Эътироф шудани ТТЭ ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ.

 

Маъмулан ҳар як аҳзоб дар доираи ақидаи сиёсии тарафдорону ҳаводоронаш таъсис ва фаъолият менамояд. ҲНИ баъди инқилоби нокоми соли 2015, ки як муддат бо роҳи сохтакорию ақидаҳои бегонапарастӣ қишри муайяни аҳолии ҷомеаи моро тарафи худ майл сохт, имрўз бо рўи шармсор дар Аврупо зери таъсиру дастгирии хоҷагони хориҷиааш мехоҳад ба арсаи сиёсат дубора  баргардад. Аниқтараш ТЭТ ҲНИ бо роҳи гумроҳ сохтани иштирокчиёни конфронс дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз худ дар ҷомеа бо роҳи ба даст овардани  нуфузи сиёсӣ дар ҳоли  бузургманишист.

Баъди ронда шудани ТТЭ ҲНИ аз доираи сиёсии давлатҳои Эрону Туркия имрўз  садорати ин ҳизби террористӣ дар Аврупо худро ба оғўши САҲА партофта, ба роҳ андохтани хабару наворҳои яктарафа омодагардида аз ҷониби «шоҳреҳи сиёсӣ» Муҳаммадиқболи Садриддин ба ақидаи омўхташудаи «як камону ду тир» амал менамояд. Ин ҳизби террористӣ аз як ҷониб мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шинохташ  камрангу бетаъсир нишон додан хоста, ҳамзамон кўшиш менамояд, ки дар зеҳни мардум, хусусан мардуми Аврупо Тоҷикистонро ҳамчун давлати ба сиёсати САҲА мухолифатдошта муаррифӣ созад. Дар баробари ин, бозтоби манфии назарҳо дар шинохти ҳизби наҳзати исломро дар назди САҲА бо хабару наворҳои дур аз воқеият дар зеҳни бинандаю шунаванда таблиғ намуда, худро рўёрўи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун  «мусичаи бегуноҳ»-у  «қурбонии сиёсӣ» муаррифӣ кардан мехоҳад.

Аз ҳоли ҳозир назари танқидии худро дар конфронси қарибулвуқуи САҲА дар шаҳри Варшава  пойтахти  Лаҳистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ  мунташир сохта ин ҳизби иртиҷоӣ  даст ба қаҳрамонтарошии худу ҳаводоронаш зада истодааст. Ба гунае, ки соли 2018 дар конфорнси САҲА фурўхташудаю худгумкардае бо номи Сулаймон Орзуев барои  «қаҳрамон» шудан худро дар назди намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  партофт  ва  подоши  «рафтор ва одоб»-и  худро низ гирифта буд.

Айни ҳол  низ дар ростои   конфронси САҲА, ки  рўзҳои 16 то 19-уми сентябри соли равон дар назар аст, ТЭТ ҲНИ  бо роҳбари гурезааш Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаводорони сарсахташ муборизаҳои фейкиро дар расонаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, мехоҳанд, ки бо баромадҳои «пурмуҳтавою» ширкати фаъолона «шуру шаъф»-и машваратро бароранд.

Бо ақидаи солим дигар ҳизби террористии наҳзати ислом «шуру шаъф»,  тарсу ваҳшат надорад ва касе аз  Муҳиддин Кабирию Муҳаммадиқболи Садриддин ва  якчанд шахси бо ном «сиёсатмадори урупоӣ» наметарсад.  Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қавоини байналмилалӣ дар конфронси САҲА  иштирок ва суханронӣ  мекунад ва ба ақидаи зеҳнии наҳзатии  «мардак барин» ба ҳар як саволи садорати конфронсу террористони ҳизби наҳзати ислом собитқадамона ҷавоб хоҳанд гуфт.

Воқеан ҳар нафаре, ки нисбати назари сиёсии ҳизби наҳзати ислом бардошти манфие дошта бошад, аз ҷониби «гурўҳҳои фейкӣ»-и наҳзатӣ корманди  амниятӣ муаррифӣ мешавад. Метавон ёдрас шуд, ки  шаҳрвандони мо низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи кунунӣ ҳуқуқи баромад ва дастгирии сиёсати  имрўзаи давлат ва ҳукуматро доранд.  Дар доираи ақидаи пучу бемаънӣ иродаи сиёсию ҷамъиятии аҳолиро ба ҳар як хадамоту ташкилот марбут донистан аз заъфи сиёсии ҳизби наҳзати ислом ва ноустувории фаъолияти гурўҳҳои таблиғотии ин ҳизби террористӣ дарак медиҳад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин бадномсозӣ ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро  ҳаргиз дигар карда наметавонад.

Қосимов Амонҷон

Илҳомҷонович,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *