ГУРУҲҲОИ ИФРОТГАРО ВА ЭКСТРИМИЗМИ ДИНӢ: САБАБҲОИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН ВА ПЕШГИРИИ ОН

Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баробари нишон додани роҳҳои ҳалли масаълаҳои мубрами рӯз дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа диққати мақомоти марбутаро ба ҷой доштани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят аз ҷониби ноболиғону ҷавонон, мушкилоти мавҷуд дар таълиму тарбияи онҳо, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, такмил додани тарзи қабул ва баррасси муроҷиатҳои шаҳрвандон ҷалб намуда, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботро вазифадор намуданд, ки мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи сарҳади давлатиро пурзӯр намуда, фаъолият дар ин самтҳо ҷоннок карда шавад.
Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст дар якқатор давлатҳо терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ба таблиғоту ақидаҳои ифротгароӣ зиёд шуда истодааст. Баъзе аз гурӯҳҳои ифротгар кӯшиш доранд, ки бо истифода аз дини мубини ислом, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ҷавонону наврасонро ба роҳи бад бурда, ба манфиати хеш истифода намоянд.
Аз ин лиҳоз, ба ҳар як шаҳрванди ба ору номуси ҷамъияти мо зарур аст, ки баҳри пешгирии ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро ва пешгирии сафари онҳо ба ҷангҳои хориҷи кишвар кӯшиш ба харҷ дода, ба ин масъалаи басо муҳим бетараф набошанд.
Дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия, тарҷума ва чопи Қуръони Карим ба забони тоҷикӣ 3 маротиба анҷом пазируфт, ки он ҳоло ба китоби рӯидастии шаҳрвандони кишвар табдил ёфтааст.
Имрӯзҳо ба имомхатибони масҷидҳо зарур аст, ки ҳангоми баргазории ибодатҳои динӣ талаботҳои китоби муқаддаси Қуръон, талаботҳои мазҳаби ҳанафӣ ва “Фатво”-и Уламои дини Ҷумҳури Тоҷикистонро аз 25.09.2014 солро ба ҷавонон тафсир намоянд, ки ин амал яке аз роҳҳои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мегардад. Зеро аксар ҷавонон гумроҳ шуда, аз надонистани ҳадфҳои ғаразноки сиёсии гуруҳҳои ифротгаро ва бо таври дахлдор нафаҳмидани талаботҳои динӣ мубини Ислом, кӯр-кӯрона фирефтаи таблиғоту ақидаҳои ифротӣ шуда, ба гурурҳҳои ҷиноятии ифротгаро шомил шуда, оқибат ба ҳаёти худ ва ба амнияти ҷомеа зарарҳои махсусан калон мерасонанд.
Баҳри дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои роҳбари давлат ва муваффақ гардидан ба мақсадҳои дар пеш гузошта шуда, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоҳои ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки дар кору фаъолияти худ тадбирҳои судманд андешанд.
Ҷинояткорӣ, зараровартарин ҳодисаи иҷтимоию ҳуқуқӣ буда, ба саломатӣ, ҳаёт, молу амволи шаҳрвандон таҳдид намуда ё зарар расонида, ба пайдоиши тарсу ваҳм ва изтироб дар руҳияи онҳо мусоидат карда, фаъолияти меҳнатӣ ва ҳисси созандагии онҳоро шикаст медиҳад. Аз ин лиҳоз, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ алалхусӯс ҷиноятҳои террористию экстремистӣ, ба манфиати ҳар як инсон, ҷамъият ва давлат кори муҳиму зурур буда, ҳамкории мақомти давлатӣ ва ниҳодҳои шаҳрвандиро тақозо менамояд. Аз ҷониби давлат барои бунёди ҷамъияти солиму осоишта ва зиндагии шоиста пайваста кӯшиш карда мешавад. Аҳли ҷомеа бошад, сиёсати ирӯзаро дастгирӣ намуда, ба амалӣ гардонидани корҳои назаррасу тақдирсоз, ободкорию созандагӣ машғул аст.
Ҳар як шаҳрванд бояд роҳи дурусту қонунии ҳалли масъаларо дарёфт намуда, барои бунёди ҳаёти осоиштаву сазовор бо меҳнати ҳалолу фоидаовар машғул гардида, барои бартараф намудани муаммоҳои умумиҷамъиятӣ саҳм гузорад.
Мутаасифона, бархе аз одамон бинобар номукаммалии маърифату маданияташон, беимонию бевиҷдонӣ аз рӯи мақсадҳои ғаразноку нопок ба корҳои ношоям, амалҳои ҷинояткорона даст мезананд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои содир шудани ҷиноятҳои муқобили ҳаёт ва саломатӣ, иштироки ҷавонон дар ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, аз паст будани сатҳи таълиму тарбия дар оила, муассисаҳои таҳсилоти миёна умумӣ ва олӣ, сустии назорати баъзе аз волидайн ва омӯзгорон ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон иборат аст.
Бинобар паст будани дараҷаи таълиму тарбия ҳисси инсондӯстию, вантандӯстӣ ва адлоатпарварии наврасону ҷавонон коҳиш ёфта, баръакс дар фитрати онон хислатҳои бади инсонӣ ба монанди бетарафӣ, дуруштӣ, дилсахтӣ, ҷаҳолати бадбинӣ бештар маскан гирифта, ба содир шудани кирдорҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби онҳо мусодидат мекунад.
Ҷавононе, ки ба риояи аҳкоми шариати Ислом бештар майл доранд, бинобар ноогоҳии сиёсӣ, паст будани сатҳи донишҳои динӣ, ба таври дахлдор надонистани талаботҳои мазҳаби ҳанафӣ, ки онро тамоми ниёгону бузургони мо пайравӣ кардаанд ва дар сатҳи паст қарор доштани маърифати ҳуқуқӣ ба равияҳои террористӣ ва эксремистӣ, яъне ифротгароӣ шомил шуда, ба пайдоиши низову ихтилофотҳои динию мазҳабӣ кӯр-кӯрона мусоидат мекунанд, ки он оқибатҳои нек надошта, чунин амалҳо бояд дар ҷомеа ба таври қатъӣ маҳкум карда шаванд.
Тибқи муқаррароти Қонуни ҶТ “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, ки он аз 26-марти соли 2009-ум амал мекунад, ба ҳар як инсон ва шаҳрванд ҳуқуқ ба озодии виҷдонро додааст, ки он неъмати олӣ буда, истифодаи муътадили он гарави оромиву осоиштагӣ ба ҳисоб меравад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” бо мақсади таҳкими ҳуқуқ ва озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, танзими муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ қабул карда шудааст.
Давлати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароит ва имконияти фарох барои пайравӣ ба дини мубини Ислом пайваста кӯшиш менамояд, ки қадр кардани он одилона мебошад.
Дар ноҳияи Шаҳристон амал намудани 1 масҷиди ҷомеъ ва 23 масҷиди панҷвақта, ки нисбат ба давраҳои пеш шумораи он якчанд маротиба зиёд аст шаҳодати суханҳои баён гардида мебошад.
Имрӯз ҳар як фарди солим ақли ҷомеа бояд дар пешгири намудани ҳодисаҳои номатлуб саҳмгузор бошад, қаблан ба ҳар як шаҳрванди инсондӯсту ватандӯст зарур аст, ки бо андухтани дониши амиқу ҳаматарафа ва дар худ парваридани хислатҳои ҳамидаи одамӣ ба наврасону ҷавонон намуна бошанд, зеро ҷавонон, ки ояндаи миллату давлати маҳбубамон мебошанд дар ҳалли бисёр масълаҳои ҳаётӣ ва пешгири ҷинояткорӣ қодир ҳастанд.
Ба ҷавонону наврасон лозим аст, ки масъулияти шаҳрвандӣ, ҳушёрии сиёсиро нигоҳ дошта, дар тамоми ҳолатҳои мушоҳида намудани кирдори ғайриқонунии ҳамсолону наврасон барои пешгирии кирдори онҳо чорандешӣ намоянд.
Масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ифротгарою тундрав имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бисёр ташкилоту ҳаракатҳои экстремистӣ таъсис ёфтаанд, ки дар ин ё он давлат зуҳур намуда, ҷавонони соддаю ноогоҳро ба доми фиреби худ мекашанд. Афсӯс, ки дар байни онҳо шаҳрвандони ҷумҳурии мо ҳам ҳастанд.
Ба назари коршиносон, як сабабаш фирефтаи пулу мол шудан ва ба ваъдаҳои беохири онҳо бовар карданашон бошад, сабаби дигар ноогоҳӣ ва дур будани онҳо аз ислом аст. Тасаввур кунед, ҷавоне, ки нав мактаби миёнаро хатм кард ва ба хориҷа (асосан ба Русия) ба кор рафт, вале дар он ҷо барои худ шуғли муносибе наёфт, дарҳол ба доми фиреби гумоштагони хориҷии соҳибтаҷриба меафтад. Зеро барои вай пул лозим аст, дар хона зану фарзандон ё волидонаш интизори маблағи ӯянд.
Бо суханҳои пурдабдабаи «ба дини ислом хизмат кардан савоб аст, бояд душманони дини ҳақро аз рӯи замин нест кард, агар дар ин ҷода ҳалок шавӣ, шаҳид мегардӣ ва ҷоят ҷаннат мешавад» ва монанд ба ҳамин сари чунин ҷавононро гаранг кардан кори саҳл аст. Аз тарафи дигар, ваъдаи маблағҳои калон ва як қисми онро пешпардохт кардан ҷавононро водор месозад, ки дарҳол ба шарту шароити ин «хоҷагон» бовар кунанд. Чунки мақсади инҳо аз муҳоҷират маблағ пайдо кардан буд. Вақте ки дар Русия барои худ кори муносиб пайдо накарданд, хоҳу нохоҳ ба ин таклифҳо розӣ мешаванд.
Омили дигар чунон ки ишора рафт, бехабарии ҷавонон аз таълимоти исломӣ ва ҳадисҳои Муҳаммад пайғамбар (с.а.в) аст. ҳадисҳои Пайғамбари ислом касро ба одамдӯстӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ даъват мекунад, на ба ҷангу ҷидол. Он ҳадиси шариф, ки мефармояд: «Беҳтарин неъмат сулҳ аст» худ далели гуфтаҳои мост.
Пеш аз он ки ҷавонон ба «ҷиҳод» мераванд, бояд фикр кунанд, ки бо кӣ ҷанг мекунанд? Бо ҳамдини худ, бо мусулмон! Магар мардуми Ироқ, Сурия, Яман, Афғонистон ва як қатор мамлакатҳои дигар, ки имрӯз бесуботу ноором ҳастанд, мусулмон нестанд? Пас, чаро ҷавонони ноогоҳ бо бародари ҳамдини худ ҷангу ҷидол мекунанд? Оё фикр намекунанд, ки мисли лӯхтак бозичаи дасти «хоҷагон»- хориҷии худ шудаанд? Агар ташкилоти террористии «ҳизби таҳрир» манфиати мусулмононро ифода мекард, магар қароргоҳаш Англия мешуд? Танҳо андешидани он ки чаро давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ маблағҳои ҳангуфтро «ҳадя» мекунанд, онҳоро бо яроқу аслиҳаи навтарини замонавӣ таъмин месозанд, аз бисёр чизҳо далолат медиҳад. Яъне мусулмонро бо ҳамдини худ ҷанг дорондан, қобилияти истеҳсолию иқтидори мудофиаии давлатро суст кардан ва пас аз он ба ин мамлакатҳо қарз дода, зери назорати худ гирифтан аз таҷрибаи санҷидашудаи кормандони соҳаи мафкуравии давлатҳои абарқудрат аст.
Мо, тоҷикон, аз асари ноогоҳию зудбовариамон самараи ҷанги таҳмилии бародаркушро аз сар гузаронидем. Беш аз 150 ҳазор занону кӯдакон ва пирони бегуноҳ қурбон ҳамин сиёсатбозиҳои давлатҳои абарқудрат шуданд, миллионҳо нафар гуреза гаштанд, Ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ миллиардҳо доллар ҳисорот расид. Сад шукр, ки фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ин ҷанги бемаънӣ ва бародаркушро гирифт, вагарна Тоҷикистон ҳам Афғонистони дуюм шуда мемонд.
Мо бояд шукронаи ана ҳамин давру замонро кунем, шукрона гӯем, ки давлати ободу озод дорем ва ҳар коре, ки анҷом медиҳем, бояд сараввал фикр намоем, амали худро пешакӣ дар тарозуи ақл баркашем. Таваккал карда ба коре даст задан ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Аз воситаҳои ахбори омма мефаҳмем, ки чандин нафар ҷавонони тоҷикистонӣ дар давлатҳои хориҷӣ ҷангида ҳалок шудаанд. Мазмуни зиндагии онҳо аз чӣ иборат буд? Ба дунё омадан ва ҷангидану мурдан! Чаро ҷавонҳои 18-20-сола дар давлатҳои хориҷӣ ба даст яроқ гирифта меҷанганд? Онҳо бо кӣ ва барои чӣ меҷанганд, шояд худашон ҳам намедонанд. Дар сари онҳо танҳо як фикр ҷавлон мезанад, ки агар дар ҷанг шаҳид шаванд, ҷояшон ҷаннат мешавад, вале намедонанд, ҳанӯз як касро накушта ҳам барои худ аз дӯзах қабр кофтаанд. Зеро на дар «Қуръон», на дар ҳадисҳои Пайғамбари ислом дар ягон ҷой нахондем, ки мусулмон ҳамдини худро кушад ба ҷаннат меравад! Баракс, таълим дода мешавад, ки «Мӯъмин бародари мӯъмин аст», «ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст!» Модоме ки чунин аст, пас бародаркушӣ чӣ маъно дорад? Он ваҳшониятҳое, ки имрӯз давлатӣ ба ном «исломӣ» мекунад, ба чорчӯбаи ягон қонуну қоидаи шариати ислом рост намеояд. Занону кӯдакон ва пиронсолонро куштан, зинда ба зинда гӯр кардан ғайр аз ваҳшоният чизи дигаре нест ва ҷанговарони ин тӯдаи мусаллаҳи аз ақл бегона (онҳоро ба «Давлати исломӣ» гуфтан забони кас намегардад) зархаридони душманони дини исломанд. Мо, зиёиён, пеш аз ҳама ана ҳамин чизро бояд ба мардум фаҳмонида диҳем.
Ба андешаи мо, дар муассисаҳои таълимӣ, хусусан ба хатмкунандагон пайваста гӯшрас кардани амалҳои ҷинояткоронаи ҳизбу ҳаракатҳои ғайри- қонунӣ ва фаҳмонидани моҳияту мақсади гурӯҳҳои тундраву ифротгаро басо зарур аст. Танҳо дар соатҳои тарбиявӣ не, балки дар ҳар як дарс вобаста ба мавзӯъ, хусусан, дарсҳои таъриху адабиёт таъкид кардани кирдорҳои ношоистаи ҷавонони гумроҳ ва нишон додани амалҳои носавоби онҳо зарур аст. Бояд доир ба ин масъала дар байни хонандагони синфҳои болоӣ пурсиши афкори умум гузаронида, андешаи онҳоро фаҳмид, ки нисбат ба ҳизбу ҳаракатҳои ифрогаро чӣ ақида доранд. Маъмурияти ҳар як муассисаи таълимӣ фикру ақидаи шогирдони худро таҳлил ва ҷамъбаст намуда. барои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба тӯдаҳои тундрав мақоми муҳим хоҳад бозид. Дар як вақт камбудиҳои мавҷударо (мумкин аст, баъзе хонандагон нисбат ба ин ташкилотҳо хайрхоҳ ҳам бошанд) ислоҳ кардан имконпазир мегардид ва пас аз хатми мактаб пеши роҳи шомилшавии онҳо ба ин гурӯҳҳо гирифта мешуд. Дар ин ҷода, бояд маъмурияти муассисаҳои таълимӣ аз рӯи нақшаи мушаххас ва мақсаднок корбарӣ намояд.
Аз тарафи дигар, бояд раисони маҳаллаҳо бо аҳолӣ дар робитаи зич бошанд, тез-тез маҷлису ҷамъомадҳо гузаронида, ба падару модарон ва сокинони қаламравашон моҳияти зиддидинӣ ва зиддибашарӣ доштани гурӯҳу ташкилотҳои террористиро фаҳмонида диҳанд.
Дар шароити имрӯза экстремизми динӣ, яъне яке аз усулҳои ифротӣ ба ҳисоб меравад. Он аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳатто баъзе давлатҳо созмон ва дастгирӣ мегарданд. Экстремизми динӣ дар шароити имрӯза бештар ба сиёсат дахл менамояд. Мақсади асосии онҳо ба ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи бесарҳади мусулмонист. Дар ибтидои кор ин ҷараён мақсад дорад, ки сараввал мавқеашро дар давлатҳои аҳолиаш мусулмон ва баъдтар тамоми ҷаҳонро зери нуфузи худ қарор диҳад. Шаклҳои муборизааш маълум буда, бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, халалдор сохтани сулҳу суббот ва истиқлолият, ҷорӣ намудани таълимоти бегонаи динӣ ва онро дар муборизаи худ барои ҳадафҳои ниҳонӣ, бесозиш бо ҷомеа ва шаҳрвандон истифода менамоянд.
Дар фарҷом, аз хонандагони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоем, барои пешгирӣ намудани иштироки ҷавонон дар фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии ифротгаро ва ҷиноятпеша, таъмини амнияти ҷамъиятии ояндаи халқу Ватани худ бошуурона ва ҷасурона амал намоянд.

Ахмедов М.А., Ҷабборов А.А.,
муаллимони калони кафедраи
математикаи олӣ ва технологияҳои
инноватсионии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *