ФАТВОҲОИ БАРДУРӮҒИ ТТЭ ҲНИ ДАР НИШАСТИ САҲА

 

Имрӯз муносибати дугонаи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ нисбат ба зуҳуроти терроризму ифротгароӣ боиси таассуф мебошад. Хусусан, яке аз созмонҳои адолатпеша ва муҳофизи ҳуқуқи башар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) гоҳо амалҳое анҷом медиҳад, ки хилофи арзишҳо ва принсипҳои ин созмонанд. Хусусан, дар ҳамоиши имруза ин созмон гуфта мешавад, ки «нишасти САҲА дар Варшава, ки аслан як нишасти ҳуқуқибашарӣ аст», аммо дар ин ташкилоти бонуфузи «ҳуқуқибашарӣ»-и Аврупо ба роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ додани имконияти иштирок ва суханронӣ басо тааҷҷуб аст. Ба ақидаи мо, муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад. Баръакс, чунин мавқеъгирӣ боиси тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад. Наҳзатиёни дурӯғпеша то он ҷо ниқобҳоро ба рӯи хеш задаанд, ки агарчӣ дар тӯли фаъолияташон  фақат ҳуқуқҳои инсонро поймол кардаанду онро бо роҳи хушунату таҳқир ва ҷисман аз байн бурдан ба барда табдил додаанд. Имрӯз М.Кабирӣ дар дар нишасти САҲА дар рӯзи таҷлили ҷашни Рӯзи модар – 8 март боз бо найрангҳои навбатииаш нисбати масоили бонувони Тоҷикистон суханҳои беасос мегӯяд. Таъкидан ба М.Кабирӣ гуфтанием, ки нисбати зан-модари Тоҷикистон сухан гуфтан ҳақ надорад! Бояд хотитррасон кард, ки М.Кабирӣ дар рӯзи ҷанозаи модараш бо баҳонаҳои беасос иштирок накарда буд ва ҳол он ки дар рузи видои модараш метавонист иштирок намояд, имкониятҳо дошт. Дар атрофи ин масъала бо далелу шоҳидҳо асос намудан ягон душворие нест. Бо назардошти иди бонувон мо худдорӣ мекунем.

Аз масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, қайд мекунем, ки мардуми кишвари мо ба мафҳум ва таблиғи фикру ақидаҳои ифротӣ, фатвоҳои бардурӯғи  ТТЭ ҲНИ пурра сарфаҳм мераванд. Воқеан хуб ҳам дарк намудаанд, ки наҳзатиён ягон фоидае барои Тоҷикистону тоҷикистониён надоранд.

Бояд ёдовар шуд, ки номи мубораки ҳар як шахс дар ёди ворисонаш абадӣ боқӣ мемонад. Бузургдошти номи шахс барои муттаҳидию ваҳдат, худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ,  покизагиимаънавию ахлоқии ӯ барои авлодаш ва ҷомеа хизмат хоҳад кард. Аммо баръаксии ин хислатҳо бадбахтии роҳгумзада мебошад.

                  Боймуродов Л.-ассистенти кафедраи

             математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ                     

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *