Санаи 26.08.2018 дар толори ДИС ДДТТ фестивали «Атласу адрас – 2018» бо шукўҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар фестивал донишҷўдухтарон аз рўи 4 номенатсия иштирок намуданд:
- Намоиши либоси қадима;
- Намоиши либоси идона;
- Намоиши либоси рўзмарра;
- Намоиши либоси арўсӣ
Дар ҳар як номенатсия намудҳои гуногуни либосҳо намоиш дода шуд, ки хеле зебо ва шинам буданд.
Ҳамчунин барои ҷолиб баргузор гардидани чорабинӣ аз тарафи донишҷўён барномаҳои фарҳангӣ пешкаши аҳли нишаст гардид, ки тамошобинон ҳар як суруду рақсҳоро хеле гарм истиқбол намуданд.
Дар чорабинии мазкур мехмонон Муҳаббатхон Ҳомидова – мудири шуъбаи ҳуқуқи кўдак, Умарзода Роҳатҷон – корманди Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ширкат варзида, дар охир фикру мулоҳизаҳояшонро иброз намуданд.
Дар поёни чорабинӣ ба ҳар як иштирокчӣ аз тарафи Раёсати донишкада тўҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.