Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир баъзе ҳизбу созмонҳои ғайриқонунӣ,алалхусус ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи 24 ҷанги иттилоотиро пешаи кории худ намудаанд, ки ин ҳам ба зеҳну тафаккури ҷавонон таъсири манфӣ расонида метавонад. Агар ба гурўҳҳои мазкур назар андозем, онҳо дар шабакаҳои интернетӣ сайту барномаҳои ифротии худро доранд, ки тавассути чунин воситаҳо ба сохтори сиёсии давлати мо дахолат намуда, кушиш менамоянд,ки ваъзи кунунии кишварамонро ноором созанд.
Воқеан раванди сиёсии ҷаҳони муосир собит месозад, ки давлатҳои муайян барои манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологии худ, бо ҳар роҳу восита ва шиору ваъдаҳои дурӯғ мехоҳанд ба мардуми кишварҳои дигар ҳукумат намоянд. Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди воқеаҳои дашатноку фоҷеаовар дар як қатор кишварҳои олам ҳастем, ки маслан дар Афғонистон бар асари рақобатҳои шаддид қурбони манфиатҳои геополитикӣ гаштаанд. Хусусан, дар ин кишвар ба мисоли ДИИШ ,ки натанҳо дар қаламравикишвари ҳамсоя амалҳои террористӣ содир менамоянд, инчунин баробари дигар пайравони гурўҳҳои экстремистию террористӣ тавассути иттиллоот низ ба мафкураи мардум такя намуда, онҳоро бар зидди давлат, аз ҷумла Осиёи Марказӣ омодаи ҷанг менамоянд. Бояд қайд кард, ки дар шароити кунунӣ иттилоот ва ҷанги иттилоотӣ хеле маъмул гардида, гурўҳҳои манфиатдор тавассути он ҳадафҳои худро амалӣ мегардонанд. Айни замон олимону муҳаққиқони соҳаҳои мухталиф моҳияти падидаи мазкурро ба воситаи мафҳумҳои гуногун ифода менамоянд. Аз ҷумла, “кибертерроризм”, “киберэкстремизм”, “терроризми иттилоотӣ”, «терроризми компютерӣ», «терроризми виртуалӣ», «ҳуҷумҳои иттилоотӣ», «ҳуҷумҳои кибертеррористӣ», «амалҳои кибертеррористӣ» ва ғ. ба онҳо мисол шуда метавонанд.
Воқеан таҳлили адабиёти илмӣ нишон медиҳад, ки кибертерроризм бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии замони муосир бо роҳи таъсиррасонӣ намудан ба шуур ва афкори одамон рафтори онҳоро тағйир медиҳад ва кӯшиш менамояд, ки муносибати байни давлат ва ҷомеаро хароб созад. Киберэкстремистон бошад ба воситаи паҳн намудани иттилооти иғвоангез ва бардурӯғ дар шуури ҷамъиятӣ ҳисси нобовариро ба вуҷуд оварда, пояҳои ҳокимияти давлатиро ноустувор мегардонанд. Бинобар ин, мубориза бо киберэкстремизм бештар характери иҷтимоию сиёсӣ дошта, ба воситаи тарғиботу ташвиқот, корҳои маърифатию идеологӣ ва аз ҳама муҳим, бо роҳи ба вуҷуд овардани шароити арзандаи кору фаъолият амалӣ карда мешавад.
Дарвоқеъ, экстремизми иттилоотӣ яке аз таҳдидҳои асосии ҷаҳони муосир буда, бештар ба қишри фаъоли ҷомеа – ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Барои пешгирии ин падидаи номатлуб бояд як қатор корҳои фаҳмондадиҳӣ, ба роҳ монда шуда, ташаккули фарҳанги сиёсию ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии афроди ҷомеа ба назар гирифта шаванд.
Бояд қайд кард, ки яке аз роҳҳои истодагарӣ бар зидди ҷанги иттилоотӣ ин нигоҳдории ҳуввият ва анъанаҳои миллӣ мебошад. Маҳз ҳувияти миллӣ метавонад барои истодагарӣ алайҳи ҳама гуна таҳдидҳо дар шароити глобализатсионӣ бошад. Бинобар ин ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастию доми фиреби манфиатдорон пешгирӣ намуд. Ҳамаи моро мебояд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишварамон вақт ва заҳмати худро дареғ надорем. Зеро ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод ифтихор ва сармояи хушбахтиву саодатмандии ҷомеа мебошанд.
М.АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ