ФАЪОЛИЯТИ ГУРУҲҲОИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ – ТАШКИЛОТИ ИҒВОГАРОНРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

      Дар раванди ҷаҳонишавӣ масоиле, ки оқибатҳои фалокатбори он танҳо марбут ба як минтақа ва ё ташвиши як давлат буд, феълан хосияти умумисайёравӣ пайдо карда, боиси нигаронии ҳамагон мегардад. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба кишварҳои олам, монанд ба маризие дар узви инсон аст, ки кулли аъзоро мутаваҷҷеҳи худ месозад. Имрӯзҳо фаъолияти терроризм тавре шакл гирифтааст, ки хурду калон метавонанд, ин амали носазоро содир кунанд. Бинобар ин дар назди кишварҳои олам ва ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифаи меҳварӣ бо роҳҳои самараноку таҳқиқшуда ҳарчӣ зудтар маҳв ва ё паст намудани сатҳи фаъолияти ин зуҳуроти даҳшатафкану нафратовар меистад.

Хар як шаҳрванди бафарҳангу худогоҳро зарур аст, ки  фаъолияти ҳамарӯзаи худро баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, пойдории ваҳдати миллӣ, муборизаи беамон алайҳи ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, аз қабили  терроризму экстремизм, ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ таассуби динӣ ва фарҳанги бегона равона созад.

Мардуми сарбаланди тоҷик аз кинаву ғараз ва нияту нақшаҳои нопоки ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ ба хубӣ огаҳӣ доранд. Хусусан, пинҳону ошкоро амал намудани хоинони миллати тоҷик ва кӯшиши ҷалби шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бо истифода аз фазои маҷозӣ ба ҳамагон маълум ва боиси нафрат гардидааст. Вале бояд фаромӯш кард, ки имрӯзҳо ҷавонон, падару модарон ва умуман миллати тоҷик аз кирдорҳои пасипардагии онҳо огоҳ шудаанд ва кӯшиш мекунанд,  ки фирефтаи чунин амалҳо нагарданд.

Аз ҷумлаи ташкилотҳои террористию экстремистӣ ҳизби наҳзати ислом ба шумор меравад, ки фаъолияти он иѓвогарию дасиса ва тӯҳмату бӯҳрон аст.

Ҳизби наҳзати исломӣ бо ҳалномаи Суди Олӣ ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф гардид.
Инчунин боз як роҳи ин ташкилоти террористӣ баста шуд, яъне 8-уми июни соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) таҳти раёсати ҷониби Арманистон баргузор гардид. Дар ҷаласа ҷонибҳо рӯйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд. Дар рӯйхати мазкур дар қатори дигар созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ», инчунин Ҳизби наҳзати ислом низ таҳти №65 ворид карда шуд.

Аллакай ба ҳамагон маълум аст, ки ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом шикаст хӯрдааст ва онҳо хиёнаткорону душманони миллатанд.

   Зарипова Гулчехра,

                                               ассистенти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи

                                                            ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *