ЭМКУНӢ – ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

Яке аз бузургтарин кашфиёти илми тиб ин эмкунӣ (ваксинатсия, иммунизатсия) мебошад. Ба шарофати амалӣ намудани муваффақиятҳои ин кашфиёт инсоният аз даҳшатҳои эпидемияи вабо, сил, тоун, домана, табларза (вараҷа), гулӯзиндонак, махав, сулфаи кабутак, кузоз (дарди шахак), полиомиелит (фалаҷ), сурхча, варами ғадуди паси гӯш, сурхакон, нағзаки сиёҳ, ҳорӣ, грипп, эбола ва дигар касалиҳои сироятӣ эмин мондааст.
Иммунизатсия ин амалӣ намудани иммунитети сунъӣ ба муқобили касалӣ мебошад. Иммунитет (масуният) ин муқобилияти организм ба ангезандаи касалӣ мебошад. Ангезандаи касалиҳо бактерияҳо ва вирусҳо мебошанд. Бактерия ё микроб организмҳои мустақили якҳуҷайрагӣ мебошанд. Андозаашон ҳамчени гарду чанг буда, ҳамроҳи гарду чанг паҳн мешаванд. Аз ин сабаб тозагии муҳити зист аз гарду чанг шарти муҳимтарини нигоҳдории беҳдошти ҳаёт мебошад. Андозаи вирус назар ба бактерия 200-300 маротиба хурдтар буда, организми мустақил нест. Вай фақат дар дохили ҳуҷайра, аз ҳисоби ҳуҷайра зиндагӣ мекунад.
Шахсони ба ягон касалии сироятӣ гирифтор ва сиҳат шуда ба муқобили ин касалӣ ба шарофати антиҷисм иммунитет доранд. Иммунизатсияи ғайрифаъол ин гузаронидани хунобаи антиҷисм дошта ба организм мебошад. Масалан, собиқ президенти ИМА Доналд Трамп барои пешгирии касалии Ковид 19 қариб як сол пеш аз пайдоиши ваксина хунобаи античисмдорро бо сӯзандору қабул намуд.
Иммунизатсияи фаъол ин ваксинатсияи организм бо микроорганизмҳои мурда ё сустгашта мебошад, ки бо ин роҳ худи организм ба муқобили касалӣ антиҷисм ҳосил карда, дорои иммунитети устувор мегардад.
Дар соли 1796 духтури англис Э. Ҷеннер аввалин усули ваксинатсияро дар ҷисми кӯдак ба муқобили касалии нағзак истифода бурд. Дар соли 1880 олими фаронсавӣ Л. Пастер усули нимҷонкунии (бехавфкунии) микроорганизмҳоро пешниҳод намуда, ба муқобили касалии ҳорӣ бомуваффақият ваксинатсия гузаронд. Пас аз ин кашфиётҳо давраи нави эмкунии оммавии аҳолӣ барои пешгирии касалиҳои сироятӣ сар шуд, ки онро ба се марҳила ҷудо мекунанд.
Марҳилаи якум солҳои 1890-1950–ро дар бар гирифта, технологияи сабзонидани бактерияҳо коркард шуда, эмкунии оммавии касалиҳои бактериявӣ ба муқобили касалиҳои сил, гулӯзиндонак, сулфаи кабутак, кузоз, (дарди шахак) ва ғайра ҷорӣ гардид.
Марҳилаи дуюм солҳои 1950-1970 мебошад, ки дар он технологияи сабзонидани вирусҳо дар бофтаи организм коркард шуд. Барои ихтироъ ва коркарди ин технология дар соли 1949 ба олимони амрикоӣ Ҷ. Эндерс, Т. Веллер ва Ф. Роббинс мукофоти Нобелӣ доданд. Дар ин марҳила эмкунӣ бар муқобили касалиҳои фалаҷ, сурхча, нағзак ва вараҷаи зард ва ғайра сар шуд.
Марҳилаи сеюм аз соли 1970 то замони ҳозираро дар бар мегирад. Дар ин давра дар натиҷаи муваффақиятҳо дар соҳаи биологияи молекулавӣ ва коркарди технологияҳои нав ваксинаҳои тамоман нав ҳосил карда шуданд. Ба онҳо ваксинаҳои рекомбинантӣ (дар тани хамиртуруш ҷой додани антиҷисм) ба муқобили гепатити В, синтезӣ ҳосилшуда ба муқобили грипп, сплит-ваксина ба муқобили грипп (бо якчанд антиҷисмҳо дар як тана), ба муқобили инфексияи гемофилӣ (касалии музмини узвҳои нафас), инфексияи менингококӣ (касалии майнаи сар), ваксинаи ситомегаловирусӣ (такроран касал шудан), ДНК-ваксинаҳо ва ғайра. Масалан, олими рус Н.Ф. Гамалей ба муқобили ҳори вирусӣ ваксина сохт. Директори институти ба номи Гамалей Александр Гинзбург аввалин ваксинаҳои синтезиро ба муқобили эбола ва Ковид 19 Спутник V баровард. Яъне дар ваксинаи Спутник V худи вирус набуда, сохтори ба он монанди синтезӣ мебошад, ки организми мо ҳамчун вируси ҳақиқӣ дониста, бо он мубориза мебарад. Ва он дар ҳолати суст будани иммунитет ҳеҷ гоҳ мисли вируси ҳақиқӣ ба ҷисми одам таъсир намекунад.
Дар миқёси ҷаҳонӣ аз миёнаҳои асри ХХ эмкунии оммавӣ сар шуд, ки аз он ҳаёти миллионҳо нафар одамон аз хатар эмин гаштанд. Акнун мувофиқи тақвими махсус эмкунии аҳолӣ ва хусусан кӯдакон гузаронида мешавад. Дар натиҷаи ваксинатсияи оммавӣ касалиҳои нағзак ва полиемиелит пурра барҳам дода шуда, касалиҳои сурхак, паротит (варами ғадудҳо) хеле кам шудааст. Дар айни замон масъалаҳои ваксинатсияи касалиҳои вирусии грип, гепатит, ковид ва ғайра дар ҷои аввал меистанд.
Мақсади пешгирии иммунитетӣ ин ба амал овардани иммунитети коллективӣ ва инфиродии шаҳрвандон ба муқобили сироят мебошад. Мувофиқи тақвими пешгирии касалиҳо эмкунӣ бар зидди 9 касалиҳо ҳатмӣ мебошад. Кӯдакон то 12 моҳагӣ 6 бор ва то 6 солагӣ 10-12 маротиба эм мегиранд. Инчунин эмкунии интихобӣ аз дигар бемориҳои сироятӣ низ гузаронида мешавад.
Бояд қайд намуд, ки бар муқобили баъзе касалиҳо ҳоло дору вуҷуд надорад ва эмкунӣ ягона роҳи халосӣ аст. Масалан касалии Ковид 19 дору надорад ва он доруҳое, ки духтурон тавсия медиҳанд ё истифода мебаранд фақат барои беҳтар гаштани ҳолати вазнини бемор кӯмак мерасонад. Аз дигар тараф ба туфайли эмкунӣ инсоният аз эпидемияи касалиҳои зиёди сироятӣ эмин гардид. То асри ХIХ аксарияти аҳолӣ аз бемориҳои сироятӣ нобуд мешуданд ва ба шарофати эмкунӣ миқдори аҳолии ҷаҳон якбора афзуд.
Аз таърих медонем, ки бар муқобили эпидемия заҳрдоруҳои зиёде пошида мешуд, доруҳои зиёд истеҳсол ва истеъмол мегардид.Ёд дорем, дар соли 2020 дар замони эпидемияи Ковид 19 ба кӯчаҳои шаҳрҳо, биноҳо, дохили манзилу корхонаҳо заҳрдоруи зиёд пошида мешуд, антисептикҳои зиёди оммавӣ ва фардӣ, ниқобҳои ҳархела истифода мешуд. Беморхонаҳо пури беморон, муассисаҳои тандурустӣ вазифаи аслии худашонро монда, ба паст кардани шиддати пандемия овора буданд. Ҳамаи ин зарари калони иқтисодӣ ва экологӣ дорад. Дар ИМА дар марҳилаи пуршиддати пандемияи соли 2020 ба ҷои риоя намудани қоидаҳои карантин ба муқобили роҳбарияти кишвар митингҳо ташкил намуданд. Дар натиҷа шумораи фавтидагон аз ин беморӣ қариб ба миллионҳо нафар расидааст. Президенти Бразилия эълон намуда буд, ки ин пандемия монанди грип камасар мешавад. Лекин дар муддати кӯтоҳ зиёда аз ним миллион шаҳрвандон ҳалок шуданд. Дар замони пуршиддати пандемияи порсола дар ИМА, Бразилия, Италия мурдаҳо бе соҳиб монда, қабристонҳои оммавӣ ташкил карда шуд, ки ба он ҷо ҳоло ҳам мардум рафта наметавонанд. Ин пандемия ба бӯҳрони шадиди иқтисодии ҷаҳонӣ овард.
Дар замони ҳозира барои касалии Ковид 19 ваксинаҳои гуногун тайёр шудааст. Ваксинаи Спутник V аз Маркази миллии тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Н.Ф. Гамалей бо самаранокии 91,6 фоиз аввалин ваксинаи тайёршуда, КовиВак аз Маркази омӯзишии ба номи М.П.Чумакова зиёда аз 90 фоиз, Вектор «ЭпиВакКорона» аз Маркази давлатии илмии вирусология ва биотехнологияи “Вектор”-и Роспотребнадзор 95,8 фоиз, AstraZeneca «AZD1222», ширкати фармасевтии AstraZeneca Британияи Кабир 70 фоиз, Pfizer и BioNTech «BNT162b2» ИМА, Германия зиёда аз 95 фоиз, Moderna «mRNA-1273» ИМА 94,1 фоиз, Sinovac Biotech «CoronaVac» Хитой 78 фоиз, ваксинаи Вектории «Спутник Лайт» 79,4 фоиз самаранокӣ дорад.
Ба шарофати эмкунӣ акнун ин мусибатҳо паси сар шуданаш мумкин аст, ба шарте ки иммунитети коллективӣ на кам аз 80 фоизи аҳолиро дар бар гирад. Акнун вақти он омадааст, ки ҳар як шаҳрванд бошуурона ба маъракаи эмкунии оммавӣ иштирок намоянд. Ба ҳар овозаҳои бардурӯғ бовар карда, ба гузаронидани чунин маъракаи муҳими ҷамъиятӣ муқобилият нишон надиҳанд. Масалан дар кишвари Исроил ҳоло зиёда аз 92 фоизи аҳолӣ ваксинаи Ковид 19-ро гирифтаанд ва беморхонаҳо аз чунин беморон тамоман холӣ шудааст. Дар Федератсияи Россия бошад ҳоло 49 фоизи аҳолӣ ваксина гирифтаанд ва эпидемияи тирамоҳи 2021 чунин шадид гардид, ки миқдори беморон ҳар шабонарӯз қариб 40 ҳазор ва фавтидагон зиёда аз 1200 ва фавтидагони умумӣ қариб 260 ҳазор нафар шудааст, ки чунин нишондиҳанда дар давраи мудҳиштарини беваксинаи порсола набуд. Беморхонаҳои ин кишвар пури беморон буда, кати холӣ надоранд. Фақат рӯзҳои дамгирӣ эълон шудани ҳафтаи аввали моҳи ноябр шиддати пандемияро пасттар намуд. Дар кишвари Хитой бошад, режими сахти карантини порсола имкон дод, ки ин беморӣ дар муддати 2 моҳ барҳам дода шавад. Иқтисодиёти ин кишвар ҳоло пешқадамтарин дар ҷаҳон мебошад. Аз ин далелҳои овардашуда ба хулоса омадан мумкин аст, ки воситаи арзонтарин ва бехавфтарини мубориза бар зидди пандемияи бемориҳои сироятӣ ин эмкунии оммавӣ мебошад. Ба шарофати эмкунии оммавӣ инсоният аз касалиҳои хеле хавфноки вабо, сил, нағзак, махав ва ғайра раҳоӣ ёфт.
Дар интиҳои андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, иброз медорем, ки ягона роҳи наҷот аз пешгирии бемориҳои сироятӣ эмкунӣ аст!

Иброгимов И.И.,
дотсенти кафедраи математикаи олӣ
ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *