Фирефтаи ваъдаҳои пуч ва авомфиребонаи бадхоҳон нагардед!

Мо нағз медонем, ки дар шароити имрўза дар Ватани азизи мо- Точикистони ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурҳу ҳаракатҳои ифротгароён ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Тавре аз расонаҳои хабарӣ огаҳ гашта истодаам, чанд нафар аз хоинони миллат, душманони кӯри давлати соҳибистиқлоли мо аз вазъи кишвари мо “изҳори нигоронӣ” карда истодаанд.

ТТЭ ҲНИ дар амал нишон дод, ки як ташкилоти воқеан террористӣ ва тахрибгарест, ки бо дастури неруҳои манфиатдори хориҷӣ амал карда, мақсади ғасби ҳокимият ва бо зурӣ иваз кардани сохти конститутсиониро дорад. Роҳбари ТТЭ ҲНИ аз ташкилоти дуруғини ба ном Паймони миллӣ ёдовар шуда, иброз доштааст, ки гӯё чанд неруи сиёсии мухолифро муттаҳид карда бошад. Аммо ин амалаш як қаллобӣ асту бас.

Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пуч ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халк, муҳимтар аз ҳама тинҷу амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромўш месозанд. Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар бо супориш ва дастури хоҷагони хеш кӯшиш намуда истодааст, ки ҷавонон ва мардум ба хусус муҳоҷирони меҳнатиро гумроҳ намуда, тавассути онҳо амалҳои разилонаи хешро иҷро намояд.

Мушоҳидаҳо собит менамояд, ки пас аз фаҳмидани мардум ва дарки амалҳои разилонаи наҳзат М.Кабирӣ бо супориши хоҷагонаш тарки наҳзат намуда, паймони миллиро таъсис дод. Мо бояд ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи нек пурмаҳсул меҳнат намуда, ҳамагонро ба таҳкими сулҳу ваҳдат, истиқлолият ва давлатдории миллӣ даъват намоем. Душманони миллати моро ин дастовардҳо безобита намудааст ва онҳо тӯҳмату бӯҳтонҳои навро нисбати давлати мо бофта паҳн карда истодаанд.

Ҳамин тавр бефаҳмиву бефаросотии худро ба мутолиакунандагони худ яъне мо зиёиёни кишвар нишон дода исбот мекунанд, ки онҳо ноқисулақаланд. Аз ин ба хулоса омадан мумкин аст, ки ватанфурӯшон манфиати хешро аз ҳама чӣ боло гузоштаву дар пойбӯсии хоҷагонашон сакбқат доранд. Беибову ноҷавонмардона баҳри ба даст овардани бовариву садақаи хоҷагонашон ҳарчи бештар сафсатафурӯшӣ мекунанд. Имрӯз вазифаи мо шаҳрвандони ҷомеаи ҷаҳонист, ки бар зидди ақидаҳои ифротии терористон баромада, ҷаҳонро аз ин нопокӣ ва олудагиҳо пок созем. Мо бояд шукрона аз он кунем, ки дар Ватани азизу маҳбуб ва соҳибистиқлол умр ба сар мебарем. Дар ҳақиқат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ҳар суханронии худ дар минбарҳои гуногун аз ҷавонон даъват ба амал меоварад, ки дар идоракунии ин кишвари тозаистиқлол фаъолона, бо иқдому ташаббусҳои созандагӣ иштирок намоянд, зеро имрўзу фардои бақои миллат, давлату давлатдорӣ дар дасти онҳост.

Дилафрӯз Ҳомидова,

корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *