ГУЛАФШОНИ ВАҲДАТ

Инак, боз рӯзи таърихии барои мардуми шарифи Тоӌикистон муборак – Иди Ваҳдати миллӣ дар фарӌоми моҳи аввали фасли гармо фаро мерасад. Ӌашни якдилӣ, ӌашни муттаҳидӣ ва сарӌамъии мардум дар санаи сарнавиштсози 27-уми июн ҳамасола тантана мешавад. Ин санаи муборак раванди шаклгирии таҳаввулоти минбаъдаи кишвари моро дигаргун сохт ва умеду орзуи мардум ва ӌомеаи ӌаҳониро ба фардои нек, ба сулҳу ваҳдат ва созандагиҳо дар Тоӌикистон бедор кард. Раванди ба вуӌуд овардани боварии тарафайн ва гирифтани пеши роҳи дахолати бегонагон заҳмати шабонарӯзӣ ва фидокориву ӌуръати хосеро талаб мекард, ки ба бахти миллати тоӌик, Роҳбари ӌавонаш чунин хислатҳои олиро доро буд.

Ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ, қотеияту матонат ва ҳисси баланди масъулият ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати ростин миёни мардуми кишвар комёб гардад. Роҳ ба сӯи созандагӣ ва шукуфоии Тоӌикистони азиз боз шуд. Душвориҳо пушти сар гаштанду гавҳари мақсуд ба даст омад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо иродаи мустаҳками сиёсӣ ва тинати ватандӯстона ӌиҳати таҳкиму таъмини сулҳу субот дар як минтақаи ӌангдидаву харобшуда созишу ризоияти тоӌиконро фароҳам оварад. Ба шарофати ӯ сулҳу истиқрор дар Тоӌикистон пойдор ва тоӌикон соҳиби ғояи миллӣ гардиданд, ки онро Ваҳдат унвон аст.

Ин таӌрибаи нодири сулҳоварӣ, ки дар қиёс ба таърихи дигар ӌангҳои шаҳрвандии ӌаҳонӣ дар фурсати кӯтоҳтарин ба даст омад, маҳаки омӯзиши на танҳо созмонҳои байналмилалии марбут, балки аз сӯи бисёр доираҳои сиёсӣ ба хотири татбиқ дар дигар минтақаҳои ошӯбзада мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Он овон Дабири кулли СММ Кофи Аннан аз натиӌаи гуфтушунидҳои мухолифини тоӌик бо Ҳукумати кишвар ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллие, ки миёни онҳо ба имзо расид, натиӌагирӣ карда, иброз дошт: «Тоӌикистон намунаи нодиреро пешорӯи дигар кишварҳо гузошт, ки чӣ гуна низоъҳои дохилиро метавон бартараф кард. Фикр мекунам, ки ин саҳми назарраси Тоӌикистон ба таърихи сулҳофарист».

Воқеан ҳам, сулҳи тоӌикон бо пойдориаш беҳтарин таӌриба ва арзишмандтарин дастоварди ӌомеаи башарӣ дониста мешавад, ки ба даргириҳои дохилии панӌсола хотима бахшид ва раванди шаклгирии таҳаввулоти минбаъдаро дар тамоми арсаҳои ҳаёт оғоз кард.

Вале хоинони миллат, ки такя ба ғояҳои миллӣ надоранд, дастовардҳои Тоӌикистонро нодида мегиранд, принсипҳои дунявиятро таҳқир месозанд ва неруҳои ӌавону ҳанӯз нопухтаро бар зидди Ҳукумат мехезонанд, боре ба худ суол додаанд, ки барои пешрафти ин кишвар чӣ амале анӌом додаанд? Бахусус, дар шароите, ки тамоми ӌаҳонро бемории нави сироятии бо номи COVID-19 ба таҳлука овардааст, магар боре дасти мадад ба касе расондаанд?

Бисёре аз истифодабарандагони шабакаҳои иӌтимоӣ ва расонаҳо одати даҳшатафканӣ ва ҳангомаӌӯиро ба хотири хонандаву бинандаи зиёд доштан пеш гирифтаанд ва ин бемории ҳамагир дастак шуд, ки то камтарин камбудиҳоро ӌустуӌӯ карда, ба он ӌомаи ваҳим пӯшонанду гӯё заъфи Ҳукумату ниҳоди тандурустии онро нишон бидиҳанд. Ақидаҳои бардурӯғу иғвогаронаи худро ба сари мардум таҳмил додан камоли ноӌавонмардист. Вазъи сиёсии Тоӌикистонро ноором ва худро чун ҳомиёни адолати иӌтимоӣ наангоред. Тариқи садову симо иғво ангехтану сабукфикронро ба доми найранги худ афкандан, кори саҳл аст. Вале кишвареро, ки душманонаш мехост ба арсаи муноқишаҳои миллию мазҳабӣ ва нажодӣ табдил дода, валангор созад, маҳз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар масири ваҳдатсозии суботмандона тадбир ӌӯяд ва решаи имрӯзу фардоро аз гузашта оби ҳаёт диҳад. Воқеан, амнияте, ки имрӯз мо дорем, самараи арзишманди ваҳдату ҳамдилӣ ва низ муҳимтарин дастоварди сулҳ аст.

Магар аз ӌанг дида, даҳшатбортар чизе ҳаст? Аз рӯи таҳлили мутахассисони ӌаҳонӣ 85 дарсади мубталошудагон ба бемории нави коронавирус бе ягон дармонбахшӣ мераҳанд, дар 30–50 фоиз ин беморӣ бе ягон аломат ӌараён мепазирад, танҳо 10 % метавонад нишонҳои шадид пайдо намояд ва танҳо 5 фоиз ниёз ба бистаришавӣ дошта бошад. Сару садоҳои зиёд ангехтану тарсу ваҳмро дар зеҳни мардум ӌой додан нашояд. Бо инояти Худованд ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин офат низ хоҳем раҳид. Ҳама дастаӌамъона бояд дарк созем, ки дар пеши даҳшати ӌанг ин беморӣ ҳеӌ аст, дер ё зуд дармони онро хоҳанд ёфт. Муҳим он аст, ки ба иғво гирифтор нашавем ва Ваҳдату якдилии мардумро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ пойдору муборак бошад ва барои ҳамешагӣ гулафшонӣ кунад, ҳамдиёрони азиз!

 

Шоҳона ОДИНАЗОДА

www.bonuvon.tj

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *