Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм (тундгароӣ), ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ (терроризм) ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд.
Дар замони муосир авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он,торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.
Терроризми байналмилалӣ яке аз мушкилоти глобалиест, ки дар замони муосир ба девори муносибатҳои байналмилалӣ рахна ворид менамояд.
Терроризми байналмилалӣ,мутаасифона дар миқёси ҷаҳонӣ торафт васеъ доман паҳн менамояд. Ҳарчанд ба андешаи аксари муҳаққиқон,терроризму ифротгароӣ (экстремизм) як навъ падидаест,ки дорои ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ,этикию идеологӣ ва хусусияти равонӣ аст ,вале аз зуҳуру сар задани он ҳеҷ як давлату халқу миллате дар амон нест.
Исломикунонии маҷбурии ҷомеа, аз ҷумла ворид намудани фарҳанги бегонаи исломӣ, аз қабили ҳиҷоб ва либосҳои бегона;
– Пайдоиши тафриқа миёни мусалмонони кишвар: ба вуҷуд омадани як қатор гурӯҳҳои ғаразноки динӣ, аз он ҷумла «Салафия», «Ваҳҳобия», «Такфириҳо» ва гурӯҳҳое, ки мақсадҳои ғаразнокро пайгирӣ менамоянд;
– Ин гурӯҳҳо зери таъсири ақидаҳои тунду ғаразнок ҷавонҳоро ба сафи гурӯҳҳои экстримистии хеш шомил гардонида, ба иҷрои ҳама гуна амалҳои ғайриинсонӣ, монанди қатлу ғорат кардани тайёр мекунанд.
Мутаассифона, эшон аз номи дини мубини ислом ҳарф зада, ба шаъни ин дини муқаддас иснод оварда, мардумро фирефтаи худ месозанд. Дар натиҷа иддае аз ҷавонони раҳгумзадаи тоҷик дар баробари ба гирдоби ҷанги бемаънӣ афтодан, инчунин ҳамсару фарзандони худро низ ба кишварҳои ҷангзада даъват намуда, ҳаёти онҳоро низ дар хатар мегузоранд.
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон Эмомали Раҳмон дар шароите ба Маҷлиси Олии кишвар қироат гардид, ки ҷахони муосир шоҳиди бӯҳрони амиқи идеологӣ аст. Яке аз хатарҳое, ки ба амнияти аҳолии сайёра таҳдид менамояд, ин тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон бо назардошти муҳимии мавзӯъ, дар мавриди хатарҳои глобалӣ ин зуҳуроти нангинро чунин арзёбӣ мекунад : «Ҷангу низоъ ва мухолифати мусаллаҳона даҳшат аст, қатлу куштори одамони бегуноҳ аст, қашшоқиву бенавоӣ, бадбахтӣ, касодии иқтисодӣ ва шикасти низому қонунияту давлатдорист»
Ҳизби наҳзати ислом ба сифати ҳизби характери динӣ дошта эътироф мегашт, лекин он ташкилоти дини набуда ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти диниро надорад.
Тибқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» мақсади асосии ҳизби сиёсӣ иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеъа бо воситаи ташакккули иродаи сиёсии шаҳрвандон мебошад
Фаъолити ҲНИ бошад ҳамеша аз фитнаву бадбиниҳо нисбат ба ҳукумат ва давлат мебошад. Бо ин қаноат накарда дар охир ҲНИ аҳдшиканӣ кард. Рӯ ба силоҳу яроқ овард ва ба созишномаи сулҳ зарба зад. Фаъолияти ҲНИ-ро ҳамчун фаъолияти ифротгаро ва террористӣ маҳкум мекунем.
Шамсидинов Абдуллоҳ,
муаллими калони кафедраи менеҷменти ДИС ДДТТ