Фанатизми динӣ – алайҳи инсоният

Камолов Ф.А.

Фанатизм яке аз падидаҳои номатлуби инсоният мебошад, ки баъзе гурўҳҳои мутаассиб бо ин гирифтор шуда, барои ба мақсад ва ҳадафҳои нопоки хеш расидан аз ҳар роҳу васила истифода менамоянд. Баъзан фанатизм инсонро ба ҳолате низ меорад, ки ҳатто хатогиҳои хешро дар муносибат бо дигарон дуруст ҳисобида, арзишҳои инсониро низ фаромўш мекунад.
Фанатизм одамонро ба гурўҳҳои мухталиф ҷудо шудан ва ба тафриқа андохтан сабаб мешавад.
Фанатизми динӣ-мазҳабӣ ин дар дину мазҳаб мутаассиб будан сабаб шудааст, ки инсоният дар тўли таърих ба ҷангҳои зиёди гурўҳҳо оварда расонидааст.
Таассуби динӣ сабаби қафомонии кишварҳои Аврупо то асри XVI шуда хонасўзиву кушторҳои ваҳшиёнаро ба бор овардааст.
Агар ба таърихи тоҷикон назар андўзем замони Сомониён даврае буд, ки дар он таассуби динӣ ба дараҷаи баланд рафта набуд. Аз ин рў, илм хеле тараққӣ кард ва мардуми Осиёи Миёнаву Хуросон дар аксари илмҳои пешрафта ба ҳисоб мерафтанд. Фанатизми гурўҳҳои мутаассиби динӣ боис шуд, ки ҷангҳои тўлонӣ дар кишварҳои мусалмоннишин давом ёбад ва сабаби мустамликагардонӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ дар асрҳои XVIII,XIX ва XX гардад.
Таърих шоҳид аст, ки мутаассиб ба мазҳабҳову афкори гурўҳҳои одамон будан ҳеҷ гоҳ ба тараққӣ оварда нарасонидааст. Имрўзҳо дар аксари кишварҳои мусалмоннишин терроризм реша ронда истодааст. Таассуби мазҳабиву фирқавӣ боиси ҷудошавии мардуми Афғонистон гардид, ки шаҳрвандони ин кишвар оромона зиндагӣ крада наметавонанд ва сулҳу субот дар ин сарзамин пиёда нашуда истодааст. Фанатизми динӣ-мазҳабӣ ба он оварда расонидааст, ки баъзе аз террористон таълимоти таассубонаро гирифта, дар худи кишварҳои мусалмоннишин ба одамкушї даст мезананд. Умуман куштани инсон аз нигоҳи ислом тамоман номақбул буда, аз ҷумлаи гуноҳони вазнинтарин ба ҳисоб меравад. Шахси мутаассиб ҳатто он оятҳои қуръонӣ ки дар ҳаққи инсон омадааст фаромўш карда, баҳри ҳадафҳои душманонаи худ кўшишу ғайрат менамоянд.
Илова бар ин, Қуръони карим таълим додааст, ки инсон набояд худро ба дасти хеш ба қатл расонад. Касе ки худро бо дасти ба қатл мерасонад гуноҳи вазнинтарин, ки ғазаби Худоро меорад соҳиб мешавад.
Фанатизм дар тўли асрҳо ба тариқи гурўҳҳои мутаассиб давом ёфта то замони мо расидааст. Ҷангҳои имрўзаи Ироқу Сурия, Яману Либия ва як қатор кишварҳои Африқо маҳз аз сабаби паҳн гаштани бадбинву нафрат ба ҳамдигар бо тариқи одамони мутаассиб сабаб шудааст. Миллионҳову ҳазорҳо одамон аз хонаву дар, хешу табор, кору мол маҳрум монда, дар азобу машаққат дар ҳолати гурезагӣ зиндагӣ карда истодаанд. Кишвари Урдуни араби Ҳошимия ду милион аҳолӣ дорад, аммо имрўз дар ин давлат зиёда аз нўҳ милион одамон зиндагӣ карда истодаанд, ки ҳафт милион гурезаҳо аз Сурия, Ироқ ва Фаластин мебошанд. Онҳо ягон ҳуқуқи иштирок дар корҳои давлатӣ ва на хизматӣ ва ҳатто шаҳрванди Урдун ҳисоб намешаванд ва гурезаҳои аввалин зиёда аз бист сол дар Урдун бе хонаву дари доимӣ ва на кору фаъолияти дилхоҳ дар ҳолати камбағаливу нодорӣ зиндагӣ доранд. Сабаби азоби зиндагии сатҳи пасти гурезаҳо фанатизми гурўҳҳои ҷавонони он кишварҳо шудааст. Ҷавонони мутаассиб бо фанатизми хеш бозичаи кишварҳои ғарбӣ шудаанд, бехабар аз он, ки гурўҳҳову ҳаракатҳои мухталифу ҷудоихоҳ ҳазорон хуни ҳамдигар ва одамони бегуноҳро рехта истодаанд. Тамоми боигарии кишварашон ва молу мулки падарону бобоёнашонро барои харидани яроқу аслиҳа сарф карда истодаанд. Сурия кишвари тараққикарда истода ва мардуми он кишвар осудаҳолона зиндагӣ мекарданд ва хатогии ҷавонони он кишвар боис шуд, ки мутаассибони динӣ ҷангҳои тўлониро ба миён оварданд. Ҷавонони бехабару мафкураашон маҳдуд ба баъзе афсонаҳои ғарбӣ бовар карда зидди ҳукумати хеш ҷангро оғоз арда два дар охир ҳам аз хонаву дари хеш маҳрум монданд ва ҳам Сурияро ба қаъри ҷангу хун фурў бурданд. Аз ин ҳолат истифода бурда гурўҳҳову ҳаракатҳои дигарӣ мутаассиб ба майдон омадаанд, ки онҳо ҳам бо ҳукумати Сурия ҷанг карда истодаанд ва ҳам бо худи ошўбгарон, яъне револютсионерон ҷангида хонаву дар ва замини онҳоро ба тариқи ҷангҳои ваҳшиёна аз дасти аҳолӣ кашида гирифтанд. Духтарону занҳои онҳоро ба зўрӣ гирифта, байни худ хариду фурўш карда истодаанд ва мардуми он кишвар наметавонанд, ки зану духтарони хешро бозпас бигиранд. Зеро террористон онҳоро ба зании муваққатии хеш қарор додаанд. Чунин амалҳои ваҳшиёнаро ислом ҳеҷ гоҳ таълим намедиҳад ва надодааст. Аммо ашхоси ифротгарову мутаассиб, ҷудоихову бадбини дигарон аз номи исломи муқаддас баромад карда, аз ҷумлаи хоинони дини мубини ислом маҳсуб меёбанд. Дар тобистон соли равон ин гурўҳҳои ҷудоихоҳ ақаллиятҳои муқимии дигар динҳову мазҳабҳо ва ҳатто курдҳои такҷояро аз хонаву манзили хеш рондаанд. Онҳо дар ҳаққи дигар мусалмонҳо фикр накардаанд, ки дар кишварҳои аксарияти аҳолиашон гайри мусалмон зиндагӣ ва ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
Ҷавонони имрўзаи мо набояд ба суханҳои ба эҳсосотоваранда дода шуда, аз роҳи худ ба фанатизми мазҳабӣ даст зада, ба гурўҳҳову ҳаракатҳои мухталиф шомил шаванд ва ё тарафдорӣ кунанд.
Фанатизму таассубият одамонро ба гурўҳҳову ҳаракатҳои бадхоҳ оварда мерасонад, ки оқибати он хеле арда  харобовар аст.
Тоҷикистон бо кишварҳои мухталиф робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва сиёсӣ арда дв ҳазорҳо аҳолии кишвар давлатҳои мухталиф аз ҷумла Русия муҳоҷирати меҳнатӣ намудаанд. Агар ҳар яки мо таҳаммулпазиру муносибатсоз нагардем ва монанди баъзе аз ҷавони роҳгумзада қадам гузорему мутаассиб шавем ва ба гурўҳҳову ҳаракатҳои мазҳабӣ тақсим шавем ва нафрату бадбиниро байни худ ифшо намоем ҳеҷгоҳ давлати мутараққӣ шуда наметавонем.
Фанатизми мазҳабиву гурўҳи ҳеҷ гоҳ тинҷиву амониро кафолат намедиҳад.
Эрон ҳамчун кишвари мазҳабгаро дар љангҳои ховари наздик ширкат варзида истодааст, ки маҳз бо тариқи фанатикҳои мазҳабгаро таъсири Эрон амалї мегарданд. Набояд фаромўш кард, ки давлати Эрон бар зидди давлати мо низ нақшаҳои душманона доштааст ва мо шоҳиди он гаштем, ки чи тавр ин давлат ба тариқи киллерҳои мутаассиб, ки аъзоёни гурўҳи террористии ҲНИТ будаанд, бисёр инсонҳоро ба қатл расониданд.
Ҳамроҳу ҳамфикр шудан ба гурўҳҳову ҳаракатҳои мутаассиб пушаймониву харобоварӣ меорад. Таассуби гурўҳӣ ҳам аз нуқтаи назари қонунҳо ба вазнинтарин гуноҳҳо оварда мерасонад.
Умед дар он аст, ки мардуми меҳнаткаши мо ин сатрҳоро мехонанд ва навиштаҳои моро ба таври дуруст дарк намуда, хулосаҳои заруриро ба худ мебароранд ва м н ҳамчун шаҳрванди ин кишвар умеди онро дорам, ки доимо дар кишвари азизамон сулҳу субот бошад ва сарзамини мо аз ҷумлаи кишварҳои мутараққӣ шинохта шуда, зиндагии мардум бозҳам беҳтару хубтар гардад ва тамоми кишварҳои дунё мамлакати моро ҳамчун давлати соҳиби тамаддун, мардуми маданияти баланддошта ва равшанфикру бозаковат шиносанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *