Фирефтаи афкори бегонагон ва душманони миллат нагардем!

Имрӯзҳо мо мебинем, ки баъзе гурӯҳҳои бадхоҳ барои ноил гардидан ба мақсадҳои нопоки худ аз дини мубини Ислом сӯистифода карда истодаанд. Ин иғвогарон бо ташкили ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ба дили баъзе ашхоси ноустувор ва сустирода ҷой гирифта, онҳоро гумроҳ карда, ба сӯи ҷаҳолату торикӣ равона месозанд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки 12 майи соли равон баргузор гардид ва масъалаҳои муҳиму глобалии замони муосирро дарбар мегирифт, таъкид намуданд: «Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст. Назари қотеонаи мо ин аст, ки ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рӯҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд».
Ҳодисаи нангине, ки 29 июли соли 2018 дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб ба вуқӯъ омад: гурӯҳи ҷинояткорон бо автомашинаи тамғаи «Лиганза» дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара бо суръати баланд ба 7 нафар сайёҳони хориҷӣ ҳуҷум карданд, ки ин амали ваҳшиёнаи онҳо боиси марги 4 нафар менҳмонони хориҷӣ гардид. Ҳоло ин кирдори ғайриинсонӣ аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа қотеона маҳкум карда мешавад.
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз таҳқиқи ҳодисаи мудҳиш хабар дод, ки ҳангоми пурсиш дастгиршуда Абдусамадов Ҳ.А. тасдиқ кард, ки ӯ роҳбари дастаи террористӣ буда, онҳо ин амалиёти террористиро бо супориши Қорӣ-Носир ном шахс, узви фаъоли ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон содир намудаанд. «Пас аз содир намудани ҷиноят онҳо мақсад доштанд, ки ба воситаи ноҳияи Панҷ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуда, бо гурӯҳҳои террористӣ пайваст шаванд. Муайян гардид, ки фармоишгари ҷиноят Қорӣ-Носир ин Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович мебошад, ки аз соли 1992 узви фаъоли ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ буда, аз соли 2015 дар кофтукови расмӣ қарор дорад»,-гуфта шудааст дар идомаи шарҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин амал бори дигар собит намуд, ки аъзо ва дастандаркорони ТЭТ ҲНИ то ҳол аз ақидаҳои муғризонаву золимона ва террористии худ даст накашидаанд, бинобар ин ва ҳар як сокини ҷумҳуриро зарур аст, ки ягон лаҳза ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, пеши роҳи чунин ҷинояткоронро сари вақт гиранд, бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи оштинопазир баранд, суботу амнияти кишварамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.
Мо аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ амали разилонаю террористии авбошону бадхоҳони миллатро сахт маҳкум намуда, аз мардуми шарифи тоҷик даъват ба амал меоварем, ки ба қадри сулҳу субот ва оромии кишвар расанд ва ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон нагарданд.
Ризоқулов Т. Р.,
доктори илмҳои иқтисод

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *