Кафедари математекаи олӣ ва тенологияҳои инноватсионӣ
Мусаллам аст, ки яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, проблемаи глобалии терроризму экстремизм аст. Ин ҷараёни хатарзо ба худ хусусияти марзнописандӣ касб карда, кулли сайёраро водор мекунад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани зарари он андеша намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба чунин проблемаҳо бетараф буда наметавонад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол аз ҷиҳати мавқеи географии худ ва аз диди геополитикӣ дар минтақаи бархўрди манфиатҳои абарқудратро ҷойгир буда, авзои нигарокунадаи сиёсии ҷаҳон ва минтақа қарор дорад. Феълан, бо нисбатан мўътадил гардидани авзои сиёсӣ дар кишварҳои Сурия ва Ироқ, хатари дар Афғонистон маскан гирифтани қувваҳои иртиҷоии террористӣ ва ноором намудани минтақа ба назар мерасанд. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мулоқоту баромадҳояшон, аз ҷумла ва Паёми навбатиашон хеш ба Маҷлиси Олӣ сари ин нуқта истода, фикру мулоҳизот ва пешниҳодоти худро оид ба мураккабиҳои ҷаҳони муосир, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард”, васеъшавии ҷуғрофияи низоъҳо ва нооромиҳо изҳори нигаронӣ карданд. Бинобар ин, мавқеи Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон аз суханон ва таъкидҳои пайдарпайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ба хубӣ дарк намуд.
Дар иртибот ба ин мо устодону омўзгорони кафедараи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ба сокинони кишвар, алалхусус ба кулли ҷавонони ояндасози миллати хеш муроҷиат намуда, мехоҳем диққати онҳоро ба муҳимтарин масоил, ки имрўз ҷомеаро ба ташвиш овардааст ҷалб намоем.Чи хеле, ки маълум аст ба ҷомеаи кушоди мо арзишҳои бегона, таълимот ва назарияҳои ғайр бо роҳҳои ошкорою пинҳонӣ ворид гашта, ба шуур ва тафаккури аъзои ҷомеа таъсир мерасонанд. Дар ҷомеаи инсонӣ имрўз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Воқеан, терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Кўшишҳои бо ҳам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххасе дарвоқеъ ба манфиати террористон хизмат мекунад ва биноан, ин кўшишҳоро қатъиян маҳкум бояд кард.
Тибқи маълумоти коршиносони боэътимод имрўз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд, ки ҳамасола дар арсаи терроризм дар маҷмўъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф карда мешавад. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зўрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рў ба рў омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори неруву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.
Ба ақидаи аксари муҳаққиқон бахусус, сиёсатшиносону, рўзноманигорон ифротгароӣ беш аз ҳама дар самти фаъолияти динӣ дар тамоми гўшаву канори сайёра рўи кор меояд.
Сабабу решаҳои ин падидаи номатлуб дар чист ва омилу ангезишҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол посухи дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол, баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст, аз ҷумла:
-Афзудану густариши ҳисси адами итминон ба фардо, яъне ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ;
-Ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ-глобализатсия олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи ниҳоии он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид нафрат, эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад;
– Омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст – ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.
Аксари мусулмонони олам чунини мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати духўра, дурўя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Боиси таассуф аст,ки бештари онҳо бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст.Бо баробари ин набояд фаромўш кард, ки Тоҷикистон чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои нахустини худро дар солҳои 90-уми асри ХХ гузошта, пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навини асри ХХ-ХХ1 аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, хариду фурӯши силоҳ, савдои одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дучор гардид. Қайд бамаврид аст, чун имрўз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд, бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии фарзанди бузургаш, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сармеъмори сулҳ, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад. Воқеан таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ касб намуд. Сулҳу амнияти бадастовардаи Тоҷикистонро сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳон баҳои баланд додаанд.Чунончӣ, роҳбари собиқи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Кротов Михаил Иосифич зимни яке аз баромадҳояш, ки дар шаҳри Душанбе соли 2000 ба вуқўъ пайваста буд, қайд кардааст,ки «…Сулҳи бадастовардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст. Умуман дар тўли панҷоҳ соли охир он назири худро надорад. Мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои амалро мебинем…».Ва ё суханони собиқ Президенти Ҳиндустон марҳум Кочерил Раман Нараянан соли 2001 оид ба шахсияти Пешвои муаззами миллат чунин иброз дошта буд: “Моро кўшишҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Боварӣ дорем, ки ин кўшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдўсти Тоҷикистон самараи нек хоҳанд овард”.
Аз ин масъалаҳои матраҳшуда он ҳизбҳои таҳрибкор ва анчуманҳои навтаъсис, ки худро гўё “адолатпарвар”-у “наҷобахши миллат” меҳисобанд хуб мешуд андеша кунанд… Онҳо кистанд? ва кадом амалҳои некашонро халқи тоҷик медонанд. Ба ғайр аз хоҷиҳои ҳориҷиашон боз кадом ашхосон онҳоро мешиносанд?! Бо ибораи дигар иброз мекунем, ки онҳо доир ба дастовардҳои беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол ва аз суханҳои шахсиятҳои барўманди давлатҳои абаркудрати зикршуда, ки хело бо смимияти афзун нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои сазовор додаанд, бояд хулосаи зарурӣ бароварданашон ҳатмӣ аст! Набояд корашон кофтукови айби касон ва ғаразҳои сиёсию иқтисодӣ бошад. Дар иртибот ба ин, беҳуда Сайидои Насафӣ нафармудааст:
Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хўрад….
Бо назардошти чунин андешаварзӣ, фикри сареҳу равшани шахсиятҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ истиқболи ҳамаҷониба намуда, ҳамчунин тақозои онро дорем, ки бе чуни ҳизби бемояву тахрибкор ва анҷумнҳои навтаъсис ҳам муҳити сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон пок ва рукнҳои давлатдории он қоиму барпо хоҳанд истод. Алҳол Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҳаргуна хизбу анҷумнҳо ба пешниҳоду маслиҳатҳо ниёз надорад.
Пўшида нест, ки имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сазовори марзҳои худ қодир аст. Метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва инчунин ба сифати андешаи илмӣ татбиқи амалии онҳоро таъмин намуд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро бояд ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад. Зеро раванди жаьонишавц талаб менамояд, ки тамоми жомеаи жаьонц, зери як парчам баьри ислоьу бартарафсозии оыибатьои нанговари жинояткориву бадахлоыц чораьои зарурц андешанд. Ҳамин тариқ, ҷиҳати пешгирии фаъолияти гурўҳҳои ифротгаро, пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ дар сарзамини биҳиштосоямон равобити оила, мактаб, ҷамъият, муассисаҳои таълимоти касбии сатҳи гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти тарбия ва назорат ҷоннок карда, тавассути воситаҳои ахбори омма оқибатҳо ва зарари терроризму экстремизм бояд васеъ таҳлил ва дастраси мардум гарданд.
Итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.
Сармуаллими кафедраи
математекаи олӣ ва
технологияи инноватсионӣ
Ф. Мамадҷонов