ФИЛМИ МУСТАНАДИ «ШИКАСТИ ФИТНА» МАКРИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТРО ФОШ НАМУД!

Тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ филми мустанади «ШИКАСТИ ФИТНА»-ро тамошо намуда, ба хулосае омадем, ки як идда саркардаҳои гуруҳҳои ҷинояткор ва раҳбарияти “Паймони миллӣ”, ки онро ҳамагон бо номи ТТЭ ҲНИ мешиносанд, то кадом андоза маккор ва найрангбоз будаанд.
Филми мазкур дар сатҳи баланд бо далелҳои раднопазир ба навор гирифта шуда, бо забони соддаву фаҳмо ба ҷаҳониён кирдорҳои пасипардагии наҳзатиҳо ва нафарони ба он дастдоштаро ба ҷомеа ошно намуд.
Баъди тамошои филм, мо ҷавонон ба хулосае омадем, ки пушти ин ҳама нооромиҳо ки меистодаасту, ин тоифаи камхираду ҷинояткор чи ҳадаферо дунболагирӣ мекардаанд. Ҳатто аз Аврупо истода наҳзатиҳо заҳри худро ба ин миллат расониданд.Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин категорияи хоинон ҳеҷгоҳ аз ин нақшаҳои шуми худ даст кашидани нестанд.
Суоле зеҳни мо ҷавононро азият медиҳад, ки то ба кай ин гуруҳи ҷинояткор кирдорҳои пасипардагии худро идома дода, кай ин хатои худро дарк мекарда бошанд? Роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз ин миллат чи мехоста бошанд? Хиёнат ҳам ҳадду ҳудуд дошт, ин ва даҳҳо саволи дигаре ҳаст, ки дар зеҳни ҳар хонанда имрӯзҳо чарх мезанад.
Ин афрод бевосита дар қазияи Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ даст дошта ,дар бетартибиҳои ахир Холбаш Холбашев ва ҳамсари собиқи ӯ Улфатхонум Мамадшоева дар филми мазкур ба гуноҳи худ пурра иқрор гардида, изҳори таасуф ҳам хурданд. Аммо чуноне дар урфият мегуянд: тири аз камон ҷаста ва сухани аз даҳон баромадаро роҳи бозгашт нест. Аллакай як иддаи ҷавононро гумроҳ кардаву, ба доми фиреби худ афтониданд. Вагарна он ҷавононро дигар чӣ метавонист барои даст ба чунин амали ноҷавонмардона задан водор намояд. Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ, алалхусус Алим Шерзамонов ва пайравонаш шояд аз чунин ранг гирифтани вазъият табли шоди зада, ба ҳоли ин ҷавонони ноогоҳ бо тамасхур нигаранд.Аммо набояд фаромуш созанд, ки таърих хиёнати наҳзатиҳоро фаромуш нахоҳад кард. Наҳзат на якбору дубор аст, ки болои миллати азиз хиёнат карда, зиндагии орому осудаи мардумро ба тирагӣ мубаддал месозад.
Асолатбохтаҳои ТТЭ ҲНИ, ки алхол бо номи “Паймони миллӣ” зери роҳбарии М.Кабирӣ ва А.Шерзамонов милси худ гуруҳҳои муташаккили ҷинояткоронро пайдо намуданд ва ба ивази пешниҳоди маблағ онҳоро барои ҳамкорӣ ташвиқ намуданд. Дар ҳақиқат ҷои нанг аст, ки, мутаассифона, баъзе нафарони бадахшонӣ барои пулу мол шуда, фирефтаи ин иблисон гардиданд ва мардуми худро ба ҷангу куштор тела доданд.
Филми ҳуҷҷатии “Шикасти фитна” бевосита исбот намуд, ки ҳодисаҳои хунини тайи солҳои охир оромиву осудагии Бадахшонро душманони миллат дар хориҷи кишвар роҳандозӣ кардаанд. Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ-и фурухташуда нақшаи бетартибиҳо ва кушторҳоро дар давлатҳои Аврупо кашида, баҳри амалӣ кардани амалҳои ваҳшии худ М.Мамадбоқиров, Х.Холбашев, У.Мамадшоева ва дигар нафарони ҷинояткорро истифода кардаанд. Боиси хиҷолат аст, ки аз дохили мардуми сарбаланди Бадахшон чунин нафарони палиду зархарид, аз ҷумла пайравони афроди гуруҳ и муташаккили иҷиноятпеша Мамадбоқир ҳамдиёрони худро тариқи дурӯғ ба тарафи худ ҷалб карда, дар ҳамоишу гирдиҳамоии ғайриқонунӣ муқобили давлату миллат равон карданд. Дар ҳодисаҳои нанговар ҷони ҷавонони бадахшонӣ қурбон шуданд, вале миҷаи ҳеҷ кадоме аз наҳзатиҳои ҷангандоз хам нахӯрд. Баръакс онҳо ба ивази ташкили ин бетартибиҳо дар Бадахшон аз хоҷагони худ миллионҳо доллар ба даст оварда, тиҷорат ва кайфу сафои худро дар кишварҳои Аврупо идома дода истодаанд.
Аксарияти истифодабарандагони огоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ амали ваҳшиёнаи навбатии ҳаммаслакони гурӯҳи муташаккили ҷиноятии М.Мамадбоқиров амалҳои террористӣ унвон дода, ба онҳо лаънат фиристоданд.. Баробари ин , бояд қайд кард,ки як амали маъмулӣ ҳаст, чун таҷриба нишон додааст, ки ҳеҷ як ҷинояткор гуноҳи худро ба гардан намегирад. Гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва роҳбарияти ТТЭ ҲНИ-и асолатбохта низ аз ҳамин усул истифода бурда, бо нашри мақолаҳои худсафедкунӣ амалиёти террористи худро руйпӯш карда истодаанд. Ин афрод аз имону виҷдону инсоф фарсахҳо дуранд. Агар аз неъматҳои илоҳӣ бархурдор мебуданд, чандин амалиётҳои террористии худро дар муқобили давлату миллати тоҷик, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва пас аз он низ қабулу эътироф мекарданд. Вале доимо аз худ фариштаи бегуноҳ метарошанд.
Бояд хотиррасон кард, ки он далелҳои раднашаванлаи филми “Шикасти фитна” бисёр дақиқу ошкор буда, танҳо нафарони дорои ақли солим ва огоҳ аз ин падидаҳо дарк хоҳанд кард. Тибқи далелҳои овардашудаи суратҳисобҳои бонкӣ, ҳақиқатан У.Мамадшоева бар ивази додани маълумотҳои махфӣ ба ҷосусони давлатҳои хориҷӣ маблағ ба даст овардааст. Бисёр хиҷолатовар аст, ки як зани тоҷики дорои маълумоти олӣ ба ивази пули пучаке ба чунин амалҳои ҷинояткорона даст задааст. Ин кори У.Мамадшоева нишонаи баднафсии онро талқин мекунад. Номусу инсоф куҷост! Ҳол он ки ӯ роҳбари ташкилоти ғайриҳукматии “Номус ва инсоф” аст. Хиёнати собиқ ҳамсараш Холбахш Холбашев низ нобахшиданист. Ӯ тайи чандин сол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмат карда, аз як ҷинояткори солҳои 90-ум, ки дар натиҷаи дилсӯзиву гузашти давлат авф шуда буд, то ба сатҳи генералӣ расид. Вале чун хиёнату баднафсӣ дар вуҷуди ӯ нақш баста буд, бори дигар фирефтаи душманони давлату миллат гашта, ба Ватан-Модар хиёнат карда, савганди ҳарбиро шикаста ба фаъолияти террористӣ даст зад. Аз ин лиҳоз, амалҳои ин ҷинояткорон дар назди мардуми Бадахшон ва тамоми Тоҷикистон нобахшиданист ва дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод.
Хулоса, имрӯз дар Тоҷикистон ҳама медонанд, ки ин гурӯҳҳо кӣ ҳастанд. Бештари мардуми кишвари азизамон гумон доштанд, ки пас аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ онҳо гуноҳҳои содирнамудаи худро дарк намудаву аз ин ба баъд дар пайи ободии вайроннамудаи худ мешаванд. Лек вақт нишон дода истодааст, ки ин гурӯҳҳои манфиатхоҳ талош бар он доранд, ки бо ҳар роҳу восита, ҳатто бо роҳҳои ғайриинсонӣ ҳокимиятро ба даст оранд.
Ҳамдиёрони азиз, биёед яктану якҷон бошему давлату миллати хешро дар якҷоягӣ ҳифз намоем, бар зидди ин хоинони миллат муборизаи беамон барем ва нагузорем, ки ин бадхоҳони миллат Тоҷикистони биҳиштосоямонро ноором созанд.
РАҲМОНОВ Ф.,
ассистенти кафедраи
назарияи иқтисод, ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *