кишварҳо ва ташкилотҳои сарпараст ва ҳомии терроризм омода шудаву давлату ташкилотҳое ҳам, ки то ин замон ҲНИ-ро дастгирии молиявию идеологӣ мекунанд, ба он ворид шудаанд. Вақте 19 январи соли 1984 Департаменти давлатии ИМА феҳристи мазкурро нашр кард, бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Аврупо, ба ворид карда шудани бархе давлату ташкилотҳо ба ин феҳрист розӣ набуданд. Бо гузашти солиёни баъд маълум гардид, ки хатари асосии ин давлатҳо ва ташкилотҳои мамнӯъ маҳз ба Аврупо аст ва ин ки то имрӯз таҳримҳо болои онҳо шиддат мегиранд, аз ҳамин ҷост, ки ҳоло воқеияти онҳоро шинохтанд.
Чун гап сари хатари ҲНИ ба Тоҷикистон (ва натанҳо ба Тоҷикистон) рафт, таъкиди чанд маълумоти расмӣ аз ҷиноятҳои содиркардаи аъзои ин ҳизбро бамаврид мешуморам. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо таҳия ва нашри маҷмӯае собит кард, ки аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар қатли Сайф Раҳимзода, Муҳаммад Осимӣ, Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Карим Юлдошев, Минҳоҷ Ғуломов, Исҳоқи Юсуф, Сафаралӣ Кенҷаев, Моёншо Назаршоев, Нурулло Ҳувайдуллоев, Давлаталӣ Рахмоналиев, Муродулло Шерализода, Айнулло Неъматов ва Хабиб Сангинов айбдоранд. Дар ин “Тавсияҳои амалӣ”, ки охирҳои январи соли равон нашр шудааст, аъзои ин ҳизби мамнӯъ ҳамчунин дар содир кардани 560 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ва 1050 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ айбдор дониста шудаанд. Давоми фаъолияти худ намояндагони ин ҳизб чандин гурӯҳҳои ифротгаро ташкил карда, аз ҳисоби кишварҳои хориҷи маблағҳои зиёд дарёфт мекарданд.
Таҳлили фаъолияти ҲНИ исбот намудааст, ки он бо созмону ташкилотҳои террористию экстремистӣ дар иртибот буда, бо роҳҳои пардапӯшона ва ҳатто кушоду равшан онҳоро тарафдорӣ менамояд.
Зимнан, тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 800 нафар узви ҲНИ барои алақамандӣ бо ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дастгир гардида, ин ҳизб зиёда аз 1000 нафарро барои гирифтани таълимоти террористӣ-экстремистӣ ба пойгоҳҳои террористиву экстремистии кишварҳои хориҷи фиристодааст.
Яъне, ҲНИ аллакай ба як хатари ҷиддӣ барои тамоми минтақа табдил ёфта буд, хатаре, ки камтар аз “Давлати исломӣ”-ву дигар ташкилотҳои террористӣ нест.

Саидова О.Ж. – сармуаллимаи кафедраи
ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *