Тавассути расонаҳои хабарӣ огаҳ ҳастем, ки имрӯзҳо нотавонбинони миллат, аз қабили яке аз узви фаъоли “Гуруҳи 24” Беҳруз Тағойзода, бо лақаби “Салмон” дар ҳайси ровӣ дар барномаи ифротии “Садои мардум” баромад менамояд.

Б.Тағойзода зимни баромадҳояш чун наҳзатиҳо, барои барангехтани кинаю адоват, низоъ дар миёни мардум ва нисбат ба манфиати давлату мардуми кишвар андешаи носолимашро баён менамояд. Афроди зикршуда яке аз зумраи ҳасадхуру ватанфурӯшоне мебошад, ки дар яке кишвари Аврупо зиндагии муҳоҷирӣ дораду аз имконияту афзалиятњои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, ҷиҳати амалӣ намудани супориши роҳбарияту хоҷагонаш бо иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунанда машғул аст. Б.Тағойзода зимни баромади навбатиаш, санаи 21 октябри соли равон оид ба қазияи Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов, ки яке роҳбару дигаре узви фаъоли “Гуруҳи 24”мебошад, ба таври худ ҳукми Додгоҳи Душанберо ғайривоқеӣ баён намуд.Гуё, ки ҳуқуқшиносу судя бошад. Хулоса, бо ин васила иғво барангехт. Гумон дорад, ки ин талќини тасаввуроти нодуруст аќидаи сокинони кишварро дигар кунанд. Воқеан, “Офтобро бо доман пӯшида намешавад” ва бо назардошти расонаҳои хабарӣ ёдовар мешавем, ки қаблан Сӯҳроб Зафар аз соли 2014 дар Туркия зиндагӣ менамуд ва дар гузашта, аз ҷумла соли 2018, чанд дафъа дар Туркия дастгиру озод гардидааст. Насимҷон Шарифов бошад, аз соли 2015 дар Туркия мезист ва ба камияш се бор дастгиру раҳо шудааст. Ӯ соли 2018 беш аз ду моҳ дар боздоштгоҳ буд.Сабаб чист?! Ба хонандаи закӣ ҳоҷат ба баён нест! Таъкидан ба Б.Тағойзода гуфтанием,ки гунаҳкору бегуноҳии ҳар шахсро танҳо Суд муайян намуда, ҳукм мебарорад!
Баробари ин, ќайд менамоем, ки ҳама он кӯшишу заҳмат ва талоши Б.Тағойзода ва умуман раҳбарияту пайравони “Гуруҳи 24”, ки фаъолияташ дар қаламрави кишварамон манъ аст, барои мо афсонаи гӯшхарошест, ки дигар шуниданаш маъние надорад.Чунки њақиқатро бо сафсата, дурӯғ ва фиребу найрангро пинҳон кардан мумкин нест.
Ҳадафи асосии андешаи мо ин аст, ки бахусус, ҷавонон аз баромадҳои ифротии гуруҳаки хиёнатпеша хулосаи зарурӣ бароварда, бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошем, талаботи замонро эҳсос намоем, аз дастовардҳои илму техникаи муосир қафо намонда, чун ворисони арзандаи миллату давлат барои имрӯзу фардои дурахшон, пешрафт ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳон саъю кӯшиш ба харҷ диҳем.
Д.ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ