Эҳтиёткор бошем, фориғболӣ нашояд!

Дар айни маврид дар ҷумҳуриамон дар қатори давлатҳои ҷаҳонӣ вируси сирояткунандаи COVID 19 паҳн шудааст, ки ин низ яке аз мушкилиҳои хавотир овар мебошад. Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин вируси сирояткунанда ва ҳифзи саломатии мардум амалҳо ва чораҳои заруриро ба анҷом расонида истодаанд. Давлати ҳамсояи Тоҷикистон Ӯзбекистон низ аз ин бемории сироятӣ берун намондааст. Ин давлатҳои ҳамсояю бародар барои пешгирӣ ва дафъи ин беморӣ ба як дигар кӯмак расонида, ҳамеша боҳамдигар мебошанд

Ассистент Ҳомидова М.К.

Бемории короновирус Covid-19 ин бемории сирояткунанда ва зуд паҳншаванда мебошад, мо бояд худро аз ин беморӣ эмин нигоҳ дорем, яъне ба тозагӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳем.

н.и.ҳ.,дотсент Ҳусаинова Ш.М.

Бемориии короновирус яъне Covid-19- ро вабои аср гӯемам хато намекунем, ин чунин бемори аст, ки аз қатраи оби даҳон, бинӣ, сулфаву атсазанӣ мегузарад, роҳӣ аз ин касалӣ худро эҳтиёт намудан ин дар хона нишастан аст. Дар хона бимонед!

Н.и.и.,дотсент Джураева С.С.

 

Ба мардуми шарифи ватани азизам мурочиат намуда гуфтаниям, ки мо имруз бояд ба ягон вахму вохима наафтем, ба гапхои беасос бовар накунем, акли  худро кор фармоем ва бо хамин рох камтар бошад хам сахми худро бахри пешгирии ин вабои аср гузорем.

 

Муаллимаи калон Набиева М.А.

Бемориии короновирус яъне Covid-19 вабои аср буда роҳҳои пешгирии ин беморӣ риояи оддитарини қоидаҳои беҳдошти саломатӣ мебошад. Ваксина зидди ин беморӣ то ҳол коркард нашудааст, аммо табобати ин беморӣ бо маводҳои доруворӣ имконпазир аст ва ҳолатҳои табобати пурраи беморон низ қайд гардида истодааст. Аз ин лиҳоз, босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошем.

Ассистент Ҳусаинова М.К.

Аз Covid-19 ки вабои аср аст эҳтиёт бояд шуд, то ба чашм, бинӣ, даҳон ва рӯямон даст назанем, зеро вирус худ ба худ аз сатҳи рӯй ба роҳи нафаси мо дохил намешавад. Вай ба миёнарав, яъне дастҳоямон ниёз дорад ва аз ин рӯ, бояд кушиш ба харҷ дод, то бо дастони худ ашъёи атрофро камтар даст расонем.Ба воҳима наафтем, вале боз ҳам тамоми чораҳои эҳтиётиро биандешему ба кор андозем. Саломат бошем!

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *