



Мусаллам аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро бе иттилоот ва технологияҳои коммуникатсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Баробари рушди илму техника ва фарогирии мардум ба барномаҳои телевизионӣ, инчунин, барномаҳои дигари интернетиву онлайни ва мустақим низ фарох истифода мешаванд, ки якеро аз як ҷониб бо шавқ тамошо кунем, аз дигаре мебояд парҳез намоем. Зеро дарки муваффақият ва хатар дар як фазо ҷорист, ки барои фарқ гузоштани он тафаккури интиқодӣ зарур аст, ки на ҳар як кас онро соҳиб аст. Дар атрофи манфии он андешаронӣ намуда,бояд қайд кард,ки махсусан, дар шароити тавсеаёбии шабакаи интернет ва рушди бемайлони технологияҳои иттилоотӣ, бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудани иттилооти носаҳеҳ, ғояҳои ифротгароӣ, амалӣ намудани ҷангҳои иттилоотию психологӣ ва ғайраҳо ба назар мерасанд. Имрӯзҳо гуруҳу созмонҳои террористию экстремистӣ барои паҳн намудани иттилооти бардурӯғ ё иғвоангез, тарғибу ташвиқи ғояҳои ифротгароию террористиашонро бештар тавассути шабакаҳо, аз ҷумла дар Facebook, YouTube, WhatsApp, Instagram, TikTok, Telegram, Одноклассники-ро воситаи асосии пешбурди фаъолияти худ қарор додаанд, ки ин ҳолат яке аз таҳдиди воқеӣ ба суботи сиёсии ҷомеа ва амнияти миллии кишвар ба шумор меравад. Тадқиқотҳо ба он ишора менамоянд, ки гурӯҳи террористию экстремистӣ бо ном “Давлати исломии Ироқу Шом” (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ”, барои ноором кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ кушиш доранд.Думравонаш паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли…” (дар асл ҳамон ташкилоти террористию экстремистии “Ҳизби наҳзати исломӣ”), ҳаракати сиёсӣ мамнуъ дар кишвар – “Гурӯҳи 24” бошад, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни шаҳрвандони кишвар, муҳоҷирони меҳнатӣ ғояҳои тундгароёна, барангехтани кинаву адоватро паҳн менамоянд. Гумроҳшудагони ифротӣ, барои роҳандозӣ кардани ҳамаи нақшаҳои палидонаи худ аз хеҷ кори сиёҳашон даст намекашанд. Ҳарчанд наҳзату навнаҳзат ва “Гурўҳи 24” худро ба аҳли илму адаб некхоҳ нишон доданӣ мешаванд.Вале, дар асл яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти онҳо ба фарҳангу маърифат ва хусусан ба тасаввуфу ирфон, назари манфӣ дошта, ба маънои томаш равшанфикронро чашми дидан надоштанду надоранд.Кори гумроҳшудагони ифроти кофтукоби айби касон аст ва дурўғгўӣ ва ғайбату тўҳматро пешаи худ кардаанд. Хуллас, имрўз бо баробари дучори хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор доштани ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин дурўғгўӣ, ғайбату тўҳмат ба назар мерасад. Бинобар ин, ҳамаи моро ба дарёфти тадбиру роҳҳои муқовимат бо онҳо водор месозад. Аз ин рў, вазифаи муқаддаси волидайн, омӯзгорон ҳар фарди худшиносу ватандўст аз он иборат аст, ки ҷавононро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоянд, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳои иғвопеша нагарданд.
Ҳадафи мақолаи мазкур аз ҷониби як омўзгор дар он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд рисолати уҳдадории хешро пеша карда, пеш аз ҳама имрўз ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи таҳсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем. Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.
Хулоса, ҳимояи фазои итилоотии ҷомеа аз паҳншавии идеологияи экстремистӣ ва террористӣ дар марҳилаи кунунии инкишофи ҷомеаи ҷаҳон ва Тоҷикистон масъалаи хеле муҳимму ҳатмӣ мебошад. Ҳар яки мо дар баробари мақомотҳои давлатӣ вазифадор ҳастем, ки дар масъалаи ҳимояи фазои итилоотӣ ва вазъияти динии ҷомеа нақши худро гузорем.
Ҷ.ҶӮРАЕВ,
устоди ДИС ДДТТ
