Фаъолияти ватанфурӯшии аъзоёни ТЭТ ҲНИ

 

Мо, яъне тамоми инсонияти рӯи замин дар он давру замоне зиндагӣ дорем, ки ягон кору ҳодисот ва воқеотҳои сиёсии рӯй дода истодаи ҷамъияти муосир дар гӯшаи хаёламон набуд. Танҳо фикр мекардем, ки оянда бе шикасту рехти зиндагӣ умр ба сар хоҳем бурд. Вале афсӯс дар ҷамъият ашхосоне ба миён омадаанд, ки ба решаи ҷамъияти муосир теша мезананд, зада истодаанд ва заданианд. Ин рафтор ва кирдорҳои тешадорон бесаводиву камшуурии онҳоро исбот намуда истодааст. Нақша ва роҳи интихобнамудаи онҳо ба ҷамъият на танҳо халал мерасонад, ҳатто шуури одамонро нисбати ҷамъият заҳролуд месозад.

Онҳо номи ватанфурӯшонро баъди аъзо гардидан ба ташкилотҳои ТЭТ ва ҲНИ сазовор гардидаанд. Он аъзоёни гумроҳгардида аз мафҳуми нақшаву мароми худ бехабаранд, роҳгумзадагон ва сарсонгардидагон мебошанд, ки гуфтаву бофтаҳои душманони ҷамъияти муосирро ба гӯшашон чун гӯшвори зумурадчашмдор овехтаанд. Ташкилкунандагони ин ҷамъиятҳо бо фитнаву бӯҳтон ва фиребҳои гӯшношунид халқи гумроҳзадаро ба худ ҷалб менамоянд.

Ҳоло ҷамъияти кунунии тоҷикон дар зери ливои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии осоишта дошта ба роҳи интихоб намудаи гумроҳзадагон афсӯс мехӯранд, зеро онҳо номи гумроҳзадагиро сазовор гаштаанду ба авлоду аҷдодонашон иснод меоваранд ва хоҳанд овард. Чунин бошад ҳам баъзе роҳгумзадагон боз ба давлату кишвари худ баргашта истодаанд ва ё фикри баргаштан доранд ва баъзеи онҳо баъди дидани ватанашон ҳушёр мегарданд ва шод мешаванд, ки он давраҳои бо душманон гузаронидаашон хобашон будааст.

Худи он ташкилотҳо маркази иттилоотии фитнаангези бо чашми бад ба соҳибтамаддунии кишварамон Тоҷикистон назар афканандагон мебошанд. Худ аз гумроҳ будани худ бехабар мардумро гумроҳ мепиндоранд ва гумроҳ мекунанд.

Онҳо ҷиноятташкилкунандагони муосир мебошанду халос ва барои матлабҳои бемақсаду ҷаҳонвайронкунандаашон ҷавононро бероҳа менамоянд. Аъзоён ва думравони ТЭТ ҲНИ барои гумроҳ намудани шахсони росту беғараз нақшаҳое мураттаб месозанд, ки баъзан худи онҳо баъди хондани нақшаҳояшон ба худ нафринҳо мехонанд ва дар хоби шабашон даҳшатҳоиба сари инсоният овардаашонро ба ёд оварда барои ба номи инсон иснод оварданашон ба худ лаънатҳо мехонанд. Чунин бошад ҳам чашмҳо ва шуури нобинову норасои онҳоро варақҳои пулҳои Амрикову Европа гирифтааст. Онҳо шуурнокии казоӣ нисбати ҷамъияти ҳозира надоранд яъне бешууранд.

Барои он ҷинояткорон тавба намудан мисли оби ҷӯй аст. Вале онҳо намедонанд, ки оби ҷӯи Ватан ба онҳо нафрин мехонад. Онҳо танҳо дар намуди инсонанду аз кӯчаи виҷдон нагузаштаанд. Он кӯчаҳо барои он бевиҷдонҳо хокашонро низ ҳайф медонанд.

Дилафрӯз Ҳомидова

                                                              мухаррири шӯъбаи табъу нашри ДИС ДДТТ.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *