Филми “Хиёнат” амалу кирдорҳои нангини бадхоҳони миллатро ошкор кард

Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, дар шабакаҳои марказии телевизиони Тоҷикистон намоиши силсилафилми ҳуҷҷатии “Хиёнат” доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯъи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, ҷараён дорад.

Воқеан баъд аз тамошои вилми “Хиёнат” ҳар фарде, ки ҳадди ақал каме фитрати инсонӣ дар ӯ ташаккул ёфтааст, нисбати ин ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ дар дили ӯ нафрати куллӣ ба вуҷуд меояд.

Хушбахтона, ба ҳамаи мушкилотҳои он замон нигоҳ накарда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он рӯзҳои даҳшатноки ҷанги шаҳрвандиро  асло фаромуш намекунанд, ки дар як муддати кӯтоҳ ба мардуме, ки ба бемории ҷигар-гилеатроп, ки садҳо маротиба мудҳиштар аз бемории коронавирус мебошад, гирифтор шуда буд., кӯмаки амалии худро расонида буд. ба мушкилотҳо нигоҳ накарда ба беморхонаҳо доруворӣ дастрас карда шуда, инчунин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи ҳарвандони ба бемории гилеатроп сироятёфта, нафақаҳои давлатӣ муқаррар арда шуданд.

Дастовардҳои имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешрафту шукуфоии кишвари маҳбубамон, ки аз сиёсати пешгирифтаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонем давлати худро ба дастовардҳои нав ва рушди нотакрор бирасонем.

Ф. Турсунов,

Р. Раҷабов,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *