Тибқи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст” муқаррар гардидааст[1].
Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон эълон мешавад. Истилоҳи «вазифаи муқаддас» ба он ишора мекунад, ки он вазифаи ҳам конститутсионӣ ва ҳам маънавии ҳар шаҳрванд аст. Манфиати давлат ба пешрафту камолоти ҷомеа, сатҳи баланди некўаҳволии халқ, шароити зиндагии арзандаи ҳар фарди ҷомеа нигаронида мешавад. Дар шароити имрўзаи вусъати ҷаҳонишавӣ, таҳдиди бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва энергетикӣ нақш ва нуфузи давлати миллӣ дар ҳалли вазифаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ бештар мегардад. Аз ин хотир, ҳимояи манфиати миллии давлат аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Тибқи Конститутсия таҳкими амнияти давлат вазифаи ҳар шаҳрванд аст. Дар асоси моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» ба ҳайси субъектони таъмини амният муқаррар намудааст.[2]
- Субъекти асосии таъмини амният давлат мебошад, ки вазифаҳои худро дар ин соҳа ба воситаи мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд.
- Шаҳрвандон ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, субъектҳои таъмини амният ба шумор рафта, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо,инчунин мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,ки дар доираи салоҳияташон дар ин соҳа қабул карда шудаанд, дорои ҳуқуқу ўҳдадориҳо оид ба иштирок намудан дар таъмини амният мебошанд.
- Давлат ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон ва ташкилотҳоро, ки мувофиқи қонун дар таъмини амният мусоидат мекунанд, таъмин менамояд.
Таъмини амният баҳри пешгирӣ ва бартарафсозии таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии дохилӣ ва хориҷӣ ба объектҳои амният сурат мегирад. Амният зимни сиёсати ягонаи давлатии соҳаи таъмини амният, тавассути тадбирҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва ѓайра таъмин мешавад. Иштироки шаҳрвандон дар таъмину таҳкими амният дар заминаи принсипҳои тавозуни манфиатҳо ва масъулияти дуҷонибаи шахс, ҷомеа ва давлат сурат мегирад .Шаҳрвандон ҳамчунин дар ҳифзи сарҳади давлатӣ, ошкор намудани ҷиноятҳои террористӣ, пешгирии гардиши маводи мухаддир ва ҷиноятҳои коррупсионӣ иштирок мекунанд.
Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳаби бо амалҳои ѓайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.
Ин вабои аср буда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири худро расонида истодааст. Яке аз падидаҳои номатлубе, ки имрўз хусусан дар байни ҷавонон ба миён омада истодааст, терроризм ва ифротгарои мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти номатлуб буда боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнини рўҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, таѓйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ѓасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектҳои бар зидди терроризм мубориза баранда ба субъектхои бевосита бар зидди терроризм мубориза баранда ва субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштироккунанда тақсим мешаванд.
Роҳбарии умумии мубориза бар зидди терроризм ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст[3].
Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм мубориза баранда аз ҷумла амнияти зидди террористии худро таъминкунанда дар доираи ваколатҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мақомотҳои зерин мебошанд[4]:
– Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Гвардияи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта дар асоси қонуни мазкур чунин вазифаҳоро дар зимма дорад:
– бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи барномаҳои давлатӣ, консепсияи мубориза бар зидди терроризмро таҳия ва пешниҳод менамояд;
– бо тартиби муқараргардида ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳолати мубориза бар зидди терроризм ахборот медиҳад;
– фаъолияти субъектҳои бар зидди терроризм мубориза барандаро мутобиқ мегардонад;
– иттилоотро оиди ҳолат ва тамоили терроризм, аз он ҷумла иттилоотӣ аз субъектҳои зидди терроризм мубориза баранда ба нуқтаи мутамарказии байни идоравии маълумот доир ба масъалаҳои терроризм дохил мешаванд, ҷамъ меоваранд, таҳлил ва ҷамъбаст менамояд;
– бо тартиби муқараргардида оиди такмили қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, таклифҳо пешниҳод менамояд.
Ба ғайр аз ин Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм тавассути инҳо амалӣ менамояд:
– ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, ки мақсади сиёсӣ, миллӣ, нажодӣ ё ифроти динӣ доранд;
– ошкор, пешгирӣ ва rатъ намудани фаъолияти террористии байналмиллалӣ;
– таъмин намудани амнияти муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, коркунон ва аъзоёни оилаи коркунони ин муассисахо;
– таъмини амнияти объектхои муҳофизати давлатӣ ва ҳифзи шахсони муҳофизатшаванда;
– ошкор, пешгирӣ ва қатъ кардани кўшиши рахна намудани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби террористон;
-қатъ намудани ѓайриқонунӣ ба воситаи Сарҳади давлатӣ гузаронидани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, заҳрнок, радиоактивӣ ва дигар предметҳо, ки бо мақсади террористӣ истифода шуданашон мумкин аст.
Инчунин, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризмро тавассути ошкор намудан, пешгирӣ ва қатъ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, ки мақсади ғаразнок доранд, амалӣ менамояд.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти зидди террористии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, дар мавридхои зарурӣ ба мақомоти амнияти давлатӣ доир ба тайёр ва гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ кўмак мерасонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти амнияти давлатӣ ва субъектҳои дигари бар зидди терроризм мубориза баранда ҳангоми барҳамдиҳии оқибати ҳолатҳои фавқулодда амнияти зидди террористии маҳалли корҳои анҷомдиҳӣ ва садамаю барқаркуниро таъмин менамояд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм мубориза мебарад.
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм муборизаро тавассутӣ:
– иштирок дар таъмин намудани амнияти зидди террористии объектҳои муҳофизати давлатӣ ва ҳифзи шахсони муҳофизатшаванда;
– иштирок дар тайёр ва гузаронидани амалиётҳои зидди террористӣ, амалӣ менамояд.
Қайд кардан лозим аст, ки тибқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия мебошанд, ки номгўи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд[5].
Иштирок дар мубориза бар зидди терроризм аз ҷониби инҳо ба амал бароварда мешавад:
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути назорат ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки бо тартиби муқаррарӣ сабти ном шудаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гуфтушунид бо давлатҳои хориҷӣ хангоми ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналхалқи ва дар шаклхои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст;
Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қать намудани ѓайриқонунӣ аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани силоҳ лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, захрнок, радиоактивӣ ва дигар предметҳо, ки мумкин аст ба мақсадҳои террористӣ истифода шаванд, инчунин бо расондани ёрӣ ба мақомоти амнияти давлатӣ дар мубориза бар зидди фаьолияти террористии байналхалқӣ.
Мақомоти прокуратура ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм бо шартҳо ва тартиби пешбиникардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст иштирок менамоянд.
Ҳамин тариқ, таҳкими истиқлолияти давлат пеш аз ҳама ҳифзи музаффариятҳои соҳибистиқлолӣ ва ҳимояи онро дар назар дорад. Ҳамзамон соҳибистиқлолии давлат таҳкими минбаъдаро тақозо мекунад. Таҳкими истиқлолияти давлат бо чораҳои мухталифи давлатӣ дар самти пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъмин карда мешавад. Истиқлолияти давлат дар айни замон ба тақвияти истиқлолияти иқтисодӣ, энергетикӣ ва соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ниёз дорад. Истиқлолитяи давлатӣ, ҳимоя ва тахкими он бо кўшишу талош, меҳнати садоқатмандона, таҳсили мунтазам, афзун намудани сатҳи дониш, маҳорати касбӣ, миллатшиносӣ ва ватанпарастии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон баҳри ободонии кишвар ва таъмини пешрафту камолоти он ба даст меояд. Барои ҳамин, таҳкими истиқлолияти давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ва мақомотҳои давлатии он мебошад.
Адабиётҳои истифодашуда
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 (бо таѓйироту иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи 2016). Душанбе. “Шарқи Озод”, 2016.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 434; с. 2014, №11, мод. 646; Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283)
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон с.1999, №11, мод. 275; с.2005, № 3, мод.116; с.2007, №5, мод.355;с.2008, №10, мод.802; с.2012, №8, мод.816, с.2013, № 6, мод. 407; с. 2014, № 11, мод. 647, мод. 648 Қонуни ҶТ аз 25.12.15с., № 1266)
_____________________________________________________________________
[1] Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 (бо тағйироту иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи 2016). Душанбе. “Шарқи Озод”, 2016.
[2] Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 434; с. 2014, №11, мод. 646; Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283)
[3]Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон с.1999, №11, мод. 275; с.2005, № 3, мод.116; с.2007, №5, мод.355;с.2008, №10, мод.802; с.2012, №8, мод.816, с.2013, № 6, мод. 407; с. 2014, № 11, мод. 647, мод. 648 Қонуни ҶТ аз 25.12.15с., № 1266)
[4] Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон с.1999, №11, мод. 275; с.2005, № 3, мод.116; с.2007, №5, мод.355;с.2008, №10, мод.802; с.2012, №8, мод.816, с.2013, № 6, мод. 407; с. 2014, № 11, мод. 647, мод. 648 Қонуни ҶТ аз 25.12.15с., № 1266)
[5] Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон с.1999, №11, мод. 275; с.2005, № 3, мод.116; с.2007, №5, мод.355;с.2008, №10, мод.802; с.2012, №8, мод.816, с.2013, № 6, мод. 407; с. 2014, № 11, мод. 647, мод. 648 Қонуни ҶТ аз 25.12.15с., № 1266)
Ҷўраева С.