ДУШАНБЕ, 01.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар пешгоҳи ҷабҳаи мубориза бо вируси нав табибону ҳамширагони шафқат ва ҳамаи кормандони низоми тандурустии ҷумҳурӣ қарор доранд. Дар шароити кунунӣ онҳо муъҷизаофаринии тахассусӣ, қарзи имонию инсонӣ ва рисолати фарзандию шаҳрвандии худро собитқадамона иҷро карда истодаанд ва аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ва табақаи сарватманди ҷомеа бо дастгирии ҳамаҷониба фаро гирифта шудаанд. Пас ин ҷо саволе ба миён меояд, ки барои пешгирӣ намудани ин вабои марговар ва коҳиш додани шиддати паҳншавии он дар баробари риоя намудани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз кадом зарфиятҳои дар матни фарҳанги миллӣ ва динию ирфонии мо нуҳуфтае вуҷуд дорад? Ва аз ҷониби дигар, рафтору вокуниши неруҳои сиёсию идеологӣ дар муқобили ин хатари умумимиллӣ бояд чӣ гуна сурат бигирад? Андешаҳои Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Файзулло БАРОТЗОДА-ро роҷеъ ба ин мавзуъ пешкаши хонандагон мегардонем.
— Оғози соли кабисаи 2020 мардуми кураи Заминро ба бемории гузарандаи фарогир ва марговар бо номи COVID-19 гирифтор намуд. Ҳеҷ кас тасаввур карда наметавонист, ки бемории моҳҳои ноябр-декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин пайдошуда ба зудӣ кишварҳои ҷаҳонро фаро мегирад ва таҳдиду хатари бе мислу монанде дар муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодиёти ҷаҳон, рафтуомад ва додугирифти байни давлатҳову шаҳрвандон, баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва фаъолияти инфрасохтори ҳамлу нақли заминию баҳрӣ ва ҳавоӣ ворид менамояд. Афзун бар ин, ҳар рўз ин вабои манҳус ҷони садҳо нафарро меситонад ва сабаби торафт паст рафтани сатҳи зиндагӣ ва некўаҳволии мардуми сайёра мегардад.
Давлати азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ рўзҳои басо сангинро дар озмоиши мубориза бо вируси КОВИД-19 сипарӣ менамояд. Ошкор шудани сирояти ин беморӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва роҳандозии иқдомҳои пешгирии он нишон дод, ки роҳбарияти олии мамлакат, ниҳодҳои дахлдори ҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, пиру ҷавон ва хурду калон дар муддати кўтоҳтарин зарару зиёни ҷонкоҳи ин бемориро эҳсос намуда, чораҳои муассир роҳандозӣ намуданд, раванди мудирияти ин буҳрони беҳдоштиро зери назорати қатъӣ қарор доданд. Бадбахтона, ин вабо дар байни мубталошудагон оқибатҳои марговар низ ба бор овардааст, вобаста ба вежагиҳои ҳимоят аз паҳншавии ин вируси аз одам ба одам гузаранда тартиби ба хок супоридани фавтидагон хусусияти ғайримуқаррарӣ касб намуд, дар баъзе хонаводаҳо чанд нафар ба беморӣ гирифтор шуданд, ки ба онҳо зиёни моддию маънавии зиёд ворид сохт. Хушбахтона, дар тўли як моҳи пайдо шудани коронавирус қишру табақаҳои гуногуни ҷомеа бо камоли масъулиятшиносӣ оқибатҳои ҳалокатбори ин вабои фарогирро эҳсос намуда, дар рафтору муносибатҳои худ тағйироти ҷиддӣ ворид намуданд. Баргузории беҳангома ва самимонаи иди Фитри имсола баёнгари возеҳи чунин сатҳи масъулиятшиносии шаҳрвандони мамлакат мебошад.
Бояд махсус таъкид гардад, ки дар пешгоҳи ҷабҳаи мубориза бо вируси нав табибону ҳамширагони шафқат ва ҳамаи кормандони низоми тандурустии ҷумҳурӣ қарор доранд. Дар шароити кунунӣ онҳо муъҷизаофаринии тахассусӣ, қарзи имонию инсонӣ ва рисолати фарзандию шаҳрвандии худро собитқадамона иҷро карда истодаанд ва аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва табақаи сарватманди ҷомеа бо дастгирии ҳамаҷониба фаро гирифта шудаанд. Пас ин ҷо саволе ба миён меояд, ки барои пешгирӣ намудани ин вабои марговар ва коҳиш додани шиддати паҳншавии он дар баробари риоя намудани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз кадом зарфиятҳои дар матни фарҳанги миллӣ ва динию ирфонии мо нуҳуфтае вуҷуд дорад? Ва аз ҷониби дигар, рафтору вокуниши неруҳои сиёсию идеологӣ дар муқобили ин хатари умумимиллӣ бояд чӣ гуна сурат бигирад?
Пўшида нест, ки дар матни қиссаҳои асотирӣ ва нигориши рўйдодҳои таърихи бостонии ниёгон аз оғози офариниши оламу одам масъалаи гирифтории анҷумани инсонҳо ба мушкилӣ, офату андўҳ, шиканҷаву беморӣ ҳамеша ҳузур доштааст. Вирус ва ангезандаи касалиҳои сироятӣ дар кураи Замин пеш аз офарида шудани инсон арзи ҳастӣ дошта, аз ғайри ҷойгузин шудан дар организмҳои дигар вуҷуд дошта наметавонистаанд. Дар тўли таърихи ташаккули худ инсоният борҳо ба душвориҳои фалокатборе, ба мисли пандемияи бемориҳои хавфноки сирояткунанда даст ба гиребон шудааст. Аз ин ҷиҳат, дар шароити кунунӣ паҳн гардидани пандемия мантиқан бояд ҳамчун падидае пазируфта шавад, ки дар матни зиндагии рўизаминӣ ҳамеша ҷойгоҳи ногузири худро доштааст ва инсоният барои бақои зуррияти худ бояд ҳамеша ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди он барои истодагарӣ омода бошад.
Ба андешаи мо, дар фарҳанги куҳани авастоӣ ва паҳлавии ниёгон ҳамин падидаи нохушоянд зери мафҳуми ҷомеи «патёра» муаррифӣ шудааст. Ба маънои луғавии худ ин вожа баёнгари ҳолатҳои андўҳу шиканҷа, душворию вазнинӣ, офату осеб, зиштию бадӣ будааст. Вале ҳамчун исми истилоҳӣ он неруи бади нопадид ва махлуқи девмонанде будааст, ки «аз пайи табоҳ кардан ва зойеъ сохтани осор ва офаридагони Аҳурамаздо падид омада бошад». Истеъмоли ҳамин мафҳум дар сарчашмаҳои муҳими насрию назмии дудмони Сомониён далолат бар он мекунад, ки бошандагони рўйи Замин ва бахусус ниёгони пурифтихори мо аз мавҷудияти ин қабил балоҳои фарогири осмонию заминӣ огоҳӣ доштаанд. Дар таърихномаи Табарӣ ин матлаб зимни гуфтори марбут ба офариниши олам чунин омадааст: «Ва се ҳазор сол бигузашт бе офату патёра. Пас Аҳриман ва Патёра падид омад, андар банӣ Одам кор кард». Дар «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ, ки бештар достонҳои қаҳрамонӣ ва ҷангу набардҳоро дар бар мегирад, ин вожа бисёр истифода мешавад, чунончи дар байтҳои зерин омадааст:
Аз он чора Заҳҳок бечора буд,
Ки ҷонаш гирифтори патёра буд…
Чу донӣ, ки аз марги худ чора нест,
Зи пирӣ батар низ патёра нест.
Аз он ҷиҳат, ки рўйдоду ҳодисоти достонҳои ҳамосавии «Шоҳнома» ба мавзўъҳои ҷангу лашкаркашӣ, кишваркушоиву истилои кишварҳои дигар вобаста буд, падид омадани зуҳуроти номатлубро, ба мисли вайронию харобӣ, паҳншавии бемориҳои гуногун, хушксолӣ ва дар ин замина ба сутўҳ омадан ва бечораву нотавон шудани одамонро дар пай дошт. Ҳолатҳои бисёр монанд ба пандемияро дар матни достонҳои ин шоҳасари ҷовидонӣ пайдо намудан мумкин аст, ки бо истилоҳи «патёра» баён гардидаанд.
Илова бар ин, миллати тоҷик андаруни платформаи фарҳангсолории ҷашни Наврўз зербинои устувори иҷтимоию иқтисодӣ, фаросати баланди беҳдоштӣ ва муносибати муваффақона бо табиатро дар худ ғунҷоиш додааст. Абўрайҳони Берунӣ дар «Осору-л-боқия» зимни баёни Наврўз ном ниҳодани ин ҷашни мондагор чунин менависад: «Бархе аз уламои Эрон мегўянд: сабаби ин ки ин рўзро Наврўз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас соиба (андўҳ) ошкор шуданд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, дини худро таҷдид кард ва ин кор хеле бузург ба назар омад ва он рўзро Ҷамшед ид гирифт». Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки шаклгирии ҷашни Наврўз ҳамчунин василае барои решакан кардани соиба, яъне рафъи ғаму андўҳ ва пешгирии сироятёбӣ аз беморию гирифторӣ муаррифӣ шудааст.
Минбаъд аён гардид, ки тоҷикон дар қаламрави ҷуғрофиёии Мовароуннаҳр таҷрибаи андўхтаи бештаре доир ба шинохти таъсиргузории замину осмон бо табиати фусункор, поксозии ҷойҳои зисти ҳамагонӣ ва хонаҳои мардум доштаанд. Паҳлўҳои худвежаи фарҳанги наврўзии тоҷикон ҳангоми футўҳот ва густариши ислом дар шаҳрҳои Варорўд бозгўкунандаи воқеияти бархўрд, шинохт, мутобиқшавӣ ва омезиши хамирмояи тавҳиди исломӣ ва қудсияти Наврўз дар сарзамини ниёгони мо будааст. Ҳамин ду унсур барои сиришти фарҳанги тамоман нави миллӣ дар қабои сабзи наврўзию исломӣ саҳми мондагор гузошта, дар муҳити давлатгустарии Сомониён фарҳанги пизишкию беҳдоштии Бўалибунёдро тақдими оламиён гардонид. Ва гумони ғолиб он аст, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, фаросати тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва пешгирии саривақтии ҳар гуна бемориҳо, инчунин дар арафаи идҳои динӣ тоза кардани хонаву манзил ва сарулибос аз матни анъанаҳои наврўзӣ дар фарҳанги мусулмонӣ пазируфта шудааст. Далели ин гуфтаҳо дар рафтори идонаи мардуми Осиёи Марказӣ то ҳунўз ба мушоҳида мерасад: онҳо нисбат ба дигар минтақаҳои мусулмонӣ дар арафаи идайн – Фитр ва Азҳо ба тозагии ботинию зоҳирӣ ва назофати беҳдоштии шахсӣ аҳамияти бештар медиҳанд.
Сазовори гуфтан аст, ки амирони сомонӣ ҳамчунин ҷиҳати пазируфтан ва нақши ҳувиятсоз додани китоби муқаддаси мусулмонон ҳамчун хамирмояи муҳими фарҳангӣ ва динию эътиқодӣ корҳои мондагоре ба субут расонидаанд. Онҳо тавонистанд ҷанбаҳои амалии илми тибби «Бўалӣ Синои дармонбахш»-ро бо маънавиёти малакутии «ва нуназзилу мина-л-Қуръони мо ҳува шифоун ва раҳматун ли-л-муъминин ва ло язиду-з-золимина илло хасоро» – «ва аз Қуръон он чиро фуруд меоварем, ки вай барои мўъминон шифо ва раҳмат аст; ва дар ҳаққи ситамгарон ба ҷуз зиён (чизеро) намеафзояд» (Исро, 17:82) пайванди устувор бахшанд. Ҳамин платформаи беҳдоштии ба истилоҳ «тибби рўҳонӣ» дар муҳтавои китоби «Қонун фӣ-т-тибб»-и Абўалӣ ибни Сино ҳамчун дастурамали рўимизии тиббӣ то асри XVII дар Аврупо хидмат кард ва то ибтидои асри XX дар кишварҳои Осиёи Марказӣ побарҷо боқӣ монд. Ногуфта намонад, ки дар доираи ҳамин мактаби тиббӣ бахши гиёҳдармонӣ низ дар минтақа густариш кард, ки шоҳасари «Захираҳои Хоразмшоҳӣ» Муҳаммад ибни Исмоили Ҷурҷонӣ (асри XII) намунаи барҷастаи он аст ва ҳоло ҳам моҳияти таърихию фарҳангӣ, илмию амалӣ, забонию истилоҳӣ ва фалсафию ирфонии худро гум накардааст.
Албатта, аз он даврони арзишҳои қурунивустоӣ асрҳо сипарӣ шуд, оламу одам тамоман дигаргун гашт, инсоният ба марҳалаи рушди бемайлони илму техника, табодули босуръати иттилоот ва технологияҳои баланд ворид гардид. Илми тиб ҳам ба дастовардҳои сутудание ноил гардид. Дар доираи меъёрҳои гуногуни баҳогузории ченакҳои инсонӣ ҷаҳон ба Шарқу Ғарб, кишварҳои ҳафтгона, бистгона, рушдкунанда ва амсоли инҳо раддабандӣ шуданд. Мафҳумҳои навбовае, ба мисли глобализатсия, геополитика, терроризм, экстремизм, мигратсия бе тарҷума вирди забони бошандагони сайёра гардиданд. Сатҳи хизматрасониҳо то андозае боло гирифт, ки дигар барои инсонҳо аз як гўшаи дунё ба гўшаи дигар рафтан дар ниҳояти осонӣ таҳаққуқ мепазируфт. Ҳамкорию ҳамгироиҳо байни давлатҳо хусусияти серҳаракатии сатҳи баланд касб намуд ва одамон хоставу ниёзҳои худро дар шаклу муҳтавои матлуб ва дар замону макони дилхоҳ бароварда мегардониданд.
Баҳори соли 2020 паҳншавии бемории сироятии навъи нави коронавирус (COVID-19) ва пандемия эълон гардидани он аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ кишварҳои ҷаҳонро ғофилгир кард ва набзи ҳаёти ҷомеаи ҷаҳониро хира гардонид. Буҳрони вабои фарогир ошкор намуд, ки якбора ба беморӣ мубтало шудани миқдори зиёди аҳолӣ пешрафтатарин низомҳои тандурустии ҷаҳонӣ ва мудирияти беҳдоштии арзандаро оҷиз сохт ва ба душвории лояъқил мувоҷеҳ кард. Мардум мисли тут аз шохи дарахт рехта мурдани одамонро ба чашми сар диданд. Ва табиист, ки ба таҳлука афтоданд ва ба худ суол мекарданд, ки Худоё, ин чӣ озмоишест?! Паҳншавии ногаҳонии пандемия ҳатто ҷаҳонбинии одамон ва пояҳои бунёдии муносибатҳои фард, ҷомеа ва давлатҳоро куллан дигаргун кард. Ниҳоятан, буҳрони коронавируси COVID-19 ба мушкилии рақами яки ҷомеаи ҷаҳонӣ мубаддал гашт, ки набарди ноаёни таҳамтаниро бар зидди бақои инсоният эълон кардааст. Як муддат мардум барои раҳоӣ ёфтан аз банду балои вабо ва карантину маҳдудиятҳои пешбинишуда ба ҳама чиз бовар мекарданд ва ҳолатҳое иттифоқ афтоданд, ки суханони ҳикматбори Мавлоно боваркарданӣ намудор мешуданд:
Сад ҳазорон найзаи Фиръавнро,
Баршикаст аз Мўсие бо як асо.
Сад ҳазорон тибби Ҷолинус буд,
Пеши Исову дамаш афсўс буд.
Сад ҳазорон дафтари ашъор буд,
Пеши ҳарфи уммие он ор буд.
Бо чунин ғолиб Худованде касе,
Чун намирад, гар набошад ў хасе.
Воқеан, агар ба таҳлили мазмуну ирфони ин байтҳо пардозем, баробари паҳншавии вабои фарогир дар нуқтаҳои доғи сайёра ба якборагӣ рафторҳои фиръавнии размандагон хомўш гардид, як муддат одамон ҷангу ҷидол, ифротгароию амалиёти террористиро ба гўшаи фаромўшӣ супурданд. Гўиё як чўбаки олудаи бемории сироятӣ мисли асои Мўсо ҳирси ҷангҷӯёнаи ифротгароёнро баршикаст ва мили туфангҳои онҳоро ба замин бархалонид.
Озмоиши маснўӣ ё худрўй будани пандемия илми тибби ҷаҳониро сахт дар ғафлат гузошт. Созмонҳои пешрафтаи беҳдоштии ҷаҳонӣ ба зудӣ натавонистанд дармону табобат ва тавсияву машварати исодаме пешниҳод намоянд, то мардум ҷон ба саломат баранд. Ва ба хулосае омаданд, ки бахши тандурустӣ, низоми беҳдоштӣ ва дорусозӣ ханўз ниёз ба ислоҳоти бештаре дорад.
Аммо ба таътил афтодани ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи давлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули гуфтор кардани одамонро низ сахт маҳдуд сохт ва онҳоро гўшанишин кард. Коршиносону мутахассисон новобаста ба маълумоти фаровоне дар ихтиёр доштан ҷиҳати баёни моҳияти ин вабои ноаён оҷиз шуданд ва забонашон лол гашт. Аз ҳама бештар пайравони диёноти иброҳимия (яҳудият, масеҳият ва ислом) барои уқдакушоии муаммои ин андўҳи бузург ба китобҳои муқаддаси худашон муроҷиат карданро ҳам таҷриба карданд. Баъзан ҳатто андешаҳои хурофотие садо доданд, ки шояд ин нишонаи қиёмат ва ҷазову озмоиши илоҳӣ бошад. Яъсу навмедие падид омад, ки таърих чизе монанд ба онро ёд надорад. Орзуи ҳама – сарватманду ниёзманд, олиму золим ва донову нодон побанди андешаи наҷоти ҷони худ гардид. Дар байни мардумон аз таҳдиди овозаи пандемия ҳолате мисли сураи Абаса (рўй турш кардан) падид омад: «Пас, вақте ки овози сахт биёяд, рўзе, ки мард бигурезад аз бародари худ ва аз модараш ва падараш ва аз занаш ва фарзандаш, дар он рўз ҳар мардеро аз онҳо шуғле ҳаст, ки ўро (ба ҳоли худ) бозмедорад» (Абаса, 80:33-37). Ва ин машғулият ва масъулият барои мардони воқеӣ меҳанпарастӣ ва нангу номуси ватандорист. Яъне дар чунин вазъият бояд барои пойдории давлат, ҳифзи арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, амнияти марзу буми меҳан ва беҳдоштии дастаҷамъӣ ва «зану кўдаки хурду пайванди хеш» ҳама аз як гиребон сар бароварем ва фаъолиятамонро дар доираи мантиқу идрок ҳамоҳанг созем.
Аз охири моҳи апрели соли равон дар ҷумҳурии мо низ ҳолатҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ расман ба қайд гирифта шуд. Ҳамзамон ҳайати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ эътиборан аз якуми майи соли 2020 дар Тоҷикистон қарор дорад ва ҳамкории судмандро бо роҳбарияти олии сиёсию ҳукуматӣ ва масъулону коршиносони соҳаи тандурустӣ дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудааст. Мудирияти муваффақонаи ҳамкорӣ бо намояндагони баландпояи СУТ ба Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки дар фурсати кўтоҳтарин баҳогузории вазъият, роҳу усулҳои созгори пешгирии паҳншавӣ ва мубориза бар зидди коронавирус, таблиғи гигиенаи беҳдоштӣ дар байни аҳолӣ, эълони карантини нарм ва боло бурдани масъулиятшиносии шаҳрвандон ҷиҳати дарки дурусти хатари вабои аср ба танзим дароварда шавад. Дастёбӣ ба ҳамкории саривақтӣ далолат бар он мекунад, ки Тоҷикистон дар баробари узви фаъоли созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ будан уҳдадориҳои байналмилалии худро бо камоли масъулият иҷро менамояд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз дастгирии онҳо бархурдор мешавад.
Аз ҷониби дигар, паҳншавии пандемия нишон дод, ки барои «берун ҷастан зи банди ҳар макру ҳиял»-и он танҳо ба Холиқи Офаридгор, давлату ҳукумати худ, масъулиятшиносии фарду ҷомеа ва зарфиятҳои миллии пешниҳоди позаҳри мубориза бар зидди он такя намудан ба мақсад мувофиқ менамояд. Чунин масъалагузорӣ маънои онро надорад, ки мо дастовардҳои илми тибби муосир ва табодули ҳамкориро ҷиҳати дастрасӣ ба техникаву технология, доруворӣ ва кумакҳои гуманитарӣ сарфи назар намоем.
Таҷрибаи якмоҳаи мубориза бо вируси навъи нави COVID-19 баёни возеҳи он аст, ки роҳандозии ҳамкорӣ бо кишварҳои дуру наздик, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, баррасии роҳҳои муассири пешгирӣ ва мубориза ба муқобили пандемия дар маркази фаъолияти кории Пешвои миллат ва гуфтугўҳои телефониашон бо президентҳои кишварҳои хориҷӣ қарор гирифтанд. Чунин фаъолияти пурсамар, пеш аз ҳама, барои расонидани кумакҳои башардўстонаи давлатҳои дўст ба Тоҷикистон ва баръакс, имзои созишномаҳои грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои фаврии муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии роҳҳои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан ва шаҳрвандони хориҷӣ ба кишварҳояшон ба ваҷҳи писандида мусоидат кард. Вазорату кумитаҳои мамлакат низ аз тариқи баргузор намудани видео-конфронсҳо ва вебмашваратҳои тахассусӣ бо табибону вирусологҳои сатҳи ҷаҳонӣ барои дастрас намудани техникаву аппаратҳои зарурӣ, доруворӣ, ниқобҳо ва маводи антисептикӣ, инчунин даъвати табибону коршиносон ҷиҳати табодули таҷрибаи андўхтаи табобатӣ ва бунёди беморхонаҳои иловагии касалиҳои сироятӣ ба дастовардҳои назаррас комёб шуданд. Тафаккуру муносибат ва дастгирии моддию маънавии аҳолӣ ба кормандони тиб ба таври мусбат тағйир ёфт ва мардум сари вақт муроҷиат намудан ба духтуронро авлотар донистанд.
Дар заминаи матлаби баёнгардида пешниҳоди баъзе натиҷаҳои таҳлилӣ вобаста ба масъалаи паҳншавии пандемия ва сатҳи масъулиятшиносии фард ва ҷомеаро шояд дар шакли зерин баён намудан имконпазир бошад:
Якум, баробари бақайдгирии ҳолатҳои сироятёбӣ аз ин беморӣ дар ҷумҳурӣ, мутаассифона, як муддат вазъияти буҳронӣ, рўҳафтодагӣ, паҳн кардани овозаҳои носанҷида, қайсарона хулоса баровардан, носазо гуфтан дар ҳаққи ниҳодҳои давлатӣ ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба мушоҳида расид. Ин қабил рафторҳо боис гардид, ки мардум нисбат ба саломатии худ камаҳамият шаванд, ба қоидаҳои беҳдоштӣ таваҷҷуҳи казоӣ зоҳир нанамоянд, эҳтиёткориро дар муносибат ба ин вабо суст гардонанд. Ба таъбири маъмули қуръонӣ мардум фаромўш карданд, ки «ал-фитнату ашадду мина-л-қатл» – «ва фитна аз қатл сахттар аст» (Бақара, 2:191). Яъне балвову буҳтон ва ҳангомаву овозаҳои беасос паҳн кардан сахттар ва зарарноктар аз он аст, ки шахсро ба қатл расонӣ. Таҷрибаи мубориза бар зидди коронавирус дар ҷаҳон собит намуд, ки ҳамоҳангӣ дар кору фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва аҳолӣ, риояи тавсияи ниҳодҳои тандурустӣ ва гигиенаи шахсӣ, дурӣ ҷустан аз ҳамдигар ва истифодаи ниқобу маводи антисептикӣ гарави сабук гузаронидани ин буҳрони эпидемологӣ ва тадриҷан ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштани онҳо шуда истодааст. Дар пояи роҳандозии чорабиниҳои қатъии ҳукуматӣ дар кишвари мо ҳам ба зудӣ муносибати мардум ба оқибатҳои ҳалокатбори ин беморӣ тағйир ёфт. Як омили муҳими равонӣ ва эътиқодӣ низ ба он таъсиргузор гардид. Вақте мардум дафни ғайримаъмулии аз ин беморӣ фавтидагонро диданд, ҳушёр шуданд ва дар фикри саломатии худ афтоданд. Пешвои миллат ҳамин қабил тағйиротро бо хушнудӣ қайд намуданд: «Дар ҳоле, ки мо карантин эълон накардаем, шаҳрвандони мо бо риояи талаботи беҳдоштӣ ва тартибу низом ба пастшавии шиддати беморӣ кумак карда истодаанд. Таҳлилҳо ҳам нишон медиҳанд, ки вазъият рў ба беҳбудӣ оварда истодааст».
Дуюм, бояд ба эътибор гирифт, ки ҳеҷ як давлату ҳукумат барои коҳиш ёфтани саломатии шаҳрвандони худ ва паст шудани қобилияти коршоямии онҳо манфиатдор нест. Ва нигоҳ доштани ҳолати саломатии ҳар як шахс, пеш аз ҳама, ба худи ў вобаста аст, фарҳанги саривақтии табобати ҳар гуна беморӣ ҳатман натиҷаи хуб медиҳад. Нуқтаи назари ирфони мардумии дигар ҳам ҳаст, ки «вабо биёяд ҳам, аҷалрасида мемурад» гуфтаанд. Дар ҳамин маънӣ Саъдии бузургвор дар баёни андарзи «аҷалрасида мемирад, на бемори сахт» қитъаи машҳуре дорад:
Марде ҳама шаб бар сари бемор гирист,
Чун субҳ шуд, ў бимурду бемор бизист.
Эй басо аспи тозӣ, ки бимурд,
Хараки ланг ҷон ба манзил бурд.
Мониторинги пайваста ва ҳисоботи ҳаррўзаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ доир ба вазъи пешгирии пандемияи COVID-19 ба он далолат мекунад, ки дар масъалаи таносуби маргу зиндагӣ ҳеҷ тағйироти ҷиддие дар дунё ба вуҷуд наомадааст. Чун пештара миқрози аҷали Малакулмавт таноби умри одамонро ба ҳамон миқдоре бурида истодааст, ки буд. Аз ин рў, тобиши сиёсӣ додани масъалаҳо дар атрофи мубориза бо вабои фарогир аз мавқеи фарҳанги одамият нахоҳад буд ва ҳар гуна кўшишҳо дар ин самт бояд камоли ҳамоқат, беадабӣ ва худонотарсӣ дониста шавад. Зарур аст, ки тамоми неруҳои созандаи ҷомеа барои ҳимояи манфиатҳои давлатдории миллӣ аз фитнаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакҳои иғвоангез овоз баланд кунанд ва воқеиятро ба ҷаҳониён расонанд.
Сеюм, ҷойи шубҳае нест, ки риоя намудани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарти муҳим ва зарурӣ дар мубориза бо ин вабои аср аст. Ҳамчунин ба инобат гирифтани суннату анъанаҳои тибби миллӣ ва роҳҳои дар зершуури мардум боқимондаи шифобахшии мардумӣ низ бояд дар ин вазъият таъсири гиро пайдо кунад. Дар минтақаҳои гуногуни кишвари зебои мо ҳангоми пайдо шудани ҳар гуна касалиҳои вабомонанд истеъмол ва дуд кардани гиёҳҳои алоҳидаро тавсия медоданд. Дар шароити кунунӣ ин яке аз роҳҳои илоҷи воқеа ва фурсати муносиб барои эҳёи ин қабил дармонҳои аз нигоҳи экологӣ тоза хоҳад буд. Масалан, ҳам акнун як қисмати аҳолии кишвари мо дар бораи хусусиятҳои дармонбахшӣ ва зиддизукомӣ доштани гиёҳи ҳазориспанд огаҳӣ ёфтанд.
Чаҳорум, танҳо бовару эътиқод ба давлату ҳукумат, азми дурусту саъйи комил ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва роҳ надодан ба навмедию рўҳафтодагӣ моро ба манзили мақсуд мерасонад. Сазовори ёдовар шудан аст, ки ташаббуси дурбинонаи Пешвои миллат ҷиҳати эълон кардани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ манфиатовар будани худро дар шароити иҷбории гўшанишинӣ ва карантини нарм бори дигар собит намуд. Он қисмати аҳолӣ, ки дар ин самтҳо машғулият доранд ва ё ақаллан дар шароити деҳот сару коре бо қитъаи замин доранд, ин маҳдудиятҳоро ниҳоят осон сипарӣ менамоянд. Соҳаҳои дар боло зикршуда аксаран хусусияти фаъолияти инфиродӣ доранд ва барои риояи фосилаи иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.
Ва ниҳоят панҷум, пас дар ин ҳолати аз нигоҳи равонию инсонӣ бисёр мушкил кадом роҳу усулҳои санҷидашудае ҳаст, ки инсон аз тариқи эътимод намудан ба он наҷоту раҳоии худро аз ин гирифторӣ сабук мегардонад?! Миллати тоҷик дар тўли таърих чандин борҳо аз озмоишҳои сангин гузаштааст ва бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар муҳити фарҳанги шикебоӣ, силаи раҳм ва дасти ҳамдигарро гирифтан дар парешонҳолию дармондагӣ бар ин «бемории сиёҳи нопадид» пирўз мегардад.
Пешвои муаззами миллат низ дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустии мамлакат раҳнамоиҳои умедбахш баён намуданд: «Мо бояд ҳаргиз рўҳафтода нашавем ва кўшиш кунему бовар дошта бошем, ки бо талошу муборизаи муттаҳиду сарҷамъона, албатта, аз ин вазъи душвор мебароем». Аммо аз нигоҳи ирфонӣ анҷоми мушкин дар ин замони гирифторӣ ҳатман шахсони накўкору некандеш ва хайрхоҳу меҳанпарастро насиб хоҳад гашт: «Рўзе, ки молу фарзандон фоида надиҳанд, лекин (соҳиби фоида) он кас бувад, ки дили солими беайбро пеши Худо биёварад» (Шуаро, 26:87/88).