¶ 1 Leave a comment on paragraph 1 0 Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим — ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 мебошанд. Баробари ин бояд қайд, кард,ки бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалахои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқӣ мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ ҳам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии махз аст ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароенаро меафрӯзанд. Чунончӣ, роҳбари ТТЭ ҲНИ- Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебарад, ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурия ва Ироқ шахрвандон бевосита иштирок намуда, оқибат ҳалок шудаанд. Ин гурӯҳи Мухиддин Кабири нотавонбини аз оламу одам норозӣ ҳамавакт буд ва мемонанд.
¶ 2 Leave a comment on paragraph 2 0 Муҳиддин Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки дар Аврупо иқомат намуда, нисбатиҲукумат ва роҳбарони кишвар садо баланд мекунад ва мехоҳад дар арсаи байналмилалӣ номи тоҷику тоҷикистониҳоро доғдор намояд. Аммо ин кору рафтори ӯ хаёли хом аст ва мардум ба гуфтаҳои бадхоҳони миллат дода нашуда, онро қотеъона маҳкум менамоянд.
¶ 3 Leave a comment on paragraph 3 0 ВАЛИЕВ А.,
¶ 4 Leave a comment on paragraph 4 0 ассистенти кафедраи
¶ 5 Leave a comment on paragraph 5 0 иқтисодиёт ва соҳибкорӣ