Фирефтаи кишварҳои абарқудрат ва афкори бегонагон нагардем!

Изҳороти устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон дар ДИС ДДТТ

Дар замони муосири хело ҳассос, яке аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ ин таъмини амнияту субот дар кишвар мебошад. Дар баромадҳои худ Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ чунин изҳор доштанд: «… вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад».
Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ имконияти бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддӣ ва ҷадидро ба ҳаёти инсоният ворид сохта истодааст. Давлатҳои абарқудрат ба хотири манфиатҳои иқтисодиву сиёсӣ давлатҳои аз лиҳози сиёси сустарро майдони ҳарбу зарб табдил дода, бар замми даромадҳои азими иқтисодӣ аз ҳисоби нафту газ ҳамчунин яроқу силоҳу худро ба таъбири халқӣ «ба пул зада истодаанд».
Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ бояд мақом ва мавқеи устувор дошта бошад. Аммо фаъолияти бархе аз гурӯҳҳову ҳизбҳои фаъолияташон мамнӯъ дар кишвар боиси коста гаштани обрӯи кишвар мегардад. ҲНИТ аз ҷумлаи чунин ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо дар арсаи сиёсиву байналмилалӣ на танҳо мақому манзали худро аз даст дод, балки пайваста ба номи халқу миллат ва давлати Тоҷикистон тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос изҳор менамояд.
Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.
Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.
Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад».
Мо аҳли устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи ҲНИТ-ро сахт маҳкум менамоем. Мо тарафдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оромиву суботи Тоҷикистони азиз мебошем.
Мо аҳли устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон намегузорем ғояҳои нодурусти ҲНИТ дар андешаву тафаккури донишҷӯён, устодон, хусусан ҷавонон реша ронанд. Мо барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, беҳтару мукаммалтар кардани сифати таҳсилот сайъю кӯшиш карда, барои суботнокии иқтисодиёти миллӣ, беҳтару устувортар гардонидани мавқеи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналхалқӣ донишу малакаамонро дареѓ намедорем.

Аҳли устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон дар ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *