Фитнаҳои Саидюнус зери ниқоби динситезӣ дар Тоҷикистон

Ҷуҳурии Тоҷикистон тӯли Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла такмили қонунгузории миллӣ расидааст. Аммо хоинони миллат, ки бо ҷурми содир намудани ҷиноят ва ба мақсади саркашӣ кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар давлатҳои хориҷӣ фирор намудаанд ин дастовардҳоро нодида гирифта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна фитнаву дасисаҳоро паҳн мекунанд.

Ахиран Саидюнуси Истаравшанӣ дар саҳифаҳои иҷтимоӣ маводеро бо номи «Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад?”  чоп намудааст, ки он давоми мантиқоии муборизаҳои пасипардагии ӯ ва дигар ҳаммаслакони беватанаш мебошад.

Имрӯз  ҳар як фарди солими ҷомеа нисбати сулҳу  субот ва амну осудагии Тоҷикистон бефарқ нест. Тоҷикистони соҳибистиқлол ба муассисаҳои динӣ имконият ва озодӣ ато намуд. Имрӯз ҳодими дин дар вазъи солими маънавию сиёсӣ ва озод аз таъқибот қарор дорад. Ҳатто парастиши  хурофот ба мамонияте дучор намешавад. Гузашта аз ин  ҳатто равшанфикрон дар ин бора эътироз намекунанд. Мисли солҳои пешин касе ба озодона ба ҷо овардани расму оини динӣ мамониат эҷод наменамояд.

Ба вуҷуд омадани ақидаҳои дунявӣ тасодуфӣ нест. Аз ибтидо муқовимати ғоявӣ миёни ақидаи динӣ ва дунявӣ вуҷуд дошт. Дунявият динро не, балки, пеш аз ҳама, ҳурофоту таасуби динро маҳкум менамояд. Давлати дунявӣ давлатест, ки  он дину мазҳаби  расман давлатиро, ё худ миллиро соҳиб нест. Давлати дунявӣ дахолати мазҳабиро намепазирад. Афрод бошад, дар эътиқод озоду соҳибихтиёранд. Тоҷикистон, ки худро узви ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин эълон доштааст, ба мақомоти динию мазҳабӣ ба кори давлатдорӣ садд мегузорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии фикрӣ ва ҳуқуқҳои инсонро ҳифз менамояд. Дар пайравӣ, ибодат, таълими дин фишори манъавӣ вуҷуд надорад. Нагуфта намонад, ки ғоя дар Қуръони шариф низ таъкид шудааст: «Ло икроҳа фи–д–дин» (дар дин иҷборият вуҷуд надорад) (сураи «Бақара, ояти 256»). Тамоюли  барангехтаи адоват миёни динҳо ва равандҳои динию мазҳабӣ, ки имрӯзҳо ба назар мерасад, амнияти ҷомеаро зери хатарӣ ҷиддӣ қарор медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксари аҳолиаш мусулмон ҳаст, роҳи бунёди давлати дунявиро пеша кардааст. Дар баробари ин арзишҳои исломӣ дар рушди маънавиёти кишвар, пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ макоми шоистаро ишғол менамоянд.

Ногуфта намонад, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон озодии дину виҷдон ба дараҷаи назаррас расид. Ҳар кас ки мехоҳад, дар масҷидҳо намозу ибодаташро ба ҷо меорад, адои фаризаи Ҳаҷ мекунад. Ҳамаи ин неъмати бузурги Парвардигор аст, ки шукронаи онро ба ҷой овардан лозим аст. Соли 2009 дар Тоҷикистон соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон карда шуд, ки ин ҳам нишонаи таваҷҷӯҳи хайр ва одилона ба дину мазҳаб аст. Пас набояд мо фирефтаи афкори бадхоҳон гардем ва андешаҳои онҳоро нисбати муносибат ба дину оин ва ё ба ибораи онҳо “исломҳаросӣ” қабул надорем.

Шогунбеков М.,

Ҷамолиддинов Ҷ.,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *