ФИРИЕФТАИ СУХАНҲОИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ НАГАРДЕМ !

Таърих гувоҳ аст, ки сулҳи тоҷикон, дар як муддати кӯтоҳ ба даст омада, имрӯз дар саросари ҷаҳон ҳамчун намуна омӯхта шуда истодааст. Аммо баъзе нохалафоне ҳастанд, ки ҳамаи корҳои ҳукумати Тоҷикистонро зери тозиёнаи танқиду таҳқир қарор медиҳанд.Чунончӣ имрӯзҳо роҳбари собиқ ҲНИ хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ тариқи созмони  барномаи “Паймони миллӣ….” пайваста мехоҳад нооромиро дар ватани орому осудаи мо ба миён биёварад.

Бояд ёдовар шуд, ки мардуми тоҷик огоҳанд, ки ТТЭ ҲНИ тайи чанд сол мардумфиребиро шуғл карда, рукнҳои дини мубини исломро дар шакли ғалат тарғиб менамуданд ва ба чашми одамон хок мепошиданд. Имрӯз симои аслии наҳзатиёнро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда шуд. Воқеан вақт довар  аст, ки аз марҳилаҳои пайдоиш то баста шудани ин ташкилоти террористӣ-наҳзатиён барои ободонии ватан ягон қадре ҳам саҳме нагузошта, танҳо корашон ба  даст задани амалҳои террористию эктсремистӣ будааст. Аз филмҳои  мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам”ва “Хиёнат”амалаҳои хиённаткоранаи наҳзатиён, бухусус Кабирӣ бори дигар аёну тасдиқи худро ёфт.

Таъкидан ба хоинони миллат- наҳзатиён  иброз медорем, ки Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлолу демократӣ ва соҳибфарҳангу соҳибтамаддун аст!  Имрӯз дар ватанамон озодии сухан, виҷдон, интихобот, шароиту имконоти иқтисодиву тиҷоратӣ, барои тамоми шаҳрвандон баробар аст, як забон, як дин ва ҳизбиятҳои гуногун дорем, барои ободии ин ватан кору фаъолият мекунем. Ва ҳаргиз ба суханони хоинони миллат ба монанди Кабирӣ ва ҳамаслакони ӯ бовар нахоҳем кард ва аз тамоми мардуми кишвар даъват ба амал меорем, ки фирефтаи суханҳои бадхоҳони миллат нагарданд! Ба Ватан ва миллати худ содиқ бошанд!

                                                                                           РАҲИМОВ С.Қ.,

 ассистенти кафедраи молшиносӣ

ва фаъолияти гумрукӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *