Филми мустанади “Хиёнат” ва аъмоли ношоистаи бадхоҳони миллат (андешаҳо дар атрофи матлаби намояндагони аҳли зиё ва равшанфикрон “Муроҷиатнома ба Кабирӣ…”)

 

Баъди нашри муроҷиатномаи аҳли зиё ва равшанфикрон бо номи “Муроҷиатнома ба Кабирӣ – Кобра, Муҳаммадиқбол-Муҳаммади беиқбол, Мирзои Салимпур – ноздонаи ҷонона (вокуниш ба Нидои миллат – филми мустанади “Хиёнат”), ки ба қалами  Субҳиддин Зиёев, ходими пешбари илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ , номзади илмҳои филологӣ, Ардамеҳр Ашӯров, ходими калони илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, Парвиз Баҳриддинзода, ходими илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ,Кайхусрави Субҳонзод, ходими илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ, Хайрулло Раҷабов, ходими илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ тааллуқ дорад, мехоҳем фикру мулоҳизаҳои хешро дар бораи ниятҳои душманона ва бадхоҳонаи миллат рӯи сафҳа оварем. Дар ин матлаб бо таҳлилҳои амиқ вазъи кишвар дар оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ҷанги шаҳрвандӣ, нооромии авзоъ ва андешаву афкори бадхоҳони миллат дар хориҷ фош карда шудааст. Мутассифона, бадхоҳони миллат дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро нодида мегиранд ва фикр мекунанд, ки ин ҳама пешрафту шукуфоӣ ба осонӣ ба даст омадааст.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари азизи мо, Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир соҳиб гаштааст. Ваҳдати миллӣ бошад, барои мардуми мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Ваҳдату Истиқлолият  натиҷаи заҳмату талош ва ҷоннисориҳои Сарвари хирадпешаи тоҷикон аст. Барои мардум ба ёд овардани рӯзҳои гузашта аламовару ғамангез аст.

Маҳз  андешаҳои некбинона нисбат ба ояндаи кишвар доштан мардумро ба он водор сохт ва дар муддати кӯтоҳ ба он муваффақ шуд, ки пояи давлати дар вартамондаро аз нав барқарор созад.  Хушбахтона, дарозои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мамлакат хеле обод шуд, мардум имрӯз дар фазои тинҷу осуда ва ҳамдигарфаҳмию сулҳу ваҳдат умр ба сар мебаранд.  Ранҷу заҳмат, ташвишу тараддуд ва талошҳои пайгиронаи Сарвари мамлакат баҳри ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдат ҳанӯз аз минбари баргузор гардидани Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ сарчашма гирифта, то ба имрӯз давом дорад.

Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити бархурди тамаддунҳо ва хатарҳои рӯзафзуни зеҳни инсони ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ қадамҳои устувор мегузора, ки онро бузургтарин кишварҳои олам эътироф карданд. Ин кишвари тамаддунофар бо нуфузи камтар аз 10млн хеш аз хатарҳои сиёсиву мушкилотҳои глабалю умумибашарӣ ҳеҷ вақт канор нест. Дар ин давраи ҳассос бояд зиракии сиёсиро пеша карда шукронаи ҷомаи амал пушидани омолу ормонҳои  ҳазорсолаи давлатсозию давлатдории гузаштагони озодихоҳамонро кунем, ки бо саъю кушиши зиёде ба даст омад ва айни ҳол давлати мустақили миллии хешро дорем. Набояд фаромӯш сохт, ки озоди ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат маҳсуб ёфта саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳию ватанпарварии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону шуҷоатмандони ҷонфидоъ ба даст омадааст. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки тантанаи адолати таърихи ва нишонаи сарбаландии халқи тоҷик мебошад, фақат натиҷаи аз байн рафтани Иттиҳоди  Шӯравӣ нест. Ҳаракати  озодихоҳии ниёгонамон муддати ҳазорсолаҳо идома ёфта дар ибтидои асри 20 шаклу мазмуни нав пайдо намуд ва олимону зиёиёни сарсупурд ва дурандеш набояд аз ёдҳо  фаромӯш кард. Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони азиз, ки Ваҳдати Миллӣ ва сулҳу субот барқарор аст барои муборизаи мафкуравӣ ҳоҷиат нест ва барои аксарияти мардуми тоҷик пайрав ва эътиқодманди дини мубини ислом аст. Мутаасифона нафароне ҳастанд, ки аз ин ҳолат истифода бурда мехоҳанд мардумро гумроҳ кунанд. Бо истифода аз ақидаҳои диниву ифротӣ ва дасисабозиҳои одамони хориҷӣ гурӯҳи хиёнаткорон ба сари ин миллат  фоҷиаҳои навро ба бод оварданд.

Филми “Хиёнат”, ки истеҳсоли Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” мебошад, парда аз аъмоли бадхоҳони миллат бардошт ва имрӯз мардум дигар фирефтаи афкори бадхоҳону бадандешон нахоҳанд шуд.

 

Қаюмов А,

Қоситов О,

Ҳодибоев А,

Раҷабов Р., устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *