Гиромидошти Рӯзи Президент – рамзи муҳаббат ба Ватан

Санаи 16-ноябри соли 2019 дар маҷлисгоҳи Шӯрои олимони Муассисаи таълимии давлатии Донишкадаи иќтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ташабуси шуъбаи илм ва инноватсия, садорати факултети тиҷорат, фаъолияти гумрук ва ҳуқуқ ва бо дастгирии кафедраи ҷомеашиносӣ ба ифтихори таҷлили иди Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Гиромидошти Рӯзи Президент – рамзи муҳаббат ба Ватан» мизи мудаввар баргузор гардид

Бо сухани ифтитоҳӣ кори мизи мудавварро муовини директор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Мирпочоев Д.А. кушода эълон намуда, ҳозиринро бо иди Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Мавсуф ба иштирокчиёни мизи мудаввар барори кор таманно дошта, зимнан таъкид бар он дошт, ки арҷгузорӣ ба Рӯзи Президент нишони мояи ифтихор доштан аз Пешвои муаззам, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро ин иди пуршукӯҳ барои ҷомеаи навини тоҷик дорои аҳамияти муҳим буда, дар шиноҳти арзишҳои давлатӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ нақши амиқ мегузорад, ормонҳои милливу мардумиро дар худ таҷассум намуда, нақши давлатмеҳвариро дар ниҳоди ҳамагон таҳким мебахшад.

Риштаи суханро декани факлтети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ, дотсент Ҷалолов Н.М. идома дода, иброз дошт, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлолияти давлат си­ёсати давлатии ҷавононро амалӣ намуд. Аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки 13 март соли 1992 сурат гирифтааст, далели ин гуфтаҳо мебошад. Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатӣ дар ин бахш қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва си­ёсати давлатии ҷавонон”. Консепсияву стратегияҳои  давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои миллат бо ҷавонон, роҳандозии стипиндияҳои Президентӣ, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъсис ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ободу зебо гардонидани  боғҳои фарҳангӣ, мавзею гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишӣ, муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир дастовардҳои беназиру нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар ба ҳисоб меравад.

Сипас, дотсент Мирпочоев Д.А. барои баромад намудан суханро ба доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи ҷомеашиносӣ, устод Солиҷонов Р. доданд.

Устод Солиҷонов Р. доир ба ташаккули ниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини Тоҷикистон гузориш намуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки таърихи навини Тоҷикистон собит намуд, ки шахсияти Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадор ва ходими давлатӣ, ки нисбат ба дигарон дарду доғи мардумро бештару хубтар эҳсос менамояд, дар барқарор ва таҳкими сулҳу субот, давлату давлатдории миллии тоҷикон, таъмини якпорчагии давлат нақши ҳалкунанда бозидааст.

Пас аз он сухан барои гузориш ба донишҷӯи курси дуюми ихтисоси аудит ва ревизия Восидова Мунира дода шуд.

Восидова М. дар  баромади худ оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» нақл намуда, иброз дошт, ки бо номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сулҳу амният, ваҳдатӣ миллӣ, бунёдкориҳо ва раванди демократисозии ҷомеа дар Тоҷикистон пайваст мебошанд. Вақте ки тамоми кишвар дар остонаи фоҷеа истода буд, муҳтарам Президенти маҳбуби мо роҳ надоданд, ки ҷамъият тақсим шавад, тавонистанд  мухолифатро аз ҷомеа бардоранд, фирориёнро ба Ватан бозгардонад ва сулҳро дар кишвар пойдор намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.

     Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 9 декабри соли 2015, таҳти рақами №257 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул карда шуд.

       Муовини директор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Мирпочоев Д.А. сухани навбатиро барои гузориш ба донишҷӯи курси дуюми                                                                           ихтисоси молшиносӣ ва муоинаи мол Мӯминова Раънохон доданд.

       Мавсуф дар баромади худ он нуктаро тафсил дод, ки 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти хешро эълон намуда, чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид, вале мутаассифона моҳи майи соли 1992 бо таъсири ҷанги таҳмилӣ ва дасисаи душманони хориҷӣ Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, ба истиқлолияти Тоҷикистон хатари воқеӣ таҳдид намуд. Хушбахтона моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар рафти кори он фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Мавсуф тамоми ғайрат ва талошҳои худро баҳри раҳоӣ аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу суботи комил, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона сохтанд. Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳовари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати сарбаланди тоҷик                         27 июни соли 1997 ба ваҳдати миллӣ соҳиб гашт.

       Дар мавзӯи «Пешвои миллат –  намунаи ибрат барои ҷавонон» донишҷӯи курси сеюми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит Маҳмудова Фарангис баромад намуд. Зимни баромади худ нотиқ зикр дошт, ки намунаи ибрат инсоне шуда метавонад, ки дар рафтор, гуфтор ва пиндори он нуқс дида намешавад. Намунаи ибрат шахси хирадманд, ростқавл, бовиҷдон, боинсоф, ҷасур, дастгиру меҳрубон шуда метавонад. Барои камина ва тамоми ҷавонони мо намунаи ибрат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

       Донишҷӯи курси дуюми ихтисоси баҳисобгири бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит Тошматова Рухшона перомуни мавзӯи 16 – ноябр таҷлили Рӯзи Президент гузориш намуд. Баромадкунанда зикр намуд, ки мувофиқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рӯзҳои ид»,             ки аз 14 майи 2016 қабул шудааст, минбаъд дар Тоҷикистони                           азизи мо рӯзи 16 -уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн  гирифта  мешавад. Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии дар он қабулгашта дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Ин фаъолияти самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз тақвияти бештаре гирифт. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз намуланд. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик чун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, пойдории миллати тоҷик ва шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Точикистон ворид шуд.

     Ба мавзӯи Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи пешрафти кишвар дар самти робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисодиёт баромади донишҷӯи курси якуми ихтисоси идораи мақомоти давлатӣ Шарипова Нилуфар бахшида шуда буд. Мавсуф зикр намуд, ки сиёсати «дарҳои кушод» ва роҳандозии нақшаҳои мушаххас ҷиҳати амалӣ намудани стратегияи иқтисодӣ имкон медиҳанд, ки Тоҷикистон тадриҷан ба сафи давлатҳои пешрафта ворид гашта истодааст.

     Донишҷӯи курси якуми ихтисоси идораи мақомоти давлатӣ Бурҳонзода Маҳфузахон дар мавзӯи «Гиромидошти Рӯзи Президент – рамзи муҳаббат ба Ватан» баромад намуда, иброз дошт, ки имрӯз воқеан, мардуми шарифи Тоҷикистон пешрафт ва сулҳу амни кишварро бо чеҳраи Президенти мамлакат, бо заҳмати пайвастаи Пешвои муаззам, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонанд. Дар ҳақиқат, шахсе зимоми давлатдориро ба даст гирифт, ки аз ӯҳдаи нигоҳ доштани он ва тараққиёти бемислаш баромад. Аз ин рӯ, дар таърих ному кори мавсуф  бо ҳарфҳои заррин навишта мегардад.

     Перомуни нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди                                   низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол донишҷӯи курси 2- юми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит Дадаҷонов Меҳроҷ баромад намуда, зикр дошт, ки дар як вақти кӯтоҳи таърихӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ осоре ҳам намонда, фазои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии Тоҷикистон комилан тағйир ёфта, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, Истиқлоли давлатӣ ва хушбахтии комил ба даст оварданд. Имрӯз ҳама шукр аз неъматҳои Истиқлолият менамоянд ва аз он фахр мекунанд, ки чунин Пешвои мушфиқу ғамхор доранд.

  Мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, дотсент Турсунов Ф.А. дар музокира таъкид ба он дошт, ки бешак, Сарвари давлат синаро сипар намуда, давлату истиқлолиятро ҳифз намуданд, ба хотири ояндаи дурахшони мо, миллату давлат бо тамоми ҳастӣ фаъолияти чашмрасу бесобиқа менамоянд. Мардум ба хоти­ри заҳматҳои бемислашон мавсуфро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат хонданд ва пазируфтанд. Албатта, бо чунин Пешвои асилу муаззам роҳи мо танҳо ба як самт –  ба сӯи саодату хушбахтӣ ва ба дастовардҳои аз ин ҳам бештару беҳтар ноил гардидан мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *