Фаъолияти ТТЭ ҲНИ – қувваи бадхоҳи ҷомеаро маҳкум менамоем!

Яке аз проблемаҳои ҷомеаи ҷаҳонии имрўза терроризм ва экстремизми динӣ ба ҳисоб меравад. Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди  ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи бемон мебарад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи давлатҳоест, ки бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон мебарад. Дар ин иртибот мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти кишварро ташкил медиҳад. Роҳу усулҳои он ба таври рўшан дар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» инъикос ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ва арсаи байналмилалӣ обрў ва мақоми махсус дорад. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлоли дар тамоми самтҳои хоҷагии мамлакат пешравӣ ва комёбиҳои назаррас ба миён омаданд. Аммо бархе аз душманони миллат ҳамаи ин ободӣ ва пешравиҳоро дида наметавонанд. Ба ин қатор ТТЭ  ҲНИ  ном бурдан зарур аст. Хиёнату фиреб ва найрангҳои ин ташкилоти террористию экстремистӣ зиёданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ ҲНИ бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ ба қатлу куштор ва хунрезӣ даст задааст, ки мардуми тоҷик ин амалҳои ношоиста ва ғайриинсониро аз хотир намебарорад.

Инчунин ёдовар бояд шуд, ки ҳизби наҳзати исломи  ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф гардидааст.

Ҳодисаҳои нангини моҳи сентябри соли 2015 – сўиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ  сурат гирифт, собит намуд, ки баъзе аз доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанўз аз ниятҳои бадхоҳона нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд. Ё санаи 29-уми июли соли ҷорӣ аз ҷониби бадхоҳон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Данғара ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла оварда шуд. Сипас маълум, гардид, ки ин амали нангин низ аз ҷониби душманони миллат содир гардидааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ баисрор аз терроризму экстремизм танқид мекунад ва он хатару муаммоҳои танҳо як давлат нест.

Ҷоизи қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз чандин конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баландро вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ташкил ва баргузор намуд.

Имрўз ҳар як нафар узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди террориз ва ифротгароии динӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамҷоягӣ метавон ба ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурд.

Мо ҷомеаи меҳнатии устодони ДИС ДДТТ фаъолияти террористии ТТЭ  ҲНИ – ро шадидан маҳкум мекунем.

Бурҳонов С.С
ассистенти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *