ФИРЕБУ НАЙРАНГИ НАВБАТИИ КАБИРӢ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

 

Имрӯз бештари собиқ аъзоёни ҲНИ, аз ҷумла Кабирӣ дар Аврупо қарор дорад ва аз ғояҳои ифротии худ, даст накашида, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ гӯё танҳо бо роҳи демократӣ фаъолият мекарда бошанд, худро “адолалпарвару ҳақиқатгӯ” вонамуд карда истодааст. Лек ин ҳама фиребу найранги навбатии Кабирӣ аст. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки Кабирӣ дар барномаи бо номи “Гулчини сухан” асосан роҷеъ ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон дар Федератсияи Россия, нисбати фаъолияти роҳбарияти олии кишвар ва мақомотҳои қудратӣ, чун тутии сухангӯ такрор ба такрор бемантиқ сухан кард. Воқеан ҳама нобакорони наҳзатиён, бахусус Кабирӣ барои мо афсонаи гӯшхарош аст, ки дигар шуниданаш маъние надорад. Бо вуҷуди ин бори дигар нисбати суханронии навбатии Кабирӣ ибрози андеша карда, қайд менамоем, ки набояд милатро паст зад! Номусу обрӯи миллат аз ҳар фард  вобаста аст! Таърих гувоҳ аст, ки қомати миллати тоҷик росту бузур аст!

Аз суханҳои Кабирӣ хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки ӯ бо фиребу найрангаш шаҳрвандони кишварро ба мубориза даъват менамояд. Кабирӣ бо ин суханҳои навбатиаш ба баҳонаи озодиву адолат мардуми бегуноҳро ба ҷанг даъват намудан, хоину душман буданашро бори дигар ошкор кард.

Дар интиҳои мақолаи хеш иброз медорем,ки наҳзатиён набояд аз минбарҳо садо баланд кунанд! Чунки амалу андешаи наҳзатиён барои мо ҳамон хоину миллатфурӯш аст. Бинобар ин нагузорем, ки минбаъд Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо иғоваангезӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯяд!

 

Анварӣ Ризвоншо, ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *