ФАЪОЛИЯТИ ТЕРРОРИСТИИ ТТЭ ҲНИ БА ҲАМАГОН АЁН АСТ

Имрӯз, ҳангоме ки мардум дар фазои мусбии тағйирёфтаи сулҳу субот ва оромию таъмини амнияти мардум  умр ба сар мебаранд, мебояд, ки ҳамагон ќонунҳои давлатиро қатъиян риоя намоянд. Имрӯзҳо шахсоне, ки мардумро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд ин ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию  ифротгароӣ ба монанди Њизби назњати исломї мебошад. Маҳз ТТЭ ҲНИ манфиати шахсӣ ва ҳизбии худро аз манфиатҳои ҷомеа боло мегузорад. Меҳнати хирсонаи наҳзатиён буд, ки баҳри амалӣ намудани ниятҳои ғаразноки хоҷагони худ  мамлакати моро ба низоъву зиддият кашиданд. Барои онҳо  манфиатҳои милливу давлатӣ вуҷуд надорад. Онҳо зери ҳаргуна ниқоб баромад карда, байни мардум тухми кинаву адоватро кишт мекунанд.

          Дар ин даврони тинҷию амонӣ моро як чиз ба ҳайрат меорад, ки як тоифа зархаридони беватан, ки дар Варшава ва Франкфурт зери тозиёнаи хоҷагони худ давлати ободи- Тоҷикистонро зери танқид мегиранд ва як гуруҳи инсонҳои беватан назњатиён мебошанд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу восита, истифода аз расонаҳо дар олам номи кишвари моро доғдор намоянд.Ба ин разилон ки њуќуќ додаст,ки нисбати мо суханњои нољоя гўянд! Аз ин њолат, мо бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, ба чунин рафтори хоинонаи онҳо нафрат орем ва ҷавононро ба ватандӯстӣ, ҳифзи Ватан даъват намоем. Бо баробари ин, ҳамаи мо – омӯзгорону устодон вазифадор ҳастем, ки симои аслии ифротгароиро нишон диҳем. Арзишҳои милливу давлатӣ ва динии худро ҳифз намуда, онро дар байни ҷавонону наврасон густариш диҳем. Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шуда, фарзандони худро дар руҳияи худшиносиву хештаншиносӣ тарбия намоем.  Дар замири онҳо омӯзиши касбу ҳунар ва илму адабро тарбия намоем. Сулҳу ваҳдатро чун бузургтарин неъмати илоҳӣ эҳтиром гузошта, дар ободкориву созандагӣ ҳамраъй ва ҳамкор бошем.

Раҷаб Раҷабов, устоди кафедраи
математика ва технологияи
инноватсионии  ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *