Фарҳодова Манижа сазовори дипломи дараҷаи сеюм гардид

Фарҳодова Манижа, донишҷӯи курсӣ 2, факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ, ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон дар мавзӯи  “Пешвои миллат – ҳомии ҷавонон дар даврони Истиқлолият” ва иштироки фаъолона дар даври ҷумҳуриявии  дар озмуни  илмӣ- таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” дар бахши сиёсатшиносӣ, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  дар соҳаи илму маориф”  сазовори дипломи дараҷаи 3-юм гардид.

Фарҳодова Манижа дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, литсей рақами 1-и шаҳри Бӯстонро хатм намуд ва  бомуваффақият ба ДИС ДДТТ дохил шуда, худро донишҷӯи хушбахт мешуморад. Манижахон ба омӯзиши забонҳои туркӣ, англисӣ  шавқу рағбати зиёде дорад ва мехоҳад ин забонҳоро ба таври комил аз худ намояд. Баъди хатми донишкада мехоҳад ҳамчун сафир ва ё корманди СММ дар ягон ташкилоти бонуфуз кору  фаъолият намояд. Барои амалӣ гаштани ин орзуҳои наҷиб ба Манижахон барору комёбиҳо таманно менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *