Фаъолияти назарраси Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар соли 2020


Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо иштироки намояндагони васоити ахбори умум нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан баромад намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДИС ДДТТ дар соли 2020 маълумоти муфассал дод.


Мавсуф зикр намуд, ки муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд» (ДИС ДДТТ), ки муассиси он Иттифоқи Тоҷикматлубот аст, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №59 аз 12 феврали соли 2010 таъсис дода шудааст. Бояд қайд кард, ки Донишкада моҳи сентябри соли 2017 аз аттестатсияи давлатии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, соҳиби иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ бо силсилаи АУ №0002417 аз 2 ноябри соли 2017, шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии (силсилаи ИА №000797 аз 7 июни соли 2016) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.
Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 12 кафедра дар ҳайати се факултет фаъолият менамояд. Дар асоси қарори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкада ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ ва тайёр намудани мутахассисонро дар зинаи бакалавриат, аз рўи 20 ихтисосҳо соҳиб гашт. Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ мутахассисонро дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, докторантура PhD ва зинаи таҳсилоти олии дуюм тайёр менамояд.


Директори донишкада перомуни заминаи моддию техникии донишкада маълумот дода зикр намуд, ки ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаҳои алоҳида иборатанд, ташкил карда шудааст. Дар Донишкада 750 компютерҳои фардӣ, 33 доскаҳои электронӣ, 103 проекторҳо, 80 камераҳои назоратӣ мавҷуд мебошанд.
Бахшида ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози соли нави таҳсил дар маҳаллаи Пахтакор таҷдид ва таъмири бинои нави таълимӣ ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дода мешавад.


Китобхонаи электронӣ ва муқаррарӣ, синфхонаи интернет, 4 синфхонаи лингафонӣ, 6 синфхонаҳои компютерӣ, толори фитнес бо 18 тренаҷерҳо, майдончаи варзишии волейбол, минифутбол, баскетбол ҳамеша ба донишҷўён хизмат мерасонанд. Ҳамаи синфхонаҳо, толори варзиш ва биноҳои Донишкада дар давраи сармо бо тариқи мутамарказ то ҳарорати муқарраршуда гарм карда мешавад.


Айни замон дар донишкада теъдоди профессорону омўзгорон 249 нафарро ташкил менамояд, ки аз ҳайъати умумии устодону омўзгорон 10 нафар доктори илм ва 80 нафар номзади илм мебошанд. Теъдоди умумии донишҷўён 4304 нафарро ташкил намуд, ки аз онҳо 2615 нафар дар шуъбаи рўзонаи зинаи бакалавр (аз онҳо 703 нафар духтарон), 218 нафар дар шуъбаи рўзонаи зинаи магистратура (аз онҳо 46 нафар духтарон), 816 нафар дар шуъбаи ғоибонаи зинаи бакалавр (аз онҳо 368 нафар духтарон), 632 нафар дар низоми фосилавӣ (аз онҳо 203 нафар духтарон), дар зинаи докторантура аз рўи ихтисос PhD 23 нафар (аз онҳо 3 нафар духтар) таҳсил намуда истодаанд.
Дар соли 2020 нақшаи қабули довталабон ба Донишкада, ки аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, 99,6 % иҷро гардид. Дар соли таҳсили 2019-2020 донишкадаро 650 нафар, аз ҷумла дар зинаи бакалавриат: шўъбаи рўзона – 413 нафар, шуъбаи ғоибона – 206 нафар, дар зинаи магистратура – 31 нафар ва бо дипломи аъло – 16 нафар сарбаландона хатм намуданд.
Донишкада бо зиёда аз 220 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои дуҷониба оид ба таҷрибаомўзӣ дорад, ки дар он донишҷўён ва магистрантон дар давоми таҳсил аз таҷрибаомўзӣ мегузаранд.
Аз ҷониби давлату Ҳукумат ва роҳбарияти донишкада барои дастгирии моддиву маънавии ҷавонон, хоса донишҷўёни боистеъдод пайваста таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда мешавад. Соли таҳсили 2020 – 2021 27 нафар аз ҷумла 18 нафар донишҷўён, 4 нафар магистрантон ва 5 нафар аспирантони донишкада ба гирифтани стипендияи Раиси вилояти Суғд мушарраф гардиданд. Ҳамчунин 5 нафар донишҷўёни донишкада ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд сазовор гардиданд. Соли равон 7 нафар донишҷўёни донишкада дар Ҳафтаи худидоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар вазифаҳои гуногун иштирок намуданд.


Оид ба самти корҳои илмӣ-тадқиқотии профессорону омўзгорон аз рўи мавзўи умумидонишкадавии «Рушди инноватсионӣ ва мустаҳкам намудани рақобатпазирии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар карда, Ҳошимзода Ҳ. Ҳ. зикр намуд, ки дар донишкада айни замон 23 нафар докторантон аз рўи ихтисос (PhD) ва 55 нафар унвонҷўён фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд.
Дар донишкада 2 Конференсияи байналмилалии илмӣ-методӣ дар мавзўи “Самтҳои стратегии баланд бардоштани рақобатпазирии мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ: таҷрибаи Аврупо ва масоили истифодаи он” ва “Нақши омўзиши забонҳои хориҷӣ дар рушди сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Ҳамчунин Форуми байналмилалӣ таҳти унвони “Молиёти исломӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” бо ташаббуси Донишкадаи иқтисодӣ-гуманитарии Севастополи Донишгоҳи федералии Қрим ва Интернет-конференсияи илмӣ-амалии минтақавӣ таҳти унвони “Дурнамо, муаммоҳо ва вазифаҳои молиёти исломӣ дар ш. Севастополи Федератсияи Русия” бо ташаббуси Донишкадаи иқтисодӣ-гуманитарии Севастополи Донишгоҳи федералии Қрим гузаронида шуданд. Дар назди кафедраҳо 14 маҳфили илмии донишҷўён таъсис дода шуда, 137 маърўзаи илмии устодон дар семинарҳои илмӣ-назариявӣ баррасӣ карда шудаанд.
Раёсати Донишкада барои тайёр намудани кадрҳои дорои унвони илмӣ таваҷҷўҳи аввалиндараҷа медиҳад. Аз ҷумла, 7 нафар устодони Донишкада рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд. Боз 9 нафар устодони Донишкада муҳокимаи пешакиро гузашта, барои ҳимояи рисолаи худ дар Шўрои диссертатсионӣ иҷозат гирифтаанд.
Маҷмўаи мақолоти илмӣ бахшида 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ таҳти унвони “Саразми 5500 сола – сароғози таърихи тоҷикон”, маҷмўаи мақолоти илмӣ бахшида 700-солагии Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони “Камол – устоди бузурги забон” ва мунтахаби ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ бо забони олмонӣ таҳти унвони “Дафтари ишқ” ба нашр расиданд.
Дар даври шаҳрии озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” Беҳрўз Урунов, донишҷўи соли чаҳорум, ихтисоси молия ва қарз дар бахши шоирӣ сазовори мақоми дуюм ва диплому туҳфаҳои хотиравӣ гардид. Дар олимпиадаи байналмилалии “Математикони ҷавон”, ки дар кишвари Олмон бо иштироки намояндагони 98 давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид, Алишер Ҷобиров, донишҷўи соли якум, ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон сазовори мақоми ифтихорӣ гашта, бо сертификат қадрдонӣ карда шуд.


Мавриди зикр аст, ки дар нишасти матбуотӣ намояндагони беш аз 15 васоити ахбори умум, аз ҷумла нашрияҳои “Сухани халқ”, “Омўзгор”, “Ҳақиқати Суғд”, “Согдийская правда”, “Тирози ҷаҳон”, маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” ва телевизионҳои маҳаллӣ иштирок карда, саволҳои худро перомуни амалишавии лоиҳаҳо, тағиротҳои кадрӣ, давомоти донишҷўён, рафти супоридани имтиҳонҳои хатм, вазъи молиявии донишкада, таҳсили устодону донишҷўён дар хориҷи кишвар, риояи таҳсил бо фосилаи иҷтимоӣ, фаъолият дар самти мубориза алайҳи COVID-19, вазъи пардохти маош ва баланд бардоштани моҳонаи устодон, дастгирии ятимону бепарасторон, вазъи забономўзӣ, имтиёз ба донишҷўён, таҳсил дар магистратура, робитаҳои байналмилалӣ ва ғайра пешниҳод карда, посухҳои муфассал гирифтанд.
Дар поёни нишасти матбуотӣ директори донишкада аз ҳамкории рўзноманигорон изҳори қаноатмандӣ карда, барои инъикоси воқеъбинонаи дастовардҳои донишкада ба намояндагони васоити ахбори умум арзи сипос намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *